Бахшҳо
15 июл 2014 09:29Тоҷикистон / Сиёсат

Боз як номаи наҳзатиҳои Суғд ба мақомот

Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ирсоли номае аз мақомоти маҳаллии ин вилоят барои баргузории маҳфиле дубора толор хостааст.

Дар номаи ин бахши ҲНИТ ба мақомоти маҳалли вилояти Суғд, аз ҷумла омадааст, “бинобар тахриб шудани қароргоҳи шуъбаи ҳизб аз Шумо хоҳиш менамоем, ки барои таъмини толор мусоидат кунед."

Тавре Фарҳод Собирзода, котиби матбуоти шуъбаи ҲНИТ дар Суғд хабар медиҳад, номаи онҳо рӯзи 14 июл ба масъулини шуъбаи кор бо занон ва оилаи ин вилоят ирсол шудааст. Ба гуфтаи ӯ, бахши ҲНИТ дар Суғд тасмим дорад, рӯзи 24 июли соли ҷорӣ маҳфилеро бо номи “Ҳифзи модар ва кӯдак аз нигоҳи Ислом” баргузор намояд. Ин дархости наҳзатиҳои Суғд аз мақомоти маҳалли худ дар ҳолест, ки дафтари вилоятии ҲНИТ дар ин минтақа борҳо ба ингуна муроҷиаташ ҷавоби манфӣ гирифтааст.

Ахиран чунин посухеро дар арафаи ҷашни 17-солагии Рӯзи Ваҳдат низ дарёфт намуда буд. Илҳомҷон Ёқубов, раиси Бахши ҲНИТ дар Суғд он замон гуфта буд, онҳо бо ирсоли номае ба унвони раиси шаҳри Хуҷанд барои баргузории як чорабинияш бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ толор хоста буданд, вале ба гуфтаи ӯ, масъулин ба онҳо ҷавоби рад дода, гуфтаанд, "ба самъи Шумо расонида мешавад, ки тибқи барномаи қаблан тасдиқшудаи ҳукумати шаҳри Хуҷанд як қатор чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ташрифи меҳмонҳо аз манотиқи гуногун ба шаҳр дар назар аст, бинобар ин дар санаҳои пеш аз ҷашнӣ ҷудо намудани толор ғайримкон аст."

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ 42 ҳазор узв дорад, ки ҳудуди 15 ҳазори он дар вилояти Суғд ба сар мебаранд. Мақомоти шаҳри Хуҷанд баъд аз зуҳри 18 июн ба вайрон кардани қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Суғд шуруъ карданд. Ба қавли онҳо, бар асоси нақшаи куллии маркази вилояти Суғд бояд қароргоҳи ҲНИТ вайрон шуда, дар ҷояш кабудизор бунёд гардад.

Он замон Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ гуфта буд, намояндагони сохторҳои давлатӣ барои вайрон кардани бинои дафтари онҳо қарори раиси шаҳри Хуҷандро пешниҳод кардаанд. Дар ҳоле ки ба қавли вакили мудофеъ, Файзиннисо Воҳидова, ин кор танҳо бо қарори додгоҳ имконпазир аст.
Мӯҳр
Точик
Бовар дорам ин толорпурсихо хама ба хотири расидан ба асаби макомот ва издиватсияи онхост. Дидан ки як бору ду бор рад карда шуд дигар боасосус беасос мурочиат намуда ин холатро ба фоида истифода карда истодаанд.

Кали зарак
Агар хато накунам барои гузаронидани чашни А. Чоми аз чониби ХНИТ макомот толор чудо карда буд ку?! Чаро инро наменависеду яктарафа бахогузори мекунед... Озодагони азиз! Озодасурату палидсират мабош!!!

Дартаниян
Ба фикрам бахши ХНИТ макомоти махаллии Сугда чап гирифтаги. Шояд макомоти махаллии Сугд дар хакикат шароити таъмини толорро надошта бошад.

khayr tolor dihand dar asabashon narasand inkhel boshad baroi chi karorgohashona chapa kardand az uhdai tolor dodan namebaroi mon istand dar karorgohashon in vatan tanho az rahmonufu laganbardorosh nest hamai mo hak dorem chixeleki khohem zindagi kunem agar hxdt mepusid tolor dr 2 dakika tolor yoft meshud bas budagist in razili ba hammai kirdorhoyaton ruze meshavad sharmandavor javob xohed guft

Салом
Хукумат аз Нахзат метарсад ва аз тарс ба нахзат толор намедихад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)