Бахшҳо

Интиқоли 91 тоҷик тавассути “Turkish Airlines” ва пайвастанашон ба ДИИШ

Хабаргузории “Форс”-и Эрон аз пайвастани 91 шаҳрванди Тоҷикистон ба саффи ҷанговарони созмони “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом” хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ин шаҳрвандони Тоҷикистон ибтидои моҳи июли соли ҷорӣ тавассути ҳавопаймои Ширкати “Turkish Airlines” ба шаҳри Истанбули Туркия сафар карда, аз онҷо ба минтақаи марзии Сурия ва Ироқ интиқол ёфтаанд. Ин хабаргузории нимарасмии Эрон таъкид кардааст, ки гӯиё ҳавопаймои ширкати “Turkish Airlines” то кунун ҳудуди ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистонро ба Ироқ интиқол додааст.

Ин дар ҳолест, ки Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия, ҳафтаи гузашта дар як суҳбати ихтисосияш бо “Озодагон” шумораи ҷавонони тоҷик танҳо дар саффи ҷанговарони ДИИШ-ро наздик ба 100 нафар хонда буд. Ӯ гуфт, “бо ин оморе ки мегӯянд, 90 ё 100 ҷавони тоҷик дар Сурия ҳаст, розӣ нестам, чун бо муҷоҳидини тоҷик дар Туркия тамос доштаму ин оморро онҳо аз ҳазор нафар зиёд арзёбӣ мекунанд. Ҳудуди 500 нафари онҳо дар қатори ҷангҷӯёни ДИИШ (Давлати исломӣ дар Ироқу Шом) будаанд.”

Давлати исломии Ироқ ва Шом созмони мусаллаҳ аст, ки зери ақидаи Салафияи ҷиҳодӣ фаъолият карда, ҳадафи аъзои он гӯиё ташкили Хилофати исломӣ дар ин минтақа ва татбиқи шариати дини Ислом аст. Он беш аз 15 ҳазор ҷанговар дошта, раҳбари он Абӯбакр Бағдодӣ мебошад.

Ахиран Бағдодӣ дар пайи ҳамлаҳои зиёди мусаллаҳонаи ҷангҷӯёнаш, ки мунҷар ба забти қаламравҳои бузурги минтақаҳои суннинишини Ироқу Сурия гардид, рӯзи аввали моҳи Рамазон аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дода, худро халифаи мусулмонон эълон кард. Ба гуфтаи ҷангҷӯёни ДИИШ, онҳо то ҳол шаҳрҳои Мавсил ва Тикрити Ироқро таҳти тасарруфи худ қарор дода, ҷанговарони он қасди ғасби Бағдодро доранд. Инчунин контроли гузаргоҳи аслии марзии миёни Ироқ ва Сурияро дар ихтиёр дошта, шаҳри Абӯ Камоли Сурия, ҳаммарзи Ироқро низ ғасб кардаанд.
Мӯҳр
а
Чи фарк дорад тавассути кадом ширкати хавои рафтаанд? Ба фикрам як кисмашон бо Сомон Айру дигарашон бо Точик Айр парвоз кардаанд. Хангоме ки билети самолетро мехари хеч кас аз ту намепурсад ту ба чиход мерави е чои дигар.

Эй Халифахо монед хамун халки азияткашидаи Ирокро, равед Саьудиро забт карда гиред кор тамом эх халифахо

а,
Фаркаш да хамин ки унхо шархвандони хамин ватананд фахмо

23
Ин ҳам ташкилкардаи Амрико ба назар мерасад, мисли толибони афгонистон. То кай ин мусалмонони бечораро дигарон истифода бурда бадном мекунанд. Олимону донишмандон мурданд, ки ҳар ки пайдо шуд даъво кард аз қафош медаванд. Аввал алиф беро ёд гир. Амрико ва олати ғарб ҳақиқатан ҳам дигар роҳат мекунанд вақте ингуна инсонҳоро пайдо мекунанд. Олами Ислом аз дасти бесаводон хор шудааст. Боз махсусан ҷавоно ба ин гапҳо тез дода мешаванд. Худованд паноҳ диҳад.

Сабаби ба чиход рафтани чавонони точик ин амри маъруфи зиёди рухониёни точик аз кабили Хочи Мирзо ва Турачонзодахо мебошад, ки ба мафкураи чавонони точик масъалахои диниро чой карда онхоро фанат мегардонанд. Окибаташ худкуши мешавад. Дар натича миллати точик бадном мешавад. Рухониён бояд аввал номи миллати хешро пок нигох доранд. Дини Ислом худ пок аст.

67
Шерафган,
ту ин номро лоик нести РУБОХАФГАН бо ин амали бочахо ту ва хукуматихо айбдороанд холо биист хонаитую касрхои хукумати шуморо БАГДОДИ мегирад сони пушаймониатон суд надорад холохам барвакт ХОЧИ МИРЗОВУ ТУРАЧОНЗОДАХОРО бо минбар баред то онхо бо мардум насихат кунанд айби худатонро бо дигарон бор накунед

Шерпаланг
Шерафган!

сабабаш баракс аст. Вакте давлат конунхои зиддидини кабул мекунад, вакте чавонони зери 18-ро аз масчид рафтан махрум месозад, олимони хакикиву хакгуро аз минбархо дур месозад, сатрро дар мактабу донишгоххо мамнуъ эълон мекунад, ...чавонон ру ба кишвархое меоранд, ки он чойхо фароизи Исломро бе мушкили анчом додан фарохам бошад. Хочи Мирзо худаш гуфта буд, ки дар Сурия чиход нест. Гунохи давлату хукуматро дар сари олимхои Ислом бор накун!

худо гирад ин одамкушлнро. чаро модарон вакте фарзанд ба дуне меоранд, ба чигарбандонашон тухми рахму шафкат ва мехрубони илко намекунанд. вазифаи модар аст фарзандро мафкураи уро ба шарм хае ва дигар хислатхои неки инсони талкин бикунад.

рази
Мутмаинам, ки ин хабар хакикат надорад. Ин як тухмати дигар асту фитнаи Эрон....

Инхо рушона сиёх мекнан ...аз инхо
Паёмбар безор аст

Мунсиф
Эрон аз эъзоми сипоҳи посдоронаш ба Ироқу Сурия хабар намедиҳад. Аслан сабаби нооромиҳо дар минтақа ҳамин ҳукумати охундии Ҷумҳурии рофизии Эрон аст. Аз пахши ин хабар маълум мешавад, ки хадамоти ҷосусии Эрон дар Тоҷикистон фаъолиятҳои худро бештару қавитар кардаанд, то фитнаи дигареро дар ин ҷо ба роҳ андозанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)