Бахшҳо

Хонаи ҳукуматӣ, ГАЗ-24 ва насаби русии собиқ раиси Кумитаи амният

Хайриддин Абдураҳимов, собиқ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳоло раҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, мегӯяд, дар сурати даст додани имкон қаср не, аммо як манзили хуб барояш бунёд хоҳад кард. Ӯ, ки дар нишасти хабарии 17 июл суҳбат мекард, гуфт, ҳоло дар Қӯрғонтеппа як хона ва Душанбе манзили чорҳуҷраӣ дорад, ки он ҳам давлатист.

“Хонае, ки дар Душанбе дорем, ҳукуматӣ аст. Агар шароитамон шавад, қаср не, аммо ягон хонаи хуб месозем. Ин чиз аз ҳаваси ҳар кас вобаста аст. Қасрро ҳар кас ба чен (андоза)-и кисааш месозад”,-афзуд ӯ.

Генерал Абдураҳимов дар идома дар бораи мошину фарзандонаш низ сӯҳбат кард. Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир танҳо як ГАЗ 24-10 дорад, аммо барои писараш Тойота Кемрӣ харидааст.

“Панҷ фарзанд дорам. Як писарам 7 сол дар Маскав таҳсил карда, ҳоло дар дастгоҳи иҷроияи президент, дар раёсати муносибатҳои хориҷӣ, кор мекунад. Он камбудҳое, ки дар маҷлиси ҳукумат гуфтанд, мо омада таҳлил кардем ва гуфтем, онҳо ба мо низ дахл доранд. Ман аз аввал ҷӯрабозиро нағз намебинам, аммо ба ҳар ҳол бояд аввал сатҳи саводнокии кормандро бинем. Рост мегӯянд, агар аз рӯи малакаю дониш интихоб накунем, ҷамъият пеш намеравад. Мо сад бор шукр мегӯем, ки бо дастгирии ҳукумат як ё ним қадам ҳам бошад, ба пеш рафтаем. Як деҳқон агар аз кишту кораш ё ҳосили нағз гирад, хурсанд мешавад. Роҳбар ҳам вақте бо кормандонаш кор кард, ягон пешравӣ шуд, хушҳол мегардад”,-гуфт Абдураҳимов.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон афзуд, солҳои наздик пасвандҳои русии “ов”-у “вич”-ро аз насабаш гирифтанӣ нест. “Танҳо ба хотири сафарҳои хориҷӣ доштан наметавонам ному насабамро тоҷикӣ кунам. Тамоми мо медонем, баъди ба тоҷикӣ гардондани ному насаб дар хориҷ ба мушкил дучор мешавем. Баъзеҳо ба мушкил дучор мешаванд аммо намегӯянд. Вақте муҳоҷирон бори аввал насабашонро тоҷикӣ карда, ба Русия рафтанд, азоб кашиданд. Баъд аз он боз насаби худро русӣ карданд. Ҳамин хел мушкил аст. Ман, ки сафари хидматиам зиёд аст, агар иваз кунам, шаш бори дигар дар хориҷа дар кашмокаш мешавам”,-афзуд Хайриддин Абдураҳимов.

Хайриддин Абдураҳимов афзуд, “пеш аз як корро кардан бояд таҳлил кардан зарур аст. Агар ба иваз кардани ном одам миллатдӯст ва ватандӯст шавад, ба Ватан хиёнат накунад, пас ман ҳам иваз мекунам. Тӯли чанд сол ман вазир будам, раиси Кумитаи амният будам, ки инҳо дар “учет”-ҳои махсус ҳастанд. Як сол - ду соли дигар мондааст, ҳамин корҳоямонро яктарафа кунем, баъд иваз мекунам, то дар вақти сафарҳо мушкил нашавад.”
Мӯҳр
Ё Худоё ин бандаат дар мохи шарифи рамазон руирост дуруг мегуяд. Рост мегуянд ки дар чомеа одамони як руяю дуруя ёфтан мушкил - одамон чандруя шудаги. Албатта, бо ин мансабдоро Точикистон пеш намеравад. Ба гуфти як милисаи чурам ки ба милисаи дигар мегуфт: ту мурда рави хам Точикистон пеш намеравад.

