Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 25 апрел 2019, 01:35

Абдураҳмон Маматалиев: “Ворух бе роҳ мемонад, агар...”

14 июл 2014, 10:08

Ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, ба ҳамагуна танишҳои марзӣ нигоҳ накарда, сохтмони роҳи баҳсбарангези Оқсой – Тамдиқро, ки қисмате аз он аз қаламрави Тоҷикистон убур мекунад, ба поён хоҳад расонд.

Қурбонбой Искандаров, намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон оид ба аломатгузории хатти марз гуфтааст, онҳо ҷониби Тоҷикистонро огоҳ кардаанд, ки бо вуҷуди ин ҳама тирпаронию танишҳои иғвогаронаи марзӣ сохтмонро идома медиҳанд. Искандаров таъкид кардааст, “ин роҳ сохта мешавад. Дар сурати анҷом наёфтани сохтмони он ин танишҳо боқӣ мемонанд. Аз ин рӯ, бояд онро созем.”

Абдураҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон, ки ҳайати кишварашро дар баҳсҳои марзӣ бо Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад, гуфтааст, гӯиё роҳи алтернавтивии Оқсой – Тамдиқ вуҷуд дорад, ки ба пуррагӣ аз қаламрави кишвараш мегузарад. “Агар ҷониби Тоҷикистон баҳси роҳи Оқсой – Тамдиқро аз ҳад зиёд дароз кунанд, мо интизорӣ намекашему онро тавассути қаламрави худ месозему барои сокинон роҳе аз Бодканд то Оқсой бунёд хоҳем кард. Аммо дар ин сурат, Ворух бероҳ хоҳад монд”,-афзудааст Маматалиев

Сохтмони роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқи Қирғизистон, ки ҳамеша баҳонаи таниши марзӣ миёни ду кишвар мешавад, қисмати асосии он аз қаламрави баҳсбарангези миёни Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сохтед сохтан гиред. Аммо ба сулху осоиши мардуми ду кишвар илтимос ки халалпазир нашавед. Холо мардумони Точикистону Киргизистон рохату осоиш доранд аз лихози амнияти дар мукоиса ба кишвархои дигари дунё. Ин аз пурарзиштарин неъмат барои халки ду кишвар аст. Инро бояд мо ба хеч бахое наффууруушшшеемм. Эй мардуми огох. Ба васвасу фиттнахо дода нашавед. Тенчиро аз даст надихед. Осуда бошем Худо хохад дигар хамаш мешавад. Озодагон чоп кунед хохиш ки мардум донанд ки барои онхо аз хама чиз кимматтар сулх аст. Сулх.
Посух додан
  • точик

  • 14 июл 2014 12:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
агар киргизистон шантажро давом дихад на ьанъо рох балки аз оксой хам мемонад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин бахси марзи дар хамаи давлатхо вучуд дорад. бигзор рохи месохтаи киргизхо аз худуди точикистон гузарад, вале ба хар як километри он мабалги муайян пардохт намояд.
Посух додан
  • Б.Р

  • 14 июл 2014 12:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точикистон истодагарикунед барои рох ин киргизхо бо зури кадра истодаанд. нест рох ба гайр аз дохили Ворух барои сохтани рохи Куктош Оксой Тамдик. Агар аз руи харита кор кунем инчохо хамааш бо Ворух пайваст мешавад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
миёни киргизу узбак нофахмихо ва чангу чанчол вучуд дорад. Байни точику киргиз ин чиз бояд набошад. Киргизхо бояд фахманд, ки точикон халки кадимаи Осиёи Марказианд, дар асл тамоми заминхои Осиёи Маркази ба точикон тааллук дорад. Таърих гувох аст, аммо хакикат талх!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон хобат бурдаст ки коментарихоро чоп намекуни? Течи ми?
Посух додан
  • К

  • 14 июл 2014 14:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бисер аз сари худ наравед, ки
Посух додан
  • чага

  • 14 июл 2014 22:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
кани мирзо чага кани ёкубу гафор анна окибати мардони боору номуса кисманша куштеду кисми дигарша зиндони кардед мархамат марзро сохиби шавед сархадро хама хешу табори калонхо гирифтаанд барои ухо факат сум коркуни лозим нигохи марз ё чанги ногахони даркор нест овози тиро шунаванд дар душанбе мешаванд 3 соатда отпуск гуфта вой бархолатон
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тамдик аз кучо пайдо шуд .Дар давраи раиси Одили Исмат дода шуд. Беакли аз ин хам зиёд мешавад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!