Бахшҳо
18 июл 2014 14:59Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Нархи картошкаро интихоботи Афғонистон гарон кард? Фарзияи Валиев

Сироҷиддин Валиев, раиси иттифоқи «Тоҷикматлубот» сабаби болоравии нархи картошкаро дар бозорҳои Тоҷикистон ба вазъи сиёсии Афғонистон ва интихоботи президентии ин кишвар марбут донист.

Валиев имрӯз, 18-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе таъкид намуд, ки нархи картошкаро дар Тоҷикистон воридоти он аз Покистон, ки тавассути қаламрави Афғонистон сурат мегирад, муътадил нигоҳ медошт. Аммо ба далели интихобот воридоти он коҳиш ёфта боиси гаронӣ шудааст.

Раиси “Тоҷикматлубот” инчунин пӯсидани картошкаи истеҳсоли дохилиро, ки Вазорати кишоварзӣ пеш овардааст, шубҳаовар хонд. Ӯ гуфт дар “Тоҷикматлубот” ҳолатҳои пӯсидани картошка сабт нашудааст ва дар назар аст, ки барои тирамоҳу зимистони дарпешистода 10 000 тонна картошка захира намоянд.

Ин дар ҳолест, ки Давлаталӣ Ҳотамов, муовини аввали вазири кишоварзии Тоҷикистон 17-уми июл, зимни як нишаст дар Душанбе омили афзоиши нархи картошкаро ба набудани яхдонҳои нигоҳдорӣ барои ин навъи маҳсулот рабт дод. Давлаталӣ Ҳотамов аз ҳисоботи Қосими Раҳбар, вазири кишоварзӣ ба президент дар бораи истеҳсоли беш аз 1 миллион тонна картошка дар кишвар ҳимоят намуда, изҳор дошт, ин омор воқеист, аммо бисёри картошкаи истеҳсолшуда ба далели набудани яхдонҳои нигоҳдорӣ пӯсидааст.
Мӯҳр
кишварз
Ана ин одам рост мегуяд. наход кариб як милион тон картошка пусад? бояд вазорати кишварзи чавоб гуяд ба ин дуругаш, ки мардумро кунда хиёл кардаанд. об аз боло лой вакте ошкоро масъули як вазорат 8 милион инсонро фиреб мекунаду аз масъулият шона холи карда факат барои онки аз пеши хабарнигорону конфронси матбуоти гурезад як гапи по дар хаво гуфта меравад пас ин мардуму давлат сохиб надорад аз боло ёд гирифтаанд ки чихел онхо низ ки фиреб мекунанд ин поёнихо хам мардумро ба як тини пучак кабул надоранд.

Дар хакикат дар баини мансабдорони давлати мо мухолифати истехсоли ва фурушу-таъминот мавчуд мебошад, яъне яке барои вазифа шуда дуруги махз (пусидани картошка) дуюмин интихоботи давлати хамсояро бахона мекунад. Хои бародарон дар холате, ки истехсоли бардуруг медихенд илтимос онро дар рузи пурсиш химоят карда тавонед. Талабот нархро дар бозор муайян ва истехсоли хаккони, яъне пур шудани бозор онро(нархро) паст карда метавонад.

Муаллим
Бале, муҳтарам Валиев! Дар моҳи Рамазон набояд дуруғ гуфт. Дар Тоҷикистон картошка нпусида буд ба ин дараҷа. Ман ҳайрон, ҳозир Ҳотамов оиди ин дуруғаш чи хел виҷдонашро дошта меистад. Барои Тоҷикистон дар нигоҳдории картошка яхдон лозим нест. Охир вай бо барқ кор мекунад-ку! Ҳотамов! Як дуруғи дигар гуй, ки гуё дар зимистон барои яхдонҳои картошканигоҳдорӣ барқро аз Мадагаскар тариқи бандари Дубай ва биёбони Гиралтар кашонида меорем. Дигар якуним миллиард тонна картошкаи ғундоштаи вазорати хоҷагии қишлоқ намепусаду, нархи картошка 12 дирам мешавад! ХаХаХа!"

Ннн
1000000 тонна ба дахан гуфтан осон, дар кучо нигах доштен ин кадар микдор картошкаро, мумкин вакти набор як нол зиед омада бошад бад вазири бечора ноилоч хонд хамун ракамро

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)