Бахшҳо
07 июл 2014 13:21Тоҷикистон / Сиёсат

Номаи ҲНИТ ба Аҳмадзода ва дархости толор аз ҳукумат

Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои дарёфти толор ба хотири бузургдошти 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд нома фиристодааст.

Ин бахши Ҳизби наҳзати исломии кишвар, ки бинои дафтари он аз сӯи мақомот тахриб шудаву ҳоло қароргоҳи расмӣ надорад, мегӯяд, бахшида ба 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ мехоҳад, ҷашнеро баргузор ва аз бархе аҳли қалами тоҷик қадрдонӣ кунад. Илҳомҷон Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд, рӯзи 7 июл дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, номаи онҳо барои дарёфти толор имрӯз ирсол шудаааст.

Ӯ ибрози умедворӣ намуд, шаҳрдории Хуҷанд ба ин дархости онҳо, ки ба қадрдонӣ аз шоири барҷаста ва аҳли қалам бахшида шудааст, ҷавоби мусбат хоҳад дод. Ин дархости кумак ва умедворӣ аз посухи мусбати Ёқубов дар ҳолест, ки дафтари вилоятии ҲНИТ дар Суғд аз мақомот борҳо ба ингуна муроҷиати худ ҷавоби манфӣ гирифтааст.

Ахиран чунин посухеро дар арафаи ҷашни 17-солагии Рӯзи Ваҳдат низ дарёфт намуда буд. Ёқубов он замон гуфта буд, бахши вилоятии ҲНИТ бо ирсоли нома ба унвони раиси шаҳри Хуҷанд барои баргузории як чорабинияш бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ толор хост, вале ба гуфтаи ӯ, масъулин ба онҳо ҷавоби рад дода, гуфтаанд, "ба самъи Шумо расонида мешавад, ки тибқи барномаи қаблан тасдиқшудаи ҳукумати шаҳри Хуҷанд як қатор чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ташрифи меҳмонҳо аз манотиқи гуногун ба шаҳр дар назар аст, бинобар ин дар санаҳои пеш аз ҷашнӣ ҷудо намудани толор ғайримкон аст."

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад, ки ҳудуди 15 ҳазори он дар вилояти Суғд ба сар мебаранд. Мақомоти шаҳри Хуҷанд баъд аз зуҳри 18 июн ба вайрон кардани қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Суғд шуруъ карданд. Ба қавли онҳо, бар асоси нақшаи куллии маркази вилояти Суғд бояд қароргоҳи ҲНИТ вайрон шуда, дар ҷояш кабудизор бунёд гардад.

Он замон Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ гуфта буд, намояндагони сохторҳои давлатӣ барои вайрон кардани бинои дафтари онҳо қарори раиси шаҳри Хуҷандро пешниҳод кардаанд. Дар ҳоле ки ба қавли вакили мудофеъ, Файзиннисо Воҳидова, ин кор танҳо бо қарори додгоҳ имконпазир аст.
Мӯҳр
Фарзин
Алхамдулиллах нахзат як хизби зинда аст.

Навои
Агар Мавлоно Чоми 1000 сола шавад хам, ин номератон намегузарад.

.
Он бинои шуморо шикастанд на барои он, ки боз ба шумо бинои нав диханд. Шумо тахаммул карда гаштан гиред, эзори охиронатонро хам кашида мегиранд.

Мухаммад
Навои хамавакт курнамак буд

Байхаки
Хуб мешуд, ки ХНИТ хайрашро ба сурогаи ШАХБОЛ - сарбози Точик ирсол намояд, то ки табобат ёбад. Аз ин амали Шумо, хотираи Мавлоно Чоми шод мегашт. Худовандо хайрашонро кабул гардон.

ХОКСОР
ХУКУМАТ ГАР ЯК ДАРИ НАХЗАТРО БИБАНДАД БОВАРИ ВА УМЕД ДОРАМ АЗ ДАРГОХИ ХАК КИ ХУДОИ НАХЗАТИХО ХАЗОР ДАРИ ДИГАР РО БАР РУЯШОН МЕКУШОЯД

Сарбанд
Хоксор, Ба Шумо дигар Худованд ягон дари даричаро боз намекунад. Бинеда, аз ухдаи як дарча ва дафтарча баромада наметавонанду, боз талаби ХАЗОР дар доранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)