Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 18 июн 2019, 23:38

Ҳамдардии президент аз суқути ҳавопаймои малайзӣ

21 июл 2014, 10:08

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон дар робита ба суқути ҳавопаймои ширкати Малайзия унвони нахуствазири ин кишвар - Дато Сри Мохд Наҷиб бин Тун Абдураззоқ, шоҳи Нидерландия - Виллем-Александр ва генерал-губернатори Иттиҳоди Австралия - Питер Косгроув номаи тасаллият ирсол кардааст.

Дафтари матбуотии президент менависад, Бердимуҳаммадов аз номи худ ва мардуми Туркманистон ба хонавода ва наздикони қурбониёни садама изҳори ҳамдардии амиқ баён кардааст.

Боинг-777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзия шоми 17 ба 18 июли соли ҷорӣ ҳангоми парвоз аз Амстердам ба Куала-Лумпур дар қаламрави Украина ба замин сарозер шуд. Дар пайи ин садама, 280 мусофир ва 15 узви экипаж ба ҳалокат расидаанд. Бино ба навиштаи расонаҳои украинӣ, тахминан соатҳои 16.30 ба вақти маҳаллӣ тамос бо Боинг-777, ки дар баландии 10 ҳазор метр қарор доштааст, қатъ гардид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!