Бахшҳо
19 июл 2014 07:20Тоҷикистон / Тема дня

"Одноклассники" дар Тоҷикистон дастнорас шуд

Шабакаи иҷтимоии "Одноклассники" дар Тоҷикистон дастнорас шудааст. Бархе аз корбарони ин шабака мегӯянд, тақрибан аз 9 соати қабл наметавонанд ба сомонаи мазкур ворид шавад. Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҳам як корбар навишта, ки "Одноклассники" боз намешавад.

"Одноклассники" як шабакаи иҷтимоии русист, ки дар Тоҷикистон корбари зиёд дорад. 14 июни соли сипаришуда дар шаҳри Душанбе шакли тоҷикии ин шабакаи иҷтимоӣ муаррифӣ шуд. Мария Лапук, сухангӯи “Одноклассники” он вақт ба “Озодагон” заруратӣ ба тоҷикӣ пешниҳод кардани онро чунин баён карда буд: “Дар тӯли чанд соли охир Интернет дар Тоҷикистон рушд кардааст ва кишвари Шумо ҳоло аз ҷумлаи пешсафон дар миёни кишварҳои Шӯравии собиқ дар ин замина мебошад. Чуноне иттилоъ дорем, ҳоло 34 дарсади аҳолии Тоҷикистон аз интернет истифода мебаранд ва ин рақам рӯ ба афзоиш аст. Шабакаи иҷтимоии “Одноклассники”дар Тоҷикистон хеле маҳбуб аст ва яке аз бозорҳои аслии ин шабака кишвари Шумост. Шурӯъ аз баҳори соли гузашта гурӯҳи “Одноклассники” тасмим гирифт, ба корбарони худ дар мамолики гуногун наздиктар шавад ва ҳамин аст, ки ба 11 забони кишварҳои пасошӯравӣ, аз он ҷумла тоҷикӣ, арманӣ, украинӣ, гурҷӣ, қирғизӣ, қазоқӣ тарҷума шудааст. Ин ба мо имкон медиҳад, бо корбарони худ муносибати беҳтар дошта бошем”.

Масдудияти ин шабакаи иҷтимоии русӣ дар ҳоле аст, ки қаблан Facebook низ дар Тоҷикистон чанд маврид дастнорас шуд. Аз субҳи рӯзи 9 июл ба ин сӯ бошад, баъзе ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет дар Тоҷикистон дастрасӣ ба видеопортали Ютуб (YouTube)-ро маҳдуд карданд.
Мӯҳр
Точик
Ман фикр мекунам, ки ин тарси хукумат аз Умарали Кувватов аст. Чунки дар одноклассники ва Zello бисёр аз омодагихо бар зидди хукумат сухан меравад, шояд аз хамин сабаб кумитаи амният хабар ёфта ин шабакахоро масдуд доранд...

саид
Бо воситаи Opera кушода мешавад.

kosim
Шакли мобилиаш кушода мешавад аз телефон.

Беном.
Дируз навори зане, ки аз хусурбачаи президети Точикистон шикоят мекар беш аз 2000 "класс" гирифт ва наздик ба, ,2000 "комет" зераш навишта шуд. Сабабаш хамин аст.

салом алекум барои чӣ кор намекунад Одноклассники аз сабаби чӣ кайба кора сар мекунад?

барои чи дастнорас шуд

барои чи дастнорас шуд

сино
Бо https://anonymouse.org махдудиятро муввакатан нест мекунад

Душанбе
Як мама роза кам шид

Як мама роза кам шуд!!!!

аднакласник умри чавононро барбод дод истифода хуб кам ба назар мерасид

https://n5sg433lnrqxg43onfvwsltsou.cmle.ru вот вам и одноклассникиТочик,

Ман медонам бароичи баста шудааст дар одноклассники як навори зане хаст, ки шикоят аз хусурбачаи приздент карда аст духтари 15-солаи уро тачовуз кардаст духтар то хол бемор аст мегуд модари чабр дида максади баста шудан Ин аст наворо зиеда аз 5-хазор одам тамошо кардаст 3700-класс гузоштаанд ва зиеда аз 1500 каментария шудаги аст

Anonimous
Хукумат аз касе наметарсад, ва он нафароне, ки бар зидди хукумат суханхо мезананд онхо сагони лаъинанд, шукронаи АЛЛОХ ва шукронаи сарвари давлат гуед, ки дар чунин Ватани обод осуфта зиндаги доред, махз захмати Чаноби оли Эмомали Рахмон буд, ки Точикистон сулхро ба даст овард ва агар ин марди набард ба майдони чанг намедаромаду алангаи оташи чангро хомуш наменамуд пас холо мову шумо дар ин шароити хуб намебудем, хатто мумкин зинда хам намебудем, хозир масалан гирем агар шумо 2 сомон кор кунеду ягон нафар онро аз Шумо гирад доду воятон мебарояд, ана хамин тавр Эмомали Рахмонхам мехнат карда Точикистонро обод намуд пас метавонад чи хеле ки дилаш мехохад зиндаги кунад. Магар аз ёдатон рафт солхои 1991-92-юм? агар ин марди шараф намебуд холо хам халк дар хамон ахвол мебуду микдори зиёди мо дунёро падруд мегуфтем, Шумо мисли як кудак хастед, ки дасташро гиранду ба кадом тарафе барандаш меравад, на аз акиби ХАК. Барои хамин бисёр начакед

Хакгу
Э бародаро, меистед нигох карда, ки кай силькай одно кушода мешавад, охир бо силкахои гайрифаъоли одно дароед, дар Точикистони мо нестанд хакероне ки кулфхоро шикаста дари мардумро кушода кунанд, магар мото кай мутахам аз хар кучо шуда меистем, мархамат ба силкахои (Анонимайзер, daidostup.ru, зеркало ва гайрахо, мархамат бе мамоният дароед
)

Махмуд
Бо кадом сабаб одноклассник кать шуд дар миёни точикхо нав шиносои пайдо карда истода будам аз хамин хам мондам ба хархол хуб шуд дастнорас шуд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)