Бахшҳо

(ВИДЕО) Лутфулло Давлатов дар бораи навори “муллоҳо” ва боигариаш

Лутфулло Давлатов, раиси телевизиони “Сафина”, пахши наворҳо дар бораи афроде, ки занону духтаронро аз роҳи хондани “дуо” табобат мекунанду ҳамчун “муллои ҷодугар” муаррифӣ мешаванд, ба нафъи кор донист. Ӯ, ки дар нишасти хабарии 9 июл дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, ин воқеияти ҳол аст ва ҳадаф аз намоиши чунин филмҳо ҳушдор додани мардум мебошад.

"Дар бораи наворҳо, чӣ кор кунем? Ягон одаме нест, ки гӯяд ман гуноҳ дорам ва ягон одаме наметавонад, гӯяд: покам, фариштаам. Шояд аз асрҳои аср ҳамин чизҳо буд. Ба наздикӣ навори нафаре намоиш дода шуд, ки бо "шланг" табобат мекунад. Он ҷо ягон калима дар бораи аъзои Ҳизби наҳзат ё чизи дигар набуд. Афсӯс, ки дар ҷомеа ҳамин хел чизҳо ҳастанд ва баъзе чизҳои дигар ҳам аст, ки нишон намедиҳем. На ин ки як диндор, ҳар касе, ки набошад, онро нишон медиҳем. Ба мо ингуна супориш аст",-таъкид дошт Лутфулло Давлатов.



Дар идома раҳбари телевизиони “Сафина” ба суоли хабарнигори “Озодагон” дар бораи дороиҳояш низ суҳбат кард. Ӯ гуфт, аз оғоз одами эҷодӣ буд ва солҳои зиёд дар хобгоҳу манзили иҷора зистааст. “"Аз бачагӣ дар театр кор мекардам, эҷодкор будам. Корманди театр аз ҳамон даврҳо сатҳи зиндагии хуб надошт. Ҳеч чиз надоштам, 8-9 сол дар хобгоҳҳо зиндагӣ кардем, лекин тоқат кардем, дар ҳамин шаҳр мондем. Баъд хона доданд. Боигарии ман - 5 фарзандам”,-баён дошт Давлатов. Вале ӯ дақиқан нагуфт, манзиле, ки ҳоло ӯ ба сар мебарад, кай ва аз тарафи кӣ дода шудааст. Инчунин, Лутфулло Давлатов, дар бораи фаъолияту таҳсили фарзандонаш ошкор суҳбат накард ва танҳо гуфт, “бачаҳои хубанд. Ман рисолати падарии худро иҷро кардам. Ҳамаи фарзандонамро хононда, хонадор карда, соҳиби вазифа кардам ва он тарафаш таваккалашон ба Худо. Дар ҳама ҷо содиқона кор кардаам”.

Лутфулло Давлатов моҳи декабри соли 1958 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ба дунё омада, соли 1979 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо ихтисоси актёри драма ва кино хатм кардааст. Фаъолияташро соли 1979 ба ҳайси ҳунарпешаи Театри шаҳри Конибодом оғоз намуда, аз соли 1985 то соли 2004 дар театри Лоҳутӣ буд.

Ӯ дар намоишномаҳои телевизионии «Зани оҳанин», «Ҳайкал», «Дуздӣ», «Курсии сеҳрнок», «Аноӣ», филмспектакли «Ғуруб», инчунин, филмҳои «Гирдоб», «Дар орзуи падар», «Пой дар гил» нақшҳои муҳимро бозидааст. Ҷаноби Давлатов ба телевизион соли 2004 ба ҳайси сармуҳаррири идораи мусиқии Шабакаи аввал омада, солҳои 2006-2008 дар вазифаи муовини аввали директори Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон "Баҳористон", солҳои 2008-2009 директори Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино" фаъолият кардааст.

Ӯ 30 сентябри соли 2009 ба вазифаи раҳбари "Сафина" таъин гардид ва то кунун дар ин мақом ифои вазифа дорад. Бо унвони ифтихории "Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон" ва медали "Хизмати шоиста" қадрдонӣ шудааст.
Мӯҳр
Муслим
кохи(кинотеатри) "Точикистон" аз ки бошад??