.
Магар бо хамин маоше ки мегирад (3000-4000 сомони) мошини Камриву хонаи хуб сохтан имконпазир аст? Аз тачрибаи худ мегуям, ки ин маблаг танхо барои хурду хуроки миенаи оилаи иборат аз 4-5 нафар кофи аст.

саид
Мисли кудак гап мезанед дар хорича бо ному насаби милли харгиз мушкили пеш намеояд хуссусан ба мансабдорон ....Ромиш,

патриот
вакте ки вазири амният(касе ки кафили амният ва масъули оромишу осоиши мо буд ё ҳаст) аз тарси хафа шудани як марзбони оддии рус насабашро миллӣ намекунад пас ба ояндаву пешрафти ин сарзамин чи умед!!!!!!!!!!!!!!??????????

58
У ки худ холо руссия рав ки хаст иваз накардааст млнхо одамон вичу вов карда ба гуломи мераванд инхо бошад холо вакт хаст баъд мекунем меган!Ягон нафаре дар еди омма хаст е на ?

Рости, "Озодагон" барои кормандонат бурдбориву барои худат устувори таманно дорам! Кахрамони ин мавзуъ сабабгори аслии харобшавии кумитаи амният буд! Худ, ки дар давраи шурави рутбаи харбиаш аз капитан боло намерафт, дар давраи "тиллоиаш" (солхои 2000ум) яку якбора генерал-лейтенат шуд.

Хидир
Хайриддин Абдурахимов шаф -шаф не Шафтолу бугу мардак борин.
Сабаби асоси ному насаби точикира нагирифтанат ин пенсия ва шахрвандии Русси мебошад.

Мухаммад
Бахона бахона бахона Шумо раиси мухтарам аз ному насаби точики бадатон меояд аз харфзаданотон маълум

"Сафарҳои хориҷӣ, сафарҳои хориҷӣ...." Шумо, мӯҳтарам, киро гӯл зада истодаед? Беҳтар нест, ки "сафар ба Русия" гӯед? Зеро танҳо кишвари азаматталаб ва шовинисти рус ба ному насаби тоҷикӣ қасд кардааст. Чаро русҳо ба арману, грузину, молдовану, арабу, афғону хитою дигар ва дигар миллатҳои муҳочири меҳнатӣ, ки ному насаби хоси худро доранд, кор надоранду фақат ба тоҷикон кор доранд? Медонед, барои чӣ? Зеро, тоҷикон, ки аз аввал бозичаи дасти онҳо шуданд, то ҳол бозичаанд ва Русия Тоҷикистонро моли худаш меҳисобад, ва намехоҳад, ки тоҷикон чеҳра (идентичност) пайдо кунанд, яъне ғурури миллӣ. Рости гап инро ҳукумати Тоҷикистон ҳам намехоҳад. Ин ҳукумат ҳамвора кӯшиш карда истодааст, ки ин миллат характери ғуломиро нигаҳ дорад ва дар ин самт пирӯз ҳам шудааст. Мисолҳо бисёр зиёданд, лекин мавриди сухан нест. Чанд сол пеш муовини Вазири корҳои хориҷии онвақтаи Тоҷикистон, дипломати варзида Ғуломҷон Мирзоев, дар яке аз рӯзномаҳо мақолае чоп карда буданд, ки чораи "ғам додани русҳо соҳибони ному насаби тоҷикиро" бисёр осон аст: ба номи мақомоти Русия як нотаи расмӣ (мактуби дипломатӣ) аз номи Тоҷикистон бояд фиристода шуда, онҳоро огоҳ карда шавад, ки "минбаъд сокинони Тоҷикистон ба ному насаби миллии тоҷикӣ бармегарданд". Тамом. Пас аз ин забони русҳо кӯтоҳ ва дасту пояшон баста мешуд. Вале, чи тавре ки дида мешавад, ҳукумати Тоҷикистон ин корро то ҳол накардааст. Чаро? Ин муаммоест, ки фақат ба ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия маълум аст! Аз афти кор дар ҳарду кишвар ҳалқаҳои афроде ҳастанд, ки ҳануз ҳам умед доранд, ки рӯзе Иттиҳоди Шӯравӣ дубора эҳё мегардаду ному насаби русӣ даркор мешавад. Сабаби нигаҳ доштани макотиби русӣ дар Душанбе низ ҳамин аст, ҳоло ки миллати рус ангуштшумор мондааст. Сабаби асосиаш ин аст, ки мо, тоҷикон, бенангиро шеваи зиндагӣ кардаем!

феликс
Агар ман ба чои чаноби Абдурахимов мешудам, агар то ин дарача беномус ва бе гайрати чавонмарди намебудам, баъди фирори террористон аз зиндони Кумитаи амнияти кишвар ва халокати фарзандони бегунохи халк пагонхои генралиамро худам бо дасти худам канда, богбони ё худ дехкони мекардам ва харгиз мансаби раиси кумитаи холатхои фавкуллода ва ё худ дигар мансабро кабул намедоштам. Афсус ки ин "мард" заррае номуси марди надоштааст. Озодагон агар аз генерал натарси ва гайрати марди дошта боши чоп кун.

Ин мардак хамон генералест, ки фикрашро бо ягон забон баен карда наметавонад. Офарин ба рузноманигорон ки чизе аз у фахмиданд. Масаъалаи ному насаб бошад бешубха пенсияи русист, чуеки баъди бозишаста шудан аз точикистон факат 600 сомони мегирад аз руссия бошад хади акал 6000 фаркро мебинед?

Шамсиддин
генерали мо алфози бисёр кабех дорад ва инсонхоро паёпай "мраз" мегуяд ва ин калимаи дустдоштаи вай аст. КЧС и ГО-ро низ мисли амният чазир кард, баъди омаданаш кумита холати дилсиёхкунандаро фаро гирифта бехтарин мутахассисони соха тарки вазифа карданд.

Ин генерал Абдурахимов, ки дар командаи Эмомалй Рахмон бошад, чаро дар бораи номгузории точикй мукобил!!!!! гап мезанад. Охир хар руз Президент бо ному насаби точикй ба хорича меравад ку. Инро чй хел фахмем, рафик Генерал ва журналистон?

Шамсиддин,
Инки генерал Абдураҳимов коргаронашро бо лафзи ҳароми русӣ "мраз" гӯён дашном медиҳад, маълум аст, ки устозаш кист? Сангак Сафаров - генерали мардумии солҳои ҷанги тоҷик ба тоҷик. Сангак дар ҳар баромади телевизиониаш ҷониби мухолифинро "эти мрази" гӯён бо русӣ сухан мекард. Маҳз гурӯҳи ӯ тоҷиконро ба вовчику юрчик тақсим карда буд. Он солҳо касе бо лаҳни поки тоҷикӣ, бе олоиши русӣ, сухан мекард, вовчик, яъне ваҳҳобӣ, гӯён террораш мекарданд. Захми забони тоҷикӣ қисман аз ҳамон солҳо сар зада, то ҳол чуқуртар шуда истодааст. Аз баракати генералҳои биёбоннишин.

Назар
Сад хайфи забони точикие, ки генерали точик, рохбари як макоми мухими давлати Точикистон дорад. Сатхи дониши забони точикии у, сатхи хонандаи синфи панч ва ё шаши давраи Шурави мебошад.
"Рост мегӯянд, агар аз рӯи малакаю дониш интихоб накунем, ҷамъият пеш намеравад. Мо сад бор шукр мегӯем, ки бо дастгирии ҳукумат як ё ним қадам ҳам бошад, ба пеш рафтаем. Як деҳқон агар аз кишту кораш ё ҳосили нағз гирад, хурсанд мешавад. Роҳбар ҳам вақте бо кормандонаш кор кард, ягон пешравӣ шуд, хушҳол мегардад".
Ман ба маълумоти Шумо расониданиам, дар Русия, дар вилояте, ки мо зиндаги мекунем, холо ягон маротиба вонахурдаам, ки касеро вобаста бо насаби точикиаш таъкиб карда ва ё хукукхояшро поймол карда бошанд. Бахонаи пешовардаи генерал, бахонаи кудакона мебошад ва як чумлаи дуруст талаффуз намудаи у дар бораи писари дар дастгохи ичроияи президент кор мекардаи у аст. Хайфи вазифаи давлат.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)