Бахшҳо
10 июл 2014 12:27Тоҷикистон / Сиёсат

Гуфтугӯи Владимир Путин бо Саймуъмин Ятимов дар Маскав ва...

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 10 июл дар Маскав бо Саймуъмин Ятимов -- раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва сарони дигари ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти ҷосусии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) мулоқот мекунад.

Ин мулоқот дар ҳошияи ҷаласаи 13-уми сарони ниҳодҳои амниятии ИДМ сурат гирифта ба иттилои дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Русия интизор меравад, Путин масоили мубрами амнияти минтақаро дар миён гузорад. Мавзӯи меҳварии мулоқот таҳдидҳо ба қаламрави ИДМ ва ҳар як кишвари созмон дар алоҳидагӣ арзёбӣ мешавад.

Ин мулоқот дар ҳолест, ки ахиран Ятимов ба масъалаи амнияти Тоҷикистон дахл карда, изҳор дошт, вақтҳои охир кишвари мо майдони бозиҳои бузурги геополитикию идеологӣ шудааст. Ӯ, ки рӯзи 19 июн дар конфронси "Муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ" суҳбат мекард, афзуд, “баъзеҳо гоҳҳо, таъкид мекунам, гоҳҳо зери пӯшиши ташкилоти ғайридавлатӣ аз усулҳое истифода мекунанд, ки ба амнияти кишвари мо зарба мезананд.” Генерал Ятимов илова кард, “эҳтироми зиёдеро ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мафҳумҳои демократӣ қоилем, аммо амнияти давлат воло аст.”

Дар қатори генерал-лейтенант Саймуъмин Ятимов, инчунин, раҳбари Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ) -- Александр Бортников, котиби Шӯрои амнияти Русия -- Николай Патрушев, вазири умури хориҷии Русия -- Сергей Лавров, вазири амнияти миллии Озарбойҷон -- Элдар Маҳмудов, раҳбари хадамоти амнияти миллии Озарбойҷон -- Акопян Горик, сардори КГБ-и Белорус -- Вакулчик Валерий, раҳбари Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон -- Нақисбеков Адамгалӣ, раҳбари Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон -- Табалдиев Бусурманқул, раҳбари Хадамоти иттилоот ва амнияти Молдова -- Балан Михаил ва ноиби раҳбари Хадамоти амнияти миллии Узбакистон -- Мухтор Ниёзов дар мулоқоти Путин иштирок мекунанд.
Мӯҳр
Мунтазир бар онем, ки ин мулокоти В.Путин бо Саймуъмин Ятимов ва амниятиҳои дигари ИДМ боиси пурзур гардидани муковимати амнияти кишвархои ИДМ бар зидди гуруххои чиноятпеша ва дигар ташкилотхои террористи мегардад. Бояд нагузорем, ки Точикистон хамчун майдони бозихои геопалитики бошад.

бале амнияти давлат воло аст. саддарсад.

Амният
Иштибох нашудаас: ному насаби рохбари сохтори амнияти Озарбойчон армани?

kulobi
Siyosatboziro boyad az uzbakiston omuxt,

Аҳмад
Путин танҳо монд, акнун лозим шудем??? Садҳо ҳазор тоҷиконро пеш карда истода ба укроинҳо дарҳояшро боз карда истодааст! Садҳо тоҷикистониро мурдаашонро мефиристанд. акнун тоҷикон даркор шуданд? Русия он рафтореро ки ба Тоҷикистон солҳои ҷанг карда буд, ба Украина ҳоло карда истодааст! Фаромӯш накунед, ки душмани якуми Тоҷикистон Русия аст ва Русия моро ғулом истифода бурдани!

Месихучабек
Иштихоб аст,ному насаби армани бо хамтои озарияш иваз шудааст. Ин шояд бозихои сиёси-мазхакавии Кремл бошад бо максади наздик овардани ин ду кишвари аз барои Карабог ба хам зид ба тарики "иштихоб"-и чунин мазхака!

хайрият росия ба мо назар мекунад, агарне мо бе росия чи кор мекардем, ба европа моро рох надиханд, амрико аз чуркахо безор аст, кишвари мо нафту гоз надорад ки ин сиехпустон ба мо табассум бикунанд, зинда бод росия ки токати моро дорад токати якдигаркушии моро дар кишвараш дорад, хамсоягонамон низ моро хуш надоранд,

ИН КАДАР ТУ ЗИРАК ВА ДОНОИ ОКОИ ПУТИН. ХУДОВАНД ТУРО НАЗАР КАРДААСТ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)