Шиносоии президенти Туркманистон аз ҷараёни сохтмони роҳи оҳани Баракат-Этрек-Акяйла
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон бо ҷараёни корҳои сохтмонии роҳи оҳани Баракат-Этрек-Акяйла дар вилояти Балкан шинос шуд. Ин роҳ як қисмати муҳими роҳи оҳани Қазоқистон-Туркманистон-Эрон мебошад.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии президенти Туркманистон, Бердимуҳаммадов бо тарҳи иншооти роҳи оҳан ва инфрасохтори муҳандисӣ-фании ин қисмати роҳ ошно шудааст. Раисҷумҳури Туркманистон ба муҳимияти роҳи оҳани Қазоқистон-Туркманистон-Эрон таъкид намуда, изҳор доштааст, ки он ба рушди иқтисоди минтақа кӯмак мекунад. Роҳи оҳани Баракат-Этрек-Акяйла 256,5 километр тӯл дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |