Бахшҳо
16 июл 2014 12:51Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Боздошти сохтмони 50 иншоот ва афзоиши изофанависӣ дар Тоҷикистон

Масъулони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон мегӯянд, изофанависӣ ҳангоми сохтмони биноҳо дар кишвар афзоиш ёфтааст.

Абдувалӣ Комилзода, раиси ин ниҳод, рӯзи 16 июл дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, тайи 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҳаҷми 3 миллион сомонӣ изофанависиро ошкор намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 500 ҳазор сомонӣ бештар будааст. Ба қавли Комилзода, дар маҷмӯъ, онҳо дар нимсолаи аввал идомаи сохтмони 50 иншоотро бо сабабҳои гуногун боздоштаанд.

“Аз ин ҳисоб 24 иншоот хулосаи мусбати экспертизаи давлатиро надоштанд, 8-то бе иҷозаи сармеъмор ва 18-тои дигар бе лоиҳаи кории тасдиқгардида корро оғоз намудаанд”,-афзуд ӯ.

Абдувалӣ Комилзода дар нишаст ба масъалаи тобоварии манзилҳои баландошёна ба заминларза низ дахл карда, гуфт, “биноҳое, ки нав сохта шудаанд, ба заминларзаи то 8-9 баллӣ тоб меоранд”. Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба сифати биноҳои сохташуда дар Душанбе баҳои баланд дода, гуфт, аз нигоҳи мустаҳкамӣ низ аз биноҳои замони Шӯравӣ устувортаранд ва ҳеч хатаре надоранд.
Мӯҳр
Душанбеги
Хеч боварам намеояд. ки бо арматури чуянаралаши хитои ва сементи маркаи пасттарин бинои 9 ошёна ба заминларзаи 9 бала токат кунад. Агар сахттар шамоли Файзобод хезад, ин бинохоро Хисор мебарад...

cfi
Хох нохох дар сохтмон 55%-и маблаг изофанависи дорад.
Мисол:
10%-хаки фармоишгар
10%-хаки пудратчи
10%-хурокапулии мехмонони омада
10% -хаки раиси шахру нохия
15%-андозхо
Худ хулоса кунед.
Агар пудратчии ба инсоф бошад дар 45%-и бокимондаи хачми корро ичро мекунад. Ин ракам ба фикрам дар солхои наздик тагийр намеёбад.Чунки ин зиндагии якчанд табакахои мансабдор аст.

Ин бинохо хатман бояд мусодира карда шаванд,ва рохбарони он ба 26 соли,зиндони карда шаванд.

Вакте хамаро манаполия карданд, дигар хамаи бало мешавад. Изофанависи, нестандартизатсия, ай ру рах ай по тела

Ин як рохи пулшуии мансабдорони имрузаи точик гаштааст ки ними харчи иншооти сохташавандаро таксим менамоянду даст ба изофанависи ва истифодаи масолехи камсифат мезананд Як дустам аз кургонтеппа боре ба ман гуфт ки дар бонки милли рохбараш хочатхонае бо ном тилогин сохтааст бо харчи наздик 600000 сомони Бовари кас намеояд акнун аз ин хел горатгарони моликияти давлат чи манфиате ба ин миллату давлат вой бар холи ин миллати бесарпаноху сарсахт

дилшод, Бонки миллии курган кайхо боз лонаи тудаи зогони сиех гаштааст ки бо сардории рохбари манфиатчуяш ки аз ташкилотхои байналмиллаи тачрибаи хоси дуздиро омухтааст ба ин бонк нул халонидаанд ва манфиатбардори ин хел маблагхои калони сохтмонии беназорат гаштаанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)