Бахшҳо
08 июл 2014 08:56Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Оғози пардохти ҷарима барои “наҷосат”-и Ленин дар ҳаққи зиёиён

Нашрияи русзабони “Азия-Плюс” ва муҳаррири он -- Олга Тутубалина ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ ба як гуруҳи зиёиён оғоз кардаанд. Шуҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Олга Тутубалина, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт “Азия-Плюс” ва нафари таҳти ҳимояти ӯро муваззаф кардааст, то ҳар кадом, ба зиёиёни “ҷабрдида” 15 ҳазор сомонӣ диҳанд.

“Ба нашрия се моҳ муҳлат доданд, ки 15 ҳазор сомониро пардохт намояд. 4 июл ҳафтанома 5 ҳазор сомонии ҷаримаро пардохт намуд”,-афзуд ӯ. Ба қавли ин вакили мудофеъ, Тутубалина ба ҳайси шахси инфиродӣ барои пардохт кардани ҷаримааш фурсати бештаре доштааст.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 25 феврали соли ҷорӣ баҳси як гуруҳ аз зиёиёни тоҷик бо Олга Тутубалина, муаллифи матлаби баҳсбарангези “Неинтеллигентно об интеллигенции”-ро ба поён бурда, қарор кард, ки ин матлаб як навъ таҳқир дар ҳаққи зиёиён мебошад ва ӯву нашрия бояд 30 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кунанд. Баъдан, 30 апрели соли ҷорӣ, Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми Додгоҳи Фирдавсии пойтахт дар бораи ҷаримаи “Азия-Плюс” ва муҳаррири онро бидуни тағйир боқӣ гузошт.

Олга Тутубалина дар матлаби баҳсбарангези “Неинтеллигентно об интеллигенции” (Нозиёиёна дар бораи зиёиён) бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд. Дар пайи ин, як гуруҳ аз зиёиёни кишвар, ки роҳбарияти Иттиҳодияи нависандагону Академияи улуми Тоҷикистон низ шомили он буданд, ба додгоҳ муроҷиат карда, ҷуброни зарари маънавӣ хостанд.
Мӯҳр
Чугашвили
То замоне, ки Ленин дар Мавзолей истирохат мекунад, зарарашро ба мардуми равшанфикр расонидан мегирад.Хатто ПУТИН то имруз аз у умед дорад.Чунки дар хурдиаш ба у гуфта буданд "ЛЕНИН- хамеша зиндааст" Барои хамин дилаш намешавад, ки уро ба хок супоранд.

Снайдер
Чаро ин мардум аз ин сухани дохи ор доранд.Факат як гап мегуям ин олимчахо барои 50 соли охир расонаи ва мазхака хоханд шуд.Чаро онхо инро фикр накарданд,ки ин мазхакаи говсуд аст на чизи дигар?

Саидчон
Ассалому аллайкум хонандагони сайти озодагон! Ман як хабарро ба иттилои хамаи шумо мерасонам,ки; агар вакили мудофеъ хамин огои Шухрат Кудратов бошанд барои чаримаи 30000сомон садака бояд бидихи. Маро ачаб ояд,ки Кудратов касеро пуштибони карда тавонад. Ё он кас одами "худи" хастанд ё.. намедонам?!

Ин руси густох барои таҳқири халқи тоҷик бояд аз Тоҷикистон депорт мешуд, наинки фақат 30 ҳазор сомонӣ ҷарима. Агарчи тоҷикон ва Тоҷикистон ба ӯ ва ӯ баринҳо маъқул нест, вале, онҳо боз ҳам намехоҳанд ба ватани аждодонашон кӯч банданд. Магас барин ба мо мечаспанд. Обу ҳаво, меваҳои Тоҷикистонро хуш доранду аз халқи тоҷик нафрат. Бо нафрат зиндагӣ мекунанд, бо умеде, ки рӯзе салтанати рус дубора эҳё мегардад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)