Бахшҳо

Чаро Э.Раҳмон бо ҳавопаймои “Сомон Эйр” сафар мекунад, на “Тоҷик Эйр”?

Фирӯз Ҳамроев, раиси ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон, “Тоҷик Эйр”, рӯзи 21 июл дар ҳузури хабарнигорон омилҳои аз хизмати ҳавопаймоҳои ширкати хусусии “Сомон-Эйр” истифода намудани Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро шарҳ дод. Ҳамроев ба суоли хабарнигори “Озодагон” дар ин маврид афзуд, "ба фикри ман, ба далоили амниятӣ раиси ҷумҳур хизматрасонии “Сомон Эйр”-ро авлотар донистаанд".

Ӯ илова кард, “мо чӣ ҳам накардем, ки аз хизматрасонии мо истифода баранд, ё не. Инро худашон мебинанду интихоб мекунанд. Ба фикрам, ба далели амниятӣ ҳавопаймои “Сомон Эйр”-ро интихоб намуданд, чун тайёраҳои ин ширкат воқеан ҳам навтаранд. Ҳарчанд ҳавопаймоҳои мо низ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯянд, аммо тайёраҳои онҳо навтаранд.”

Видеои суҳбати Ҳамроев дар бораи интихоби президент

Чаро Э.Раҳмон бо ҳавопаймои “Сомон Эйр” сафар мекунад, на “Тоҷик Эйр”?Дар баробари ин Фирӯз Ҳамроев, эътироф намуд, ки Сомон Эйр на танҳо дар кашондани раисиҷумҳур балки дар интиқоли мусофирон дар дохилу хориҷи кишвар низ мавқеи онҳоро танг кардааст. Ӯ изҳор дошт, ки Вазорати нақлиёти кишвар дар нимсолаи аввал бисёре аз парвозҳоеро, ки “Тоҷик Эйр” анҷом медод, ба “Сомон Эйр” додааст: “Мо ҳафтае аз Хуҷанд ба самти Маскав 7 парвоз доштем, ки 3 тояшро вазорат ба Сомон Эйр дод. Вазорати нақлиёт, ки дар ин соҳа иҷозатнома медиҳад, инчунин парвоз дар хатсайри Душанбе-Истанбулро низ ба “Сомон Эйр” дод.”

Ҳамроев инчунин эътироф намуд, ки Сомон Эйр мавқеи ин ширкатро дар бозори дохилӣ низ танг карда, ниҳоят ба он овард, ки “Тоҷик Эйр” аз парвоз дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд даст кашид: “Мо дар ин хатсайр парвоз мекардем ва баъдан “Сомон Эйр” низ парвозҳоро роҳандозӣ намуд. Дар натиҷа мусофирони мо кам шуданд ва умуман аз ин хатсайр даст кашидем.”

Видеои суҳбати раиси "Тоҷик Эйр" дар бораи додани парвозҳояшон ба "Сомон Эйр"

Раиси “Тоҷик Эйр” гуфт, бо тайёраи МА-60-и чинӣ натавонистанд дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд бо “Боинг”-ҳои “Сомон Эйр” рақобат кунанд. Ӯ инчунин илова намуд, ки аз кори МА-60-и чинӣ розӣ нестанд ва тайёраи дуюмеро, ки интизор мерафт аз Чин харанд, рад намудаанд.

Ин аст, ки ба иттилои раиси “Тоҷик Эйр” тайи нимсолаи аввали соли равон аз хизматрасонии ширкат 165 хазору 909 нафар мусофирон истифода бурданд ва ин нишондиханда нисбати нимсолаи аввали соли 2013 14 хазору 244 нафар камтар аст.

Видеои иқдом барои раҳоӣ аз буҳрон

Бо назардошти ин ва ҳаҷми қарздорӣ мудирияти “Тоҷик Эйр” мегӯяд, лоиҳаи қарори ҳукумати Тоҷикистонро таҳия кардаанд, ки дар он ихтисори то 30 дарсади кормандон, аз эътибор соқит донистани 22 ҳавопаймои замони шӯравии ин ширкат ва лағви қарздориро дар назди фурудгоҳи Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа дар бар мегирад.
Мӯҳр
Дилёб
Фикр мекунам инхам як амри Хакк аст. Мудирияти "Точик Эйр" аз кисаи мухочирини мехнати ба кавле "равган андохт" акнун замони заволашон хам даррасид. Банда сад дар сад аминам, ки Фируз Хамроев дигар дар зиндаги