Бахшҳо
07 июл 2014 10:52Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Талаби ширкатҳои мобилӣ аз Абдусалом Қурбонов ва Нусратулло Давлатзода

Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон бо ирсоли номае ба унвони раҳбарияти Вазорати молия ва иқтисоду Кумитаи андози кишвар аз гаронии андоз нигаронӣ кардаанд.

Онҳо дар ин номаи худ аз тағйиру иловаҳои воридшуда ба Кодекси андози Тоҷикистон дар солҳои 2010 - 2013, ки мунҷар ба болоравии ҳаҷми андоз шудааст, шикоят карда, онҳоро таҳдид ба инкишофи иқлими сармоягузорӣ ва бар зарари иқтисодиёти кишвар хондаанд.

Ба навиштаи ассосиятсияи мазкур, дар давраи солҳои 2010-2013 дар қонунгузории андози Тоҷикистон тағйироти зиёде вобаста ба соҳаи алоқаи барқӣ ворид гардид, ки мунҷар ба ҷорӣ шудани андозбандиҳои зерин, аз ҷумла аксиз аз зангҳои баромад 3%, барои зангҳои воридотӣ 3%, ААИ (18%) барои пайвастнамоии зангҳои баромад, ААИ (18%) барои пайвастнамоии зангҳои даромад шудааст.

“Имрӯз операторони мобилӣ аз 1 сомонӣ 32 дирам танҳо андоз месупоранд ва ба истиснои ин хароҷотҳои дигар низ мавҷуданд, аз ҷумла арзиши аслии маоши кормандон, хароҷот барои нигоҳдоштани шабакаҳои алоқа, комиссия барои пайваст намудани муштариён, қабули пардохтҳо ва ғайра. Яъне пардохтҳои умумӣ бештар аз онанд, ки операторон даромад ба даст меоранд. Чунин гаронии хароҷот садди роҳи инкишофи иқлими сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон гардида, иҷрои нишондиҳандаҳои ба нақшагирифтаи соҳаи алоқаи мобилиро дар рушди мамлакат ғайриимкон мегардонад,”- омадааст, дар номаи ассосиатсия

Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси ҳисоботи Ширкати консалтинговии машҳури “PricewaterhouseCoopers”, ки пардохтҳои андозии 186 кишвари љаҳонро таҳлил кардааст, Тоҷикистон дар меъёри умумии андоз ҷойи аз ҳама охирро миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ ишғол карда, миқдори андоз дар ҳаҷми 86 фоиз, яке аз ҳама баландтаринҳо дар тамоми ҷаҳон ба ҳисоб меравад: “Дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ меъёри андоз 65% (Итолиё) ва аз ҳама кам 25% (Хорватия) -ро ташкил медиҳад. Дар Аврупо нишондоди аз ҳама бештар 39 аст. Дар шумораи умумии андозҳо дар кишварҳое, ки дар ҳисобот нишон дода шудаанд, Тоҷикистон ба шумори кишварҳои шумораи андозашон зиёд дохил мешавад. Дар умум Тоҷикистон миёни 186 кишвари ҷаҳон ҷойи 178-умро оид ба андозбандӣ дар соҳаи тиҷорат ишғол мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба қавли аъзои ассосиятсия, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ гуфтааст, “баъзе муқаррароти Кодекси андоз таҳлили ҳаматарафаро талаб мекунад.”

Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон дар охир аз Абдусалом Қурбонов, вазири молия ва Нусратуло Давлатзода, раиси Кумитаи андози кишвар хостаанд, ба саволаш, ки “оё чунин гаронии андоз бар зарари инкишофи минбаъдаи соҳаи алоқаи барқӣ ва умуман бар зарари иқтисодиёти кишвар ва манфиати давлат ва миллат нест?” хостааст, ба таври ошкору шаффоф ҷавоб гӯянд.
Мӯҳр
SMS
Барои Шумо Ширкатхои мобили пардохти андоз ягон мушкили надорад, чунки бе сарфи масрафи зиёдати, бо истифода аз ТАРИФ- ТИЛИСМАТОН маблаги зиёди муштариёнро аз худ мекунед.

Мухаммад
Андозбандии ширкатхои хоричиро ба монанди "мегафон" "Tcell" "билайн"ва хоказо боло бурда шавад,аммо баръакс ширкатхои миллиро не:)

3
Шумо ки надихед пас ки андоз бидихад аз хаво пул карда онро ба хорич равона мекунед?50%бояд бошад андоз.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)