Бахшҳо

Тоҷикистон 5 ҳазору 731 мансабдори давлатӣ дорад

Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, маоши миёнаи хизматчиёни давлатӣ айни ҳол 904 сомониро ташкил дода, нисбати соли гузашта 81 сомонӣ зиёд шудааст.

Қосимзода Гурез Ҷурахон, муовини якуми раиси агентӣ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, маоши баланди хизматчиёни давлатӣ аз собиқаи кории онҳо вобастагӣ дорад.

Тибқи иттилои Қосимзода Гурез Ҷурахон дар Тоҷикистон 18728 хизматчии давлатӣ фаъолият доранд, ки аз ин 4393 нафар ё 23,4%-ро занон ташкил медиҳанд.

Номбурда мегӯяд, миёни хизматчиёни давлатӣ 7832 нафар ё 41,8% ҷавонони то синни 35 сола фаъолият мекунанд. Ба қавли Қосимзода Гурез Ҷурахон, аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ 5731 нафар дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 1114 тан ё 19,4% занон ва 1235 ва ё 21,5% ҷавонон мебошанд.

Муовини якуми раиси Агентии хизмати давлатӣ иброз намуд, ки дар 6 моҳаи соли равон 66 хизматчии давлатиро бо сабаби ба синни ниҳоӣ расиданашон аз вазифа озод кардаанд. Ба гуфтаи ӯ муҳлати дар хизмати давлатӣ будани 37 нафари дигар, ки ба синни ниҳоӣ расидаанд, тибқи қонунгузории кишвар, тамдид карда шудааст.

Қосимзода Гурез Ҷурахон хотиррасон кард, ки синни нафақа барои мардон 63 ва барои занон 58 сол муайян шудааст.
Мӯҳр
Мухриддин
Авом ба гандмдрави биё мега. Чи илоч, рафтан лозим. Кухистонаи, боду хавош тозаи. Бо суруди акаи ЗАФАР "МАН ОН УКОБИ КУХИ... озодона гандума дарав менм. Лекин - ОЗОДАГОН- пазмонат мешам.

Ришки
Чаро бо шахсони синни нихои расида барои аз кор рафтанашои хунукназарона рафтор карданд. Хатто рахмат хам нагуфта аз дарвозаи Вазорат бароварда пеш карданд. Собикаи кориашон зиёда аз 40-45 сол бошадхам ба инобат нагирифтанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)