Бахшҳо
17 июл 2014 17:52Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Сумангул Тағоева: Аз Тоҷикистон 371 000 нафар рафтанду 174 000 баргаштанд

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд тайи нимсолаи аввали соли равон 371 ҳазору 587 муҳоҷири меҳнатии тоҷик ба хориҷи кишвар рафтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109 ҳазор нафар кам аст.

Сумангул Тағоева, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ рӯзи 17-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе яке аз омилҳои асосии коҳиш ёфтани муҳоҷирати меҳнатии тоҷиконро дар он гуфт, ки Русия сафари тахминан 100 ҳазор нафарро ба қаламраваш мамнуъ кардааст: “Ба ин қатор муҳоҷироне ворид шудаанд, ки қонунҳои будубош дар Русияро вайрон кардаанд.”

Сумангул Тағоева афзуд, дар шашмоҳа 366 ҳазору 112 муҳоҷири меҳнатии тоҷик ба Русия, 3580 тан ба Қазоқистон, 1895 тани дигар ба дигар кишварҳои дуру наздик ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд.

Ба қавли Тағоева, тайи ин муддат ба Тоҷикистон аз хориҷ 174 215 нафар баргаштаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 56 ҳазору 25 нафар кам шудааст.
Мӯҳр
Иншаллоҳ рӯзе мешавад, ки касе муҳоҷирати меҳнатиро ба самти русия ихтиёр намекунад ва ҳукумати Тоҷикистонро аз гулӯнаш мегиранд. Одам бояд доимо бо зану фарзанди хеш зиндагӣ кунад. Барои ҳамин оила гуфта мешавад. Ягонагии оила ки вайрон шуд, он ҷомеа дар фасод меғӯтад, яъне мепӯсад. Ин падидаест, ки ҳамарӯза дар Тоҷикистон мушоҳида мегардад. Кӯчактарин далели фасоди оила ин ҚИССАИ САИД ном муҳоҷир аст, ки чанд маротиба аз ТВи марказии Русия пахш шуда, Тоҷикистонро бадном кард. Боқӣ фасоду фасодкориҳо аз ин зиёданд.

хамаро фиреб кардед ки русия ба мо осони кардааст дуруг акалан дар худуди раси бе праписка 5 руз гашта наметавонем баракс хама мушкилтар шудааст

59
Ин чи хелай ки мехнат несту вазорат хаст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)