Бахшҳо

ДИИШ: Худованд ба мо нагуфтааст... бо исроилиҳо биҷангем

Нашрияи исроилии “Haaretz” аз изҳороти ахири созмони “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом” (ДИИШ) дар мавриди он ки ҳоло алайҳи кишвари он ҷиҳод эълон намекунад, истиқбол кардааст.

Ин нашрия дар матлаби худ бо номи “ДИИШ бо Исроил ҷангиданӣ нест!” менависад, ки ин созмони ба ном “исломӣ” гуфтааст, “Худованд дар Қуръон ба мо дастур надод, пеш аз мубориза алайҳи мунофиқон, бо исроилию яҳудӣ биҷангем.” Дар ин матлаби “Haaretz” омадааст, ДИИШ гӯиё феҳристи мақомҳои баландпояи кишварҳои арабиро дар даст дораду онҳоро ҷузъи ҳадафи худ медонад, вале дар он номи ҳеч мақоми исроилӣ дида намешавад.

Созмони “Давлатӣ исломӣ дар Ироқ ва Шом” ахиран бо нашри як паёми худ ба сару садоҳо дар мавриди ин ки чаро ин созмони даъвои хилофати исломӣ дошта, алайҳи режими Исроил ҷиҳод эълон намекунад, гуфта буд, то замоне мубориза алайҳи “афроди мунофиқу мункирони Худо”-ро анҷом надиҳад, барои ҷанг бо исроилию яҳудиён намебошад. Ин созмони мавсуф ба террористӣ мегӯяд, беҳтарин посух барои ин суолҳо дар Қуръон омадааст, ки Худованд дар мавриди душмани наздик – мунофиқон суҳбат мекунаду онҳоро аз кофир хатарноктар хондааст.

Ин истиқболи нашрияи “Haaretz” ва паёми ДИИШ дар ҳолест, ки бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз сафарбар шудани ҷангҷӯёни ин созмон ба навори Ғазза ба хотири мубориза алайҳи исроилиҳо хабар дода буданд.

Давлати исломии Ироқ ва Шом созмони мусаллаҳи мавсуф ба террористӣ аст, ки зери ақидаи Салафияи ҷиҳодӣ фаъолият карда, ҳадафи аъзои он гӯиё ташкили Хилофати исломӣ дар ин минтақа ва татбиқи шариати дини Ислом аст. Он беш аз 15 ҳазор ҷанговар дошта, раҳбари он Абӯбакр Бағдодӣ мебошад. Бағдодӣ дар пайи ҳамлаҳои зиёди мусаллаҳонаи ҷангҷӯёнаш, ки мунҷар ба забти қаламравҳои бузурги минтақаҳои суннишини Ироқу Сурия то кунун гардид, рӯзи аввали моҳи Рамазон аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дода, худро халифаи мусулмонон эълон кард. Ӯ дар нахустин паёмаш пайравони дини мубини Исломро барои ҷиҳод дар Сурия ва Ироқ даъват карда, пайвастан ба саффи созмонашро "воҷиб" хонда буд. Бағдодӣ, аз мусулмонон хост, тарки ин воҷиб накунанд: “Дар ин моҳи пурбарак ҳеч амале беҳтар аз ҷиҳод дар роҳи Худо нест. Аз ин рӯ, ин фурсатро ғанимат шумореду бо ҷиҳод дар роҳи Худо ба кӯмаки дин шитобед.

Вале дар пайи эълони ин хилофати “исломӣ” Иттиҳоди ҷаҳонии уламои Ислом бо нашри изҳороте таъсиси онро бо раҳбарии Абӯбакр Бағдодӣ маҳкум кард. Дар изҳороти ин иттиҳод, ки зери имзои Юсуф Қарзовӣ, олими шинохтаи суннӣ ва раҳбари он нашр гардид, таъкид шуда буд, "ин “Хилофати исломӣ” зидди меъёрҳои шариати Ислом буда, аз нафъи он зарараш ба пайравони ин дин бештар аст.

Иттиҳоди ҷаҳонии уламои исломӣ гуфт, “аввалин изҳороти ДИИШ, ки дар онҳо ҷонибдорӣ аз мардуми сунни мазҳаб ва сокинони азиятдидаи Ироқ мешуду ба як хезиши мардуми норозӣ монанд буд, моро хушҳол гардониду аз он истиқбол ҳам кардем, вале дере нагузашта бо ташкил шудани “Хилофати исломӣ”-и аз сӯи ин гуруҳ, умеду орзуҳои мо ба руъё пайваст.

