Бахшҳо

Номаи Додоҷони Атовулло ба модараш: “Танҳо ин дарё медонад, ки ташнаи дидор будан чист”

Додоҷони Атовулло, раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор” ва муассису сардабири нашрияи “Чароӯғи рӯз”, ки беш аз бист сол боз дар ғурбат ба сар мебарад, баъд аз зуҳри 18 июл мактуберо ба номи модараш навишт. Ин нома, ки “Сарвода” унвон дорад, дар саҳифаи Фейсбуки ӯ бо чаҳор акси модар ва зодгоҳаш чоп гардидааст.


“...Таҳи айвони хонаи лаби дарё шояд модари ман нишаста бошад. Ва чашм ба селаи паррандаҳои муҳоҷир медӯзад, ки дар баландиҳои осмон парвоз доранд.

"Кадоме аз онҳо бачаи ман бошад?" Шояд ӯ маро меҷӯяд дар он радда, дар он села...

Модари ҷон!

Ҳамон паррандае, ки пойҳояш обила бастаанд ва аз дилаш хун мечакад, манам. Шинохтӣ?

Ҳамон паррандае, ки хаста асту базӯр бол меафшонад, манам. Дидӣ?

Ҳамон паррандае, ки сурудаш ҳазинтарин, ҷонсӯзтарин ва пурдардтарин аст, манам. Мешунавӣ?

Ман туро мебинам.

Ман туро мешунавам.

Ман медонам, ки дар ин моҳи шарифи Рамазон ту бо лабони парсингбаста шабу рӯз дар дуо ҳасти.

Ман медонам, ки дар он боғ, боғе, ки боғи кӯчаке аз биҳишт аст, ту барои ман шафтолу мечинӣ.
Медонам, ки набераҳоятро аз сари тути пеши хона меронӣ, ки як табақ то омадани ман барои ман бимонад.

Ман медонам, ки ту дар лаби дарё зери лаб тарона мехонӣ ва танҳо он дарё аз ҳама беш ғуссаву қиссахои туро медонад. Дарёе, ки як бахшаш танхо дарёи хонаводагии мост. Ва танҳо ин дарё медонад, ки ташнаи дидор будан чист, ташнагӣ чист, аз ташнагӣ сӯхтан чӣ сон аст...

Боз хам фаслҳои сол иваз мешаванд. Турнаҳо меоянду мераванд. Аммо ману ту бо умед зиндаем ва, иншоаллоҳ, дида ба дидор мерасад...

...Ва ман барои ту шафтолу мечинам...”
Мӯҳр
Модари ҷон!
Ҳамон паррандае, ки пойҳояш обила бастаанд ва аз дилаш хун мечакад, манам. Шинохтӣ?
Зинда бошӣ, Додоҷон! Доди суханро додаӣ ва ҳам медиҳӣ! Худо нигаҳбони туву модари азизат!

Беҳуда худро дарбадару қурбон ва модаратро ҷигарпораву пазмон кардӣ, бандаи Худо (Ҷ)! Ба ин миллате, ки ту барояш дар талоши озодӣ ҳастӣ, на озодӣ даркор асту на демократия, на истиқлолият, на фарҳангу на илму дониш. Матали : "...ТӮРБАИ КАҲ БОШАДУ КУНҶИ РАБОТ" беҳтарин васфи хислати ин миллат аст. Тули асрҳои бардагӣ ин мардумро ба бардатарини бардаҳо мубаддал кардааст, ки дар муқоиса бо бардагии яҳудиёни замонҳои Мӯсо Алайҳиссалом ҳеҷ аст. Ҳоло ки дер нест, модарат дар қайди ҳаёт аст, дар кишваре лона бисоз, модаратро наздат бихон ва он зоти муборакро ба оғӯш бигир, пеши пояш биафт ва барои солҳои ӯро дар азият гузоштаат бахшиш бипурс.

Бар зидди миллат ва давлати хеш, ки душмани карди, чоят гарибист.

Рустам
Додочон модарро, ки ёд карда бошад, Ватанро ёд кардааст. Зеро Ватану Модар якест. Ватанро ёд карда бошад, пас аз кардаву гуфтахояш пушаймон аст. Дид ва донист, ки мукобили дарё рафтан намешавад. Халку миллату Ватан ба суи ободиву шукуфойи меравад...

Додочон модарашро дуст медорад яъне ватанашро дуст медорад ва у доимо дар талоши он аст ки мардуми поквичдону халолкорро пуштибон бошад.ва барои ин ин шахси муборизро баъзеъхо душман мегуянд, вале солимфикр мефахмад ки Додочон кист. Ба Додочон бехтарин ничтхо мехохам.

Тире ба нишон. Ва ин Нишон- Мо хам модар дорем. Ва бо нидои Додочон. Телевизиони яки ТЧ шоми 17-уми июн Модари фарзанде ва Фарзанди модареро васф мекард. Дилогох мефахмид, ки чй гапе хаст. "Модарнома". Хатто, артистони запрет хам барои Модар баромад карданд. МО хам Модар дорем. Ин аст нидои Додочон. Сафсатаи зиёд нахонеду сарфахми навишт ва замона бошед. Мулло.

Ba hamai SHUMO
Okhir bazeho in milatro khoru zor kardand!!!!!!!!!!!! mefahmidai fahmid...

Эй бечораи то хат нависондана пул равон кун пул хута да беномуси зади кор кун то да таги ор мурдана да таги кор мур

гариб
ДАР ГАРИБИ ГАШТА ГАШТА РАНГИ ЗАРД ОВАРДААМ
РАНГИ ЗАРДАМРО БА ПЕШИ АХЛИ ДАРД ОВАРДААМ
ФАКАТ АХЛИ ДАРД ИНРО ДАРК МЕКУНАД....
БО ЛАБИ ДАМСОЗИ ХУД ГАР ЧУФТАМЕ
ХАМЧУ НАЙ МАН ГУФТАНИХО ГУФТАМЕ.....

Аз тубарин Фарзанд. Модар
Безор аст. Модар бошад. Ватан набошад
Мурдан бехтар аст???

Alizoda
Гариб еди Ватан мекунад на еди бихишт...Модарро ед карда бошад Ватанро ед кардааст....

Додочони Атовулло 22 сол боз миллати моро ба Озоди мехонад ва хаеташро дар ин рох сарф кардааст. Афсус мо ба кадри чунин фарзонагон намерасем. Ман тамоми навиштахои уро мехонам ва офарин мегуям: ба часораташ, ба мардонагияш, ба бурдборияш. Аз руи инсоф даст ба руи сина монда бигуед: мо Дододчоне дигар дорем?

Бе ватан. Садкаи. Модар шави

Хазорхо модарон мисли модари додочон дар лаби чубори назди хавли мегузарад менишинанд ба рохи фарзандонашон зор зор меноланд кай ин девори гурбат мешиканад то дида ба дидор бирасад.

оффарин устод мо бо шу моем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)