Бахшҳо

Сайфулло Сафаров дар бораи "мансабхарӣ”, Александр Содиқов ва Сурия

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, гузориши дафтари иқтисодии сафорати Амрико дар бораи “мансабхарӣ”-ро дахолат ба корҳои дохилии кишвар номид. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, иддаои сафорат дар бораи ба як кори маъмулӣ табдил шудани мансабхарӣ дар Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад.

Ҷаноби Сафаров, ки дар нишасти хабарии 7 июл дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, “агар чунин дахолати сафорати кишварҳои хориҷӣ ба умури дохилӣ бештар шавад, ба бесуботӣ оварда хоҳад расонд”. Дар ин замина ӯ аз “бинӣ халондан”-и кишварҳои хориҷӣ ба умури дохилии баъзе аз давлатҳои исломӣ ёдоварӣ намуда, натиҷаи онро “инқилобҳои баҳори арабӣ” донист.

Ҳафтаи гузашта Дафтари умури иқтисодии сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо нашри як гузориш тавсияҳои худро барои беҳбуди вазъи сармоягузорӣ дар кишвар ироа кард. Дар ин гузориши сафорати Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла омадааст, “фақиртарин кишвари пасошӯравӣ - Тоҷикистон бар асоси тамоми нишондодҳои иқтисодӣ аз ҳамсоякишварҳои худ ақиб мемонад. Дар ин кишвар ба сармоягузороне имкони фаъолият дода мешавад, ки коррупсия ва тамоми печдарпечии бюрократиро қабул дошта, робитаи наздик бо мақомҳои баланди давлатиро ба роҳ мондаанд.”

Дар идомаи гузориш таъкид шудааст, пастии маош кормандони давлатиро водор месозад, то барои рӯпуш кардани ниёзҳои худ роҳҳои дигар пулкоркуниро пайдо кунанд ва харидани мансабҳои давлатӣ дар ин кишвар ба як чизи маъмулӣ табдил ёфта, одатан онҳо барои боқӣ мондан дар курсӣ ба раҳбарияти худ ришва медиҳанд.

Сайфулло Сафаров дар ин нишасти хабарӣ, инчунин, ба масъалаи Александр Содиқов, пажӯҳишгари тоҷик, ки дар охири моҳи июни соли ҷорӣ ба гумони ҷосусӣ дар Хоруғ боздошт шуда буд, изҳори назар кард. Ӯ гуфт, танҳо додгоҳ ҷурми Содиқовро муайян карда, гунаҳкор ё бегуноҳ будани ӯро эълон хоҳад кард.

Муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон дар идома аз гароиши теъдоди зиёди ҷавонони тоҷик ба гуруҳҳои мамнӯи исломӣ изҳори ташвиш кард ва гуфт, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 200 сокини ҷавони кишвар дар ҳайати чунин гуруҳҳо дар Сурия қарор доранд. Ҷаноби Сафаров сабабҳои пайвастани ҷавонон ба чунин гуруҳҳоро “дур мондан аз мактаб” ва “мушкилоти иқтисодӣ” донист. “Ҳоло сари ин мавзӯъ тадқиқот гузаронда истодаем ва баъдан натиҷаашро пешниҳод хоҳем кард”,-афзуд ӯ.
Мӯҳр
РУСХО ЯК МАТАЛ ДОРАНД ПРАВДА ГЛАЗА КОЛИТ....

Ozodagon iltimos chop kuned, agar ba nomi khud va ideyai khud haqiqatan sodiq boshed!
Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ (Сайфулло Сафаров), иддаои дафтари иқтисодии сафорати Иёлоти Муттаҳида дар бораи ба як кори маъмулӣ табдил шудани мансабхарӣ дар Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад. [b]Hukumatdor Saifullo Safarov, shumo marduma ahmaq kardested chi. [b]O chi khel asosi voqei nadorad agar tamomi mansabhoi davlati khariq karda meshavand (az US$20,000.00 sar karda to US$100,000.00). Shumo fikre mekuned ki in mardumi odi besavod ast?[/b]

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, гузориши дафтари иқтисодии сафорати Амрико дар бораи “мансабхарӣ”-ро дахолат ба корҳои дохилии кишвар номид.
Agar, ba in davlatdorii shumo yagon davlati digari abarqudrat dakholat namekunad, shumo yaqinan in davlati be in ham faqiru gulomi Tojikonro az bain mebared. Magar Tojikiston faqirtarin davlati pasoshuravi nest? Shumo inro inkor mekarda boshed? agar shumo haminro inkor mekardani boshed, pas bayni mani besavodu shumo yagon farqiyate nadorad...
Ozodagon iltimos chop kuned.

Сайфулло, охир як ба атрофапт нигар. Шарм кун, тамолми мансабҳо дар ТҶК фурӯхта мешавад. Курсиҳои калидӣ дар дасти хешовандон. Магар ин мансабхариву мансабфурӯшӣ нест?
Охир, то кай дар чашми мардум хок мепошед? Охир то кай ин бешарафӣ? Охир то кай ин дурӯғгӯӣ?

Стратегия
Ой сафорати Амрико.Он чизе, ки Сайфулло Сафар мегуяд- хакикат аст. Агар дар Точикистон мансаба харида мешуд, Сайфулло Сафаров ба сифати МУОВИН як умр дар як чо фаъолият намекард..

tojik
Shumo yagon Mayda tatqiqot padqiqot namugazaroned ,shumo imruz chunin mepindored,ki mo tamomi chizro zeri kontrol dorem vale mutaasifona in suxanoni shumo yagon asosi voqei nadorand.
Man ba shumo misole meoram banda tulili solho dar xoriji kishvari azizam dar Amriko ba sar mebaram,dilam ba in millat mesuzad (ya'ne tojik) natijai in hama din siteziie,ki shumo imruz dar dokhili kishvar BA vujud ovardaed ,hamon ast,,ki javoni tojik hangomi ba khorij raftan hatman ba masjide sar mezanad va digar chi tarz namoz khondanu chiko katdanashro namedonad.
solhoi avvali ba injo omadanam bo Chand javoni tojik dast ba girobon shudabudem,Xudora shukr Chand javoni bo oru nomus ba khatoi khud pay burdand ,vale gunohi asosiro shumo ”strategho” murtakib hasted,ki fazoi diniro ba ta.rifu tavsifi hukumat band karda javononro az malumoti dinni benasib karda BA chunin guruhho ovarda rasonded.
Vaqto javoni tojik bidonad,ki al-Buxoriyu Beruniyu Sadiyu digar digar farzandoni millat dar kadom mazhab budandu shiayu salafiro khub dar davroni maktabkhoni dar maynai navras jo kunem olam guliston meshavad ,vale chi iloj kase ba juz fikri kursi digar dar fikri chize nest.

Ҷаноби Сафаров сабабҳои пайвастани ҷавонон ба чунин гуруҳҳоро “дур мондан аз мактаб” ва “мушкилоти иқтисодӣ” донист. “Ҳоло сари ин мавзӯъ тадқиқот гузаронда истодаем ва баъдан натиҷаашро пешниҳод хоҳем кард”,-афзуд ӯ.
Не чаноби Сафаров дар хаминкадар вазифаи калон нишастаи холо хам намедонед сабабашро.........
Солхои охир домуллохое ки тарики интернету диску дигар маводхои аудио....... дар байни мардум асосан чавонон дар дили мардум чо шудаанд
Хукумат пеши инхоро гирифта натавонист ва акли ягонтааш нагирифт аз он советнико ва дигар шикамдамони вазифадусташ
Ва ман гуфтани хастам ки алакай чавонони мо фанатики ислом шудаги бинед худ казоват кунед.Чавонон аз кадом табакае набошад худашон малум дар чомеа ки аз суханонронии он домулохое ки бо амру маъруф дар масчиду дигар воситахо баромада мекарданд мисолхо мебиёранд
Так что мактабхоро бахона накунед чанобон инчо боз мегуям аклатон нагирифт пеши инро сари вакт гирифтан холо акнун дер шуд
Илтимос чоп кунед озод бошед.

Точикпараст
Як чашмонатро кушо ва нигох кун,ки чи гуна вазифахоро ба чапу рост ба ашхоси бесавод савдо карда истодаанд.Тарс ва хафагии точикони асил низ дар хамин аст,ки оё кисмати умри кутохи хамааш 100 соли давлатдории Сомониёни бакл дар мо низ такрор мешавад!Rostik,

акои сайфулло доимии муовини доимии МТС ба чашми мардум хок напошед. дар ҷазияи зайд ҳам гуфта
будед, суд муааян мекунад, вале чи тавр суди тоҷикистон фаъолият мкунад ва бо фармону супориш ҳукм мебарорад, як одати маъмули шудааст

сар шид, афсонахои ЛАХЗАХОИ НОГУВОР!

Стратегия,
Бародарон, дар асл оқои Сайфулло Сафаров дигар шахс аст. Сиёсатшиноси доно ва ватандӯст. Аз воқеъияти Ватан пурра хабардор. Он чӣ зимнан мегӯяд, фармойишист. Чӣ илоҷ, дар ҳукумат ки кор кардӣ, фармонат медиҳанд: "фалон изҳоротро бидеҳ; дигареро рад бикун...!" Мо ҳамарӯза шоҳиди ин гуна намойишномаҳо (спектакл) ҳастем. Не гуфтӣ, тамом! Рӯзе ягон балоро ба сарат мезананд. С.Сафаров беҳтарин номзад ба Вазири корҳои хориҷӣ буд. Вале нашуд! Худи ҳамин далел тасдиқи аёнии таҳлилҳои сафорати Амрико аст. Дипломатҳои амрикоӣ аҳмақ нестанд, ки дар шаъни як давлат суханҳои беасос ва пойдарҳаво бизананд. Ин мо ҳастем, ки ба мисли шутурмурғ (страус) сарамонро даруни қум карда, думамонро боло мекунем; гӯё касе моро намебинад. Агар ин тавр нест, ҳукумат марҳамат карда расман дар матбуот эълон бикунад, ки СОҲИБИ РОҲИ ПУЛАКИИ ДУШАНБЕ ХУҶАНД КИСТ? Солҳост, ки ин савол ба мисли шабеҳ овезон аст ва касе намехоҳад ба он ҷавоб бидиҳад. Алъон тоҷик ки ҳастем, мехоҳем бо дигарон тоҷикона бархурд бикунем. Мувофиқи матали "КӢ МЕГӮЯД, КИ ДУМИ ГОВАМ КАҶ АСТ?"

точик
эх сафаров инкадар дуруг мегуи

ВАТАНДОР
ДАР ТОЧИКИСТОН МАНСАБХАРИ ВА Ё ИН КИ БА ВОСИТАИ ТАГА БОЗИ МАНСАБРО БА ДАСТ ОВАРДАН ВОКИАН ЯК КОРИ МАЪМУЛИ ШУДА АСТ . САЙФУЛЛО САФАРОВ ХАМ ХУД ХУБ МЕДОНАД ВА М ЕФАХМАД ИН КОРХОРО . ФАКАТ ДУКМАИ ХАРАКАТАШРО ДИГАР КАС ЗЕР КАРДА ИСТОДААСТ ТАМОМ .

душанбинец
Ин мудохила нест, Тоҷикистон низ метавонад гузоришеро оид ба масъалащои зидахли Амрико омода созад. Лекин сухан мавриди он аст, ки маркази мутолеоти стратегии назди раисҷумҳур аз номи мақоми худ калимаи "стратегиро" давно хориҷ намудаанд. Чунки дар ягон мутолеоти онҳо бӯи стратегӣ нест, шояд зеҳнияташон суст аст ва раисҷумҳур бо ҳаминҳо қаноат мекунад ва фикри онҳоро воҷеан "стратегӣ" қабул менамояд ва ё онҳо дидаву дониста масъалаҳои ҳаётан муҳими кишварро ба риштаи таҳқиқ намекашанд ва кори фундаменталие дар ин замина дар он ҷо то ҳол нест. Мутаасифона.

хубтар мешуд ки хамин мансабхарирохам ба ба сафи маъракахо ба танзим медароварданд. ки окибат ин барои мо расм мешавад.

Стратегия
Окои Юсуф. Шумо дуруст мегуед, дар асл мо хама дигар шахс хастем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)