Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 апрел 2019, 10:40

Сафири собиқ дар курсии ректори нахустин донишгоҳи шартномавӣ нишаст

9 июл 2014, 13:52

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон Эсен Айдогдиевро ректори Донишгоҳи байналмилалии илмҳои гуманитарӣ ва рушд (Ашхобод) таъин кардааст.

Айдогдиев қабл аз он ки дар курсии ректорӣ биншинад бо фармони Бердимуҳаммадов аз симмати сафирӣ дар Швейтсария ва намояндаи доимии Туркманистон дар СММ озод шуд. Эсен Айдогдиев ҳамчунин ба ҳайси мушовири намояндаи доимии Туркманистон дар СММ (Ню-Йорк), сафири ин кишвар дар Австрия ва сафир дар САҲА (Вена) кор кардааст.

Донишгоҳи байналмилалии улуми инсонӣ ва рушд 16 майи соли 2014 бо фармони Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов таъсис шуд. Ҳамасола ин муассисаи олии таълимӣ бояд наздики 300 донишҷӯро қабул кунад, ки аз рӯи 14 ихтисос дарс мегиранд. Дарсҳо бо забони англисӣ ва бо пардохти маблағ анҷом мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!