Бонувони Озорбойҷон аз ҳамсари президент дархости кӯмак шудаанд. Раиси Шӯрои бонувони Ҳизби исломии Озарбойҷон Нуроста Иброҳимова бо эътироз бо бархӯрди масъулин дар қиболи ҳиҷоб ва ё рӯсарии духтарони мактабхон дар ин бора ба хабаргузориҳо маълумот додааст.
Ӯ ҳамчунин гуфт, новобаст аз он ки толибилмони ҳиҷобдор чанд моҳи охир аз тадрис берунанд, барои аз байн бурдани ин мушкил масъулин иқдоме накардаанд. Мо медонем, ки ниҳодҳои ҳукуматӣ ҳамаҷониба пӯшидани ҳиҷобро дар ҷомеа мамнӯъ карданианд. "Ҳиҷоб - ин дастури Худост. Бонувони озарӣ ҳаққи худро барои иҷрои ӯҳдадориҳои диниашон тақозо мекунанд. Аммо бо вуҷуди чунин бархӯрди ҳукуматдорон мо умедворем, ки президент Илҳом Алиев ва ҳамсараш Меҳрубон Алиева ба рои ҳалли ин қазия талош хоҳанд кард»- иброз дошт Нуроста Иброҳимова. Ёдовар мешавем, ки бар асар як ҳамойиш барои ҳимоя аз ҳаққи бонувони озарӣ дар мавриди пӯшидани ҳиҷоб дар назди бинои вазорати маорифи ин кишвар бархӯрд миёни мардум ва пулис ба амал омада, ҳамчунин муовини раиси порлумони ин кишвар Баҳор Муродова аз ҳаққи мардум дар мавриди анҷоми амалҳои мазҳабӣ ва доштани либоси мусулмонӣ пуштибонӣ карда буд.
Мӯҳр