Бахшҳо

Даргузашти ду муҳоҷири тоҷик ва номаи Раҳмон ба Путин

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли номае ба ҳамтои русаш Владимир Путин садамаи маргбори метро дар Маскавро барои ӯ ва сокинони ин кишвар тасаллият гуфтааст. Дар номаи ҷаноби Раҳмон, ки субҳи 16 июл ирсол шуд, омадааст, “аз хабари фоҷеа дар метрои Маскав, ки дар натиҷаи он қурбониҳои ҷонӣ ва захмӣ шудани одамони бисёр ба вуқӯъ пайваст, сахт ғамгинам”.

Дар идома мехонем, “аз номи ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон аз Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, хоҳишмандам, тасаллияти самимии моро ба ақрабо ва пайвандони фавтидагон, ҳамчунин, таманнои ба зудӣ сиҳатёбиро ба ҳамаи ҷабрдидагон бирасонед”.

Дар пайи ин садамаи маргбор, ки субҳи 15 июл дар хатсайри Арбатско-Покровскои метрои Маскав рух дод, ду муҳоҷири тоҷик дар Русия низ ҷон бохтаанд. Муҳаммади Эгамзод, як масъули сафорати Тоҷикистон дар Маскав, гуфт, инҳо Ҳаитов Бӯрӣ Абдуҷалилович (21.12.1989) ва Мавлонов Бахтиёр Қурбонович (17.10.1989) мебошанд. "Ҳоло ҷасади онҳо дар сардхона (морг) аст ва наздикони Ҳаитов ба консулгарӣ даъват шудаанд, то ҳуҷҷатҳои интиқолашро дуруст кунанд",-афзуд ӯ.

Ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, ҳоло чаҳор шаҳрванди кишвар бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхонаҳои Маскав бистарӣ буда, вазъи яке аз онҳо - Муъминшо Муносибшоев (1959) вазнин арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
Посетитель
ИННО ЛИЛОХИ ИННО ИЛАЙХИ РОЧЕУН

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)