Бахшҳо

Ҳоҷӣ Мирзо: "Агар осмону заминро ҳам дар ихтиёри худ дароред, рӯзе ҷонро месупоред"

Ҳоҷӣ Мирзо (Ибронов), яке аз рӯҳониёни саршиноси тоҷик, ҳангоми мулоқот бо як гуруҳи муҳоҷирони корӣ дар хориҷ аз онҳо даъват кардааст, волидайн ва зану фарзандони худро қадр кунанду бо онҳо тамоси доимӣ дошта бошанд.

Ӯ дар суҳбат бо муҳоҷирони муқими шаҳри Алма-Атои Қазоқистон, ки 6 июли соли ҷорӣ сурат гирифтааст, гуфта, ки “аз Ислом ба ҳадде дур рафтаед, ки муқаддасоти худро гум кардед. Дар ёд дошта бошед, ҳатто агар Осмону Заминро ҳам дар ихтиёри худ дароред, рӯзе ҷонро месупоред. Ҷаннату дӯзахи Шумо тавре паёмбар (С) мегӯяд, падару модаратон аст.”

Ба гуфтаи ин руҳонии тоҷик, ҳар боре ба хориҷа сафар мекунад, падару модарон аз ӯ хоҳиш мекардаанд, бо фарзандони онҳо мулоқот карда, ҷавонони тоҷикро насиҳат кунад, то бо хонаводаҳои худ тамоси домиӣ дошта бошанд: “Ҳар вақт ба хориҷа сафар кунам, аз сӯи волидайни Шумо бисёр муроҷиатҳо мешавад. Падару модароне ҳастанд, ки аз Шумо бисёр хафа ҳастанд. Шумо ба андозае бузург шудаед, ки падару модарро фаромӯш кардаед. Ҳар яке аз Шумо ҳадди ақал бояд дар ду рӯз як бор бо модару падар ва зану фарзанди худ тамос гиред. Ин афродро Шумо набояд фаромӯш кунед, чун ба ҷони худ ҷафо хоҳед кард.”

Инчунин, Ҳоҷӣ Мирзо дар идома ба масъалаи талоқ дахл карда, аз афзоиши теъдоди муроҷиаткунандагон дар робита ба масоили талоқ ба ӯ, хабар медиҳад. Ин руҳонии тоҷик аз шаҳрвандони Тоҷикистони муқими кишварҳои хориҷӣ даъват мекунад, даст аз талоқ кардани ҳамсарҳои худ тавассути телефону смс бардоранд.

“Бисёр гилаҳо аз Шумо дорем, чун бархе аз Шумо аз инҷо истода, занҳои худро талоқ медиҳед. Дар як рӯз беш аз 100 ё 150 бор ба ман тамос мегиранду 90 дарсади муроҷиатҳоро масоили марбут ба талоқ ташкил медиҳад. Бар асоси омори расмӣ дар як сол дар Тоҷикистон 5 ҳазору 500 ҳолати талоқ ба қайд гирифта мешавад. Аксари Шумо аз инҷо тариқи телефон дар хитоб ба занҳо мегӯед, ки ту модар ё бародари маро хафа кардию ту талоқ, дар ҳоле намедонед, гунаҳкор кӣ аст. Падар ё додару модарат. Ин роҳи дин ё роҳи эҳтиром нест”,-афзудааст ӯ.

Дар идома Ҳоҷӣ Мирзо аз қавли донишманди бузург – Имом Ғаззолӣ иқтибос оварда, мегӯяд, “мард вазифадор аст, дар чаҳор рӯз ҳадди ақал бо зани худ хонадорӣ кунад, чун ин ҳаққи зан аст, дар сурате ки Шумо як солу ду сол онҳоро суроғ намекунеду онҳо дағал ҳам шавад мисли “хар” дар хонаҳои Шумо хидмат доранд.”