Иттиҳоди мазкур изҳор дошт, ки ҳар чанд ташкили “Хилофати исломӣ” орзуи ҳар як фарди мусулмон аст, вале дини мубини Ислом ва мактаби зиндагӣ мегӯяд, “барои таъсиси он бояд хуб фикр карду зиёд омодагӣ дид, халифаи мусулмонҳо бояд аз сӯи тамоми пайравони ин дин ё намояндаи онҳо, аз қабили ходимони дину донишмандон ва ҷамъиятҳои исломӣ интихоб шавад. Аммо ин ки як гуруҳ имрӯз халифаро интихоб мекунаду аз ташкили хилофати исломӣ хабар медиҳад, зидди тамоми меъёрҳои шаръӣ аст.

Аз сӯи дигар, Абӯлуқмон, пешвои бахши ДИИШ дар шаҳри Риққаи Сурия баъд аз “халифа” эълон шудани Бағдодӣ, аз тими ӯ ҷудо шуда, худро “халифаи муслимин дар Шом” хонд. Абӯлуқмон дар шарҳи ин тасмими худ гуфта буд, “ӯ аз ашираи Алуҷайл аст, дар ҳоле ки Бағдодӣ насабаш маълум нест.
Мӯҳр
Сиёсатбек
Хайр мухтарам ДИИШ-хо мусалмонхои худатонро дар пахлуи яхудихо истода куштан гириед баъд мебинем ки кучо меравед баъди мурдан. Ачаб Куръоне доштаед ки дифоъ аз мусалмонхоро раво намедидааст...Шумо шайтонхои ришдоред ки инро хар босавод медонед... афсус ки гумрохон хам зиёданду ба Шумо мепайванданд.. аммо фаромуш накунед ки чун тег ба даст оред мардум натвон кушт.....наздики Худо бади нест фаромуш

Исфара
Aчаб нест зеро ин салафиҳоро агар модарашон оли саъуд бошад падарашон исроил аст!

Пешгуй
Ин ДИИШ худ сохтаи Яхуд мебошад чунки яхуд медонад, ки агар дар шахрхои исломи ороми бошад ин ба зарари уст
Абубакри Багдоди намедонад, ки бозичаи дасти Яхуду Насоро гаштааст
хар он чи дар Сурия мегузарад ин хам кори Яхуд мебошад

Сармад
Ин ДИИШ моли худи Исроил аст, чи хел зидди яхуд мечангад?!

Мусулмони гарангро хама фиреб мекунад. Инора хамаша кир мекунанд. Хилофат аз сарашон мемонад.

tj
Лаънат бар ин гуна мусалмони. Инхо палид
Хастанд. Исроил. Падари инхост???

ин хоро исроил худаш омода кардааст чигуна бар мукобили исроил мечанганд инхо хама дастпарвардаи хамун кофирон астан хилофати онхо бар зидди ислом аст онхо худ кофиранд.

Бехат
Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом (ДИИШ) ба Исроил чангидани нестанд. Чунки Худованд ба онхо ичозат намедодааст. Гуфта шуда будааст, ки аввал бародарони мусулмоноатро нобуд соз, баъд масъалаи Яхудба маслихат мекунем.

имрон
Директори Иститути Исломшиносии Росия Александр Игнатенко то огози чахиш ва элони чиход дар марзи ободони Ирок ва Шом тахлили карда буд,ки самти харакати ин (ободкорон) дар дохили ин кишвархо хохад буд ва асло бо кушвари бегонае монанди Амрико ва Исроил чанг эълон нахохад кард. Яъне бо куштан ва тачовузи шиъахо (мусалмонхое,ки кофирашон эълон карданд) иктифо хоханд кард.

Кайхон
Худованд ба онхо гуфтааст ки мусулмононро кушед. Ба исроилихо зурашон намерасад. Куштани мусулмонони бесилох осонтар аст. Ин котилони ДИИШ-ро мусулмон гуфтан чоиз нест,онхо котиланд.

Худованд НЕ дурусттараш CIA ба мо нагуфтааст бо Исроилихо бичангем мегуфтед дурусттар мешуд! Оху вохи тифлакони фаластини Шуморо занад фанатикони бесавод!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)