Бахшҳо

“Духтари президент дар яке аз кишварҳои Назди Балтик ҷашни зодрӯз дорад”

Пойгоҳи хабарии “Узметроном” мегӯяд, духтари бузурги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, дар ҳоли ҳозир дар яке аз кишварҳои Назди Балтик қарор дошта, 42-солагияшро дар канори одамони барояш арзишманд таҷлил мекунад.

Ин дар ҳолест, ки тайи чанд моҳи охир, гуфта мешуд, Гулнора Каримова мавриди хашми падараш қарор гирифта, дар ҳабси хонагӣ дар Тошканд аст. Ҳатто гуфта шуд, Ислом Каримов Гулнораро задааст.

Ҳоло чаҳор шабакаи телевизионии марбут ба Гулнора Каримова аз фаъолият боз монда, бархе аз ширкатҳои вобаста ба духтари раисиҷумҳури Узбакистон мавриди бозҷӯии мақомоти қудратии узбак қарор гирифтанд. Каримова ин овозаҳоро тасдиқ ва ин иқдомро ташаббуси Кумитаи амнияти Узбакистон номида буд. Ӯ бо нашри як навори видеоӣ дар саҳифаи Твиттераш кормандони Хадамоти амнияти миллии Узбакистонро бо он муттаҳам карда буд, ки аъзои оилаашонро иҷозаи мулоқот бо падар намедиҳанд.

Гулнора Каримова моҳи феврали соли ҷорӣ бо ирсоли номае ба унвони Uznews.net, гуфта буд, “Кумитаи давлатии амнияти миллии Узбакистон тамоми афроде, ки мехоҳанд, ба ману духтарам кумак кунанду наздикии хонаам, мешаванд, боздошт мекунад.” Ӯ дар шарҳи гуфтаҳояш афзуда буд, ҳамроҳ бо духтари 15-солааш аз ибтидои соли ҷорӣ дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Маъмурини Кумитаи амнияти Узбакистон рӯзи 17 феврали соли ҷорӣ ба хонаи хонум Каримова “ҳамла” карда, тамоми афроди наздики ӯ, аз ҷумла ҳамсарашро, ки онҷо ҳузур доштанд, боздошт намуда, бо худ бурдаанд.

Вале баъд аз талошҳои зиёд духтари раиси ҷумҳури Узбакистон рӯзи 18 январи соли ҷорӣ дар саҳифаи Твиттераш навишт, ки Ислом Каримов ӯро дар соли нави милодӣ ба ҳузур пазируфта, дар амалӣ гаштани нақшаҳои нави тарроҳияш орзуи муваффақият кардааст. Гуфта мешавад, ин нахустин дидори хонум Каримова бо падараш баъд аз шикотяҳои тӯлонии ӯ ба шумор рафта, бархе онро зинаи аввали раҳоияш аз буҳроне ном бурданд, ки тирамоҳи соли гузашта духтари 42-солаи Ислом Каримов аз он азият мекашид. Вале духтари раисиҷумҳури Узбакистон ин мулоқотро поёни буҳрони гирифторшудааш надонисту гуфта буд, ҳанӯз ҳам бархе аз ёрони ӯ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Узбакистон ба сар мебаранд.

Ахиран хабаргузории EurasiaNet навишт, ки бо гузашти беш аз панҷ моҳ аз баҳамзании “Империяи тиҷорӣ”-и Гулнора Каримова бархе аз корхонаҳои ӯ дар Узбакистон акнун зери раҳбарии хӯҷаинҳои нав ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Як хонандаи ин сайт бо такя ба “манбаи муътамад”-и худ гуфта, бо эҳтимоли зиёд ин дороиҳо ба дасти хоҳари Гулнора – Лола хоҳад гузашт. Ин ҳам дар ҳолест, ки муносибати Гулнора Каримова бо хоҳараш чандон хуб нест. Ӯ дар чанд навиштааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳарашро зери тозиёнаи танқид қарор дода буд.
Мӯҳр
бисер зани зебо будааст духтари каримов. красавица. ин кадар аз тарафи падараш зулм дидааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)