Бахшҳо

Изҳороти Юсуф Қарзовӣ алайҳи “Хилофати исломӣ”-и Абӯбакр Бағдодӣ

Иттиҳоди ҷаҳонии уламои Ислом бо нашри изҳороте таъсиси “Хилофати исломӣ” бо раҳбарии Абӯбакр Бағдодӣ, пешвои гуруҳи “Давлати исломӣ дар Ироқу Шом” (ДИИШ)-ро маҳкум кард. Дар изҳороти ин иттиҳод, ки зери имзои Юсуф Қарзовӣ, олими шинохтаи суннӣ ва раҳбари он дастраси ВАО гардид, таъкид шудааст, ин “Хилофати исломӣ” зидди меъёрҳои шариати Ислом буда, аз нафъи он зарараш ба пайравони ин дин бештар аст.”

Иттиҳоди ҷаҳонии уламои исломӣ гуфтааст, “аввалин изҳороти ДИИШ, ки дар онҳо ҷонибдорӣ аз мардуми сунни мазҳаб ва сокинони азиятдидаи Ироқ мешуду ба як хезиши мардуми норозӣ монанд буд, моро хушҳол гардониду аз он истиқбол ҳам кардем, вале дере нагузашта бо ташкил шудани “Хилофати исломӣ”-и аз сӯи ин гуруҳ, умеду орзуҳои мо ба руъё пайваст.”

Иттиҳоди мазкур гуфтааст, ҳар чанд ташкили “Хилофати исломӣ” орзуи ҳар як фарди мусулмон аст, вале дини мубини Ислом ва мактаби зиндагӣ мегӯяд, “барои таъсиси он бояд хуб фикр карду зиёд омодагӣ дид.” “Халифаи мусулмонҳо бояд аз сӯи тамоми пайравони ин дин ё намояндаи онҳо, аз қабили ходимони дину донишмандон ва ҷамъиятҳои исломӣ интихоб шавад. Аммо ин ки як гуруҳ имрӯз халифаро интихоб мекунаду аз ташкили хилофати исломӣ хабар медиҳад, зидди тамоми меъёрҳои шаръӣ аст.”

Давлати исломии Ироқ ва Шом созмони мусаллаҳи мавсуф ба террористӣ аст, ки зери ақидаи Салафияи ҷиҳодӣ фаъолият карда, ҳадафи аъзои он гӯиё ташкили Хилофати исломӣ дар ин минтақа ва татбиқи шариати дини Ислом аст. Он беш аз 15 ҳазор ҷанговар дошта, раҳбари он Абӯбакр Бағдодӣ мебошад.

Ахиран Бағдодӣ дар пайи ҳамлаҳои зиёди мусаллаҳонаи ҷангҷӯёнаш, ки мунҷар ба забти қаламравҳои бузурги минтақаҳои суннишини Ироқу Сурия то кунун гардид, рӯзи аввали моҳи Рамазон аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дода, худро халифаи мусулмонон эълон кардааст. Ба гуфтаи ҷангҷӯёни ДИИШ, онҳо то ҳол шаҳрҳои Мавсил ва Тикрити Ироқро таҳти тасарруфи худ қарор дода, ҷанговарони он қасди ғасби Бағдодро доранд. Инчунин контроли гузаргоҳи аслии марзии миёни Ироқ ва Сурияро дар ихтиёр дошта, шаҳри Абӯ Камоли Сурия, ҳаммарзи Ироқро низ ғазб кардаанд.
Мӯҳр
АнтиХИЛОФ
Офарин ба Юсуф Қарзовӣ. Ана ёфт шуд байни суннимазхабо муллое, ки тафаккур ронда метавонистааст. Ба Ришу саллаи Абубакри Багдоди- бе доштани КАЛЛА ,Оё давлат ташкил карда мешавад ?

Коршинос
Мо дигар дар асри 7-8 нестем,ки арабхо бо халифахояшон истисморамон кунанд.Мо дигар дар асри 15 нестем.ки туркхо бо хилофати туркии усмони фиребамон кунанд.Мо дар асри 21 зиндаги мекунем ва иншоллох пеш аз насрони ва чинихо ба Миррих парвоз хохем кард.Барои уммати исломи имруз тахкику фановари лозим аст на чунин амалхои бехуда!Як Исроилча 350 миллион арабро давонда гаштааст.Хайфатон бод эй мардуми араби бефахм!

SHAKHS
Ba Korshinos: tu bo in navshtaat ba khokshinos monandi aniktarash hokro ham namedoni, va bad in dini arabho nest in dini tamomi musalmononi rui olam ast agr tu boshi az tu niz ast. Ammo agar Abubakr bo hilofatash ham rost boshad ham inro hudo medond lekin Karzovi uro e,tirof namekunad zero u niz misli digar olimoni islom zeri fishor va nazorat karor dorad, digarash ba Hudo ma,lum.

SHAKHS lekin tu hudat ganda basavod buded tu dina chi medoni shariat chist! Agar tahti fishor garor doshta doshan harf nazanan u barodar ki chize guft hag guft u arabo sargardonan kati pulu molshon au pushti evreho

ЭЙ ВАРОДАР ЧИ ГУЯМ МУТАСИФОНА МУСАЛМОН ХАСТИВУ БА МУСАЛМОНБУДАНАТ ДАЛЕЛ НАДОРИ ЧУНКИ ИЛМИ ИСЛОМИ НАДОРИ ВА АКИДААТ ДЕМОКРАТИ МЕБОШАД ДАР ХОЛЕ, КИ ДЕМОКРАТИЯ ШИРК АСТ. ХАЙР ТУ ШИРКРО ЧИ МЕДОНИ? БАРОДАР АЗ МАН ЯК НАСИХАТ ТУ МУСАЛМОН БОШИ КАМЕ БИХОН ТО БИДОНИ ИСЛОМ ЧИСТ ВА ЧИ КАНСТИТУЦЯ (САРКОНУН) ДОРАД ХУДО ХИДОЯТАМОН КУНАД.

Ягон рафтору амалашон ба чиход ва дастгирии мусулмонон монанд нест. Хазор ахсан ба Юсуф Карзови, ки аз ин зархаридони кишвархои гарбию амрикои дастгири накардааст. Ин даъвогарони давлати Исломи бедодгар ва золиму бадномкунандагони Исломанд. Оромии кишвархоро бар бод дода, хуни хазорон кудакону занони бегунохро рехта, хазорон нафарро бехонаву дар карда, аз номи Ислом харф задан чуз бадномкунии Ислом чизи дигар нест . Марг бар ин даъвогарони Хилофат

fireftai Юсуф Карзови va digar olimoni be amal naboshed xudi Юсуф Карзови misli hizbi nhzati tojikon ast (ixvoni)dar Qatar zindagi mekunad va kalontarin baze amerikansho meboshad va ina xub medonad Юсуф Карзови lokin ek dahon gap namezanad !!!!!!!!!!!!!! Абубакри Багдоди boshad az mazlumoni iroq va suriya dufo mekunad in ganda budastu Юсуф Қарзовӣ dar tahti armiya amerikansho zindagi mekunad xub budast !!!!!!! hamash prapaganda ast u axborhoe druga tamosho nakuned aqlotona gipnoz mekunand ba drugshon, agar 1 gapi druga 10 bishnavi aqlat osta osat hamona qabul mekunad.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)