Бахшҳо

Оторбоев: Барқро аз Тоҷикистон хеле арзон гирифтем...

Тоҷикистон барқро ба Қирғизистон бо нархи 2 сент сари ҳар киловат мефурӯшад, ки аз нархи фурӯш барои худи тоҷикистониён 0,5 сент арзонтар аст.

Ҷоомарт Оторбоев, сарвазири Қирғизистон зимни нишасти матбуотӣ дар Бишкек гуфтааст, онҳо тавонистаанд, аз Тоҷикистон ба ивази 2 сентӣ нерӯи барқ харанд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ барқро ба ивази 4-5 сентӣ мефурӯшанд. Оторбоев розигии ҳукуматашро аз нархи барқи Тоҷикистон баён карда, афзудааст, ки мақомоти тоҷик барои он ба ин нарх барқ мефурӯшанд, ки ҳамасола дар фасли тобистон обро бе истеҳсоли барқ аз обанборҳо холӣ мекунанд.

Оторбоев таъкид намудааст, ки барқи аз хориҷа харидаашонро ба мардуми кишвараш ба ивази 1,5 сентӣ мефурӯшанд ва фарқиятро аз ҳисоби буҷа ҷуброн мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик нархи барқро дар кишвар аз ҷумлаи арзонтаринҳо арёзбӣ карда, сар аз якуми июл онро 15 дарсад то ба 12,6 дирам боло бардоштанд. Баробари ин ҳамасола дар фасли тобистон ба далели набудани хатти интиқол об аз обанборҳои Тоҷикистон бе истеҳсоли барқ раҳо мешавад, ки дар натиҷа иқтисодиёти кишвар беш аз 200 миллион сомониро ҳар фасли гармо аз даст медиҳад.
Мӯҳр
Мубтало
Киргизхоро мо бояд дастгири намоем. Хамсоя хуб барои мо даркор. Дар оянда низ Киргизхо моро дастгири хоханд кард.

самад
хе муред шармандахо киргиз шумохона лата карда аст халк то кай ором менишаста бошад манфиати милиро нигох кунед

Точик
самад,

Бародар Самад, иштибох мекуни. Тахаммулпазири ва ба провакация дода нашудани Хукуматдорони мо ва ахоли оиди казияи марзи ба нафъи мост ва иншоаллох рохи мусбии худро меебад. Бо Киргизхо муносибати хуб дорем ва ягона минтакаест, ки бисери мавод ба воситаи сархади ин давлат ворид мешавад. Агар мисли Узбекистон муносибатхоро бад кунем, хуб намешавад барои хар ду кишвар, гарчанде куввае хаст ки мехохад бо мунокишахои марзбонон сулху суботро байни ду кишвар ноором кунад. Агар мунсифона нигох кунем, оиди марзу минтака Киргизхо нохакканд чунки бисери минтакахои моро тули солхо ишгол карда аз дустиву нарму мулоимии мо истифода кардаанд. Ман тарафи худамонро гунахкор мехисобам, ки бояд дар даврони Шурави ягон китъаро надода хатти марзиро бояд мекашиданд ва имруз ин мунокишахо рух намедод. Акнун дарди сарамон шудааст, ки Киргизхо бар дуруг територияи мояй гуфта даъво мекунанд. Акнун ки дер шудааст, бояд ба як максади мувофик расем ва кинаву адоватро аз байни ин ду миллат дур кунем ва чун пештара дусту бародар шуда давлатхоро якчоя рушд дихем. Бинобар ин бо нархи чанде баркро ба Киргизхо медиханд ин ба фоидаи хар ду кишвар аст, ки онхо аз мо арзон мегиранд ва клиенти постоянно ба хисоб хоханд рафт ва мо низ ба чое оне ки обро холостой сар дихем барк истехсол мекунему ба бучаи кишвар маблаг ворид мекунем. Ташаккур! Мубтало,

Вазорати энергетика маънои тарифро умуман намефахманд ва бесавод хастанд ки наход ба зарар кор кунем! барки мардума зиед кунену барки киргиза кам!

12.6 дирам чанд сент мешад?

bxudo namedonam girya kunam yo bixandam az bessavodii in hukumat az beaklii inho ham alamam mekunad ki inkadar hukumatdoroni beaklu bessavod doremu bozham mardumi mo tarifu tavsif mekunand laganbardori mekunand eeee mardum mo ba kujo raftaistodaem? okibati mo cdi meshavad? baXudo kasam mardum bedor shaved ki agar haminxel raftan girad vatan az dast meravad inro bined mantik dar kujost? naxod baroi mardumi xudat duyunimu baroi kirgizhoeki harruz tirshap dorand du sent? boz bazei benomushoyash az hamin ikdom dastgiri mekunand voyy barholi mo bo in millati xobidai bisyorashon benomus

sorik,
Инро мегӯянд: миллати худкушу бегонапарвар! Ин ҳукумат дар ҷабҳаи (фронти) худкушӣ сари қудрат омада аст. Чанд сол пеш инҳо ба мардуми Тоҷикистон 4 дирами барқ мефурӯхтанду ба Ӯзбакистон 2 дирами. Мегуфтандки "Мо барқи зиёдатиро фурӯхта истодаем!" Дар ҷавоб Ӯзбакистон чӣ мекард? Дар зимистони қаҳратун газу барқро қатъ мекард. Он замон узбакҳо ба мо дар фасли зимистон бояд барқ медоданд. Лекин бо ҳар баҳона ҳафтаҳо барқро қатъ мекарданд. Мо бошем, тобистон ба онҳо аккурат 2 дирами барқ мефурӯхтем. Намехостем, ки "ҳамсоя хафа шавад". Акнун мебинем, ки ҳамин хел сиёсатро бо Қирғизистон пеш гирифтаанд. Барқат зиёд бошад, чаро барои халқи худат ба ҷойи арзон кардан, онро 15% гарон кардӣ? Кани мантиқ? Худоё аз ин ҷоҳилони кӯрсавод нигаҳ дор. Инҳо воқеан ҳам рафта рафта кишварро хароб карда, титу пит мекунанд. Шармандаҳо! Барои ҳамин касе инҳоро ҳурмат ҳам намекуаду ба инҳо бовар ҳам. Боз мехоҳанд, ки инвесторҳои хориҷӣ биоянд. О, кадом инвестор бо фасодкор мехоҳад ҳамкорӣ кунад? Худоё, худат ба роҳи дуруст ҳидоят бикун. Танҳостем, ки танҳо!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)