Ҳоҷӣ Мирзо яке аз руҳониёни маъруфи тоҷик аст, ки ду соли пеш дар пайи як “маърака”-и ивазкунии имомхатибони масоҷиди ҷомеи кишвар аз имом-хатибӣ ба истеъфо рафта буд. Ӯ баъд аз барканории аз симати имом-хатибӣ ба Душанбе омада, дар пойтахт ба сар мебарад.
Мӯҳр
Мухлис
ХОЧИ МИРЗО МА ЯК ЧАВОНИ БЕАКЛ БУДУМ АЗ МАВИЗАХОИ ШУМО ХУДАМРО ОДАМ ХИС МЕКУНАМ НИСБАТИ ПАДАР МОДАР ЯГОН ДАГАЛИ ШУД ПУШАЙМОН МЕШАВАМ ПАДАРУ МОДАР РИЗО НАБОШАД РУЗАВУ НАМОЗИ МО ДАР НАЗДИ Худованд хеч кадре надорад дар хаки мо дуо кун Хочии барои мо азиз:

nasihati xub karded hoji-prezidenti muhtaram hoji mirzoro muftii tojikon moned bovar kuned bo kumaki allohu shumovu hoji fasodu rishva az bain meravad inshoalloh.

Сорбоншох
Гапои хубу лекин гайри Хочи Мирзо дигар кас намедонад, ки мумарад! Касе дар ин олам даъвои абадзиндаги накардааст ку лек ин Хочи Мирзо гуё Амрико кашф кардааст гаштаву баргашт мемури мегуяд...ягон гапи нав гуфтан даркор мухтарам Хочи. Мо бе ту хам медонем ки мемурем...

Muslim
Сорбоншох,

Бародар хама дар фикри мурдан нест хама ки фикр кард ИншаАллох ба нафъи уст аммо мардуми мо фикр намекунан ки ояндаи кор чи мешавад ......

Darveshi Farkhori
Kudaki navzod girya mekunad, baroi chi MULLO?? Chunki u ziq ast! Zero vay allakay fikri murdanro mekunad!!!!!!!!!!!!!!!!!! Nav fahmidum ki Eshonon niz kame az ilm dur raftaand!!!!!!!!!!!!!!!!!

Корвонкуш
Сорбоншох,
Ба Сорбоншох. Бале , Хочи Мирзо хак мегуяд. ки хама мирандаем. Ва ин кораш дуруст хам хаст. ки бори дигар МИРАНДА БУДАНИ МОРО БА ЁДАМОН МЕОРАД!!!!Ту хафа нашав, Сорбон! Ту хам мемури ва ман хам. Барои хамин хам зиндаги куну хам гами фардоятро хур.

Байни замину Осмон
Хочи Мирзо яке аз шахсхои гайриодди, ба хаиси барандаи бехтарини арзишхои динни ва милли Точикон дар чомеъаи имруза арзи хасти дорад.
Эътироф бояд кард, ки мавизахои У берун аз марзи Точикистон кадр карда мешавад ва шояд хизматхои Хочи Мирзо аз тарафи ОЛЛОХ кадр карда шавад, ба хотири хидоят ба рохи хак ва поки. Дар чомеъаи имрузаи мо хузури у бомаврид ва талаботи давр аст.

А-а
Сорбоншох,
Медонум, ки мемурум - намедонум,ки кай мемурум.

demokrat
Darveshi Farkhori, Сорбоншох
Хочи Мирзо ёдрас мекунанд.

Дориёнуш
Чй ин кадар Хочй Мирзоро реклама мекунед? Ин хам ба мисли Хочй Хайдару Эш. Нуриддину дигару дигарон. Факат дар гами шикаму киса ва дигар нафсхояшонанд. Аз ин вазъгуихои бефоида, бурову дарахте сабз кунед, мехнат намоед. Аз сафсатагуихои шумо дили мардум сер шудааст. Дар Точикистон баъди "борон2-хои солхои 90-ум хочиву мулло рехтаст. Поята дароз мекунй он дар ... хочиву муллохои бесавод мезанад.

Ба Дорёнпуск
ту сарфахми худата идора кардан намерави боз истода гап мезани ту ба фикрам яхуди хасти, ки теша ба решаи худ задаистодаи Гуфти Ленин [ Хар кас . . . . хурад ] ту чи кор дори ба мулову эшон. Як нукта бас аст агар шуур аст, В-ар на чу чарог пеши кур аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)