Тамошобин
Мегуяд: "“Мо мехоҳем, мардум огоҳ шуда, ба назди чунин афрод, ки дар зоҳир рӯҳониву дар асл машғули корҳои дигаранд, нараванд. Дар ин ҷо сиёҳ кардани дин ва ё ягон гуруҳ нест”,-таъкид дошт Лутфулло Давлатов."
Оё танҳо дар ҷомеа ба ин кор ҳаминҳо машғул будаанд ва ҷомеаро вайро мекардаанд?
Дар бораи медучилиш ва мединиститут ва умуман институт ва университетҳо, махсусан санъат муаллимонаш бо толибаҳо чӣ кор мекунанд ин зарар надорад рафтан гиранд?
Дар бемористонҳо чӣ мешавад, зарар надорад ба ҷомеа рафтан гиранд?
Агар перечени инҳоро инҷо нависем ҳаммаш мисли вазифаҳои муҳтарам Лутфулло мебошанд. Телевизион чӣ, магар намешавад ҳамаи ин фасодкоронро баробар бароварда ба мардум нишон диҳед? Агар мақсад зарба ба дини Илоҳӣ, дини мубини Ислом набошад, чаро аз дигар структураҳо ки ҳар рӯз духтаракони душизаро вайрон мекунанд, намоиш таёр намекунед? Агар таёр кардед ва намоиш додед, ки дигар ҷоёҳо чӣ кор мекунанд гуфтаат дуруст вале агар накардед ҳамон аст, ки ба дин кина доред.

Ман хайронам, Озодагон кори шумо чи ба дороии Давлатов. Охир миллион мушкил миллион чизи мепурсидаги монлаги дороихои уро пурсидаанд. ТАВБА

Робен Ван Гуд
Монед давр ронанд.бе ин хам мардуми боакл шахрванди Руссия шуда рафтостай!

дурандеш
Ин тавр бошад,дар бораи порагирии мансабдорон,мансабфуруши,ноадолати,бебарк

Абдуллоҳ
ҳадафи шумо бадномкардани слом аст

.
Рости гап, ин Лутфулло Давлатов хамчун актер ноль аст. Шахсони лаекатманд зиеданд, лекин уро ба вазифахо пешбари мекунанд. чаро?

Ашрафулло
Давлатов хизматгори миллат нест, зохирбин, зохирпараст ва ба мардум нишондодани мешавад, ки бо чаноб наздики дорад, ин одати хуб нест, инсон бояд, ки табии ва хоксор бошад.

ТАМОШОБИН, ДУРУСТ БАХО ДОДИ.

Шахрванд
Лутфуллоро хама медонад,ки як актери бечораи поча канда буд бояд одамеро рохбари телевизион монанд,ки саводи кофи дошта журналисти варзида бошад ин актери кучаги равад маскара бозии худро кардан гирад мегуянд бо кадом як вазир кудо шуд бад зиндагии халолу серу пуриро дид сад сол гузарад буи нодидаги наравадМуслим,
Муслим,

Абдулло-2
Абдуллоҳ,
Эй... исломи рафта оромона аз пайи намозат шав ба корхои сиёсии давлат куш нашав ва биниатро ба хар чой нахал. Намозхону дини Исломро дуст дори дар назди компютер чи кор мекуни.

Ajib
Латифаи хуб :). ба гфйр аз хонаи тухфа шуда дигар чизе надорам :).....

А-а
Абдулло-2, Хаки гапро гуфт.

точик
Чаро фахши раисон бо котибахояшонро намоиш намедихед? ин 505 фохишае ки гуё милиса капидааст бо ки фохишаги мекарданд. як бор дар умратон хакикатро фош кунед як бор крышахои хаминхоро ки ба мардуми одди маълуманд кани дар телевизор нишон дихед. намекунед ин корро чунки об аз боло лой аст. хамон тв-атон пури .......

чамолидин Мансуров
Ха бачаша судя кадай бо чи даркорша

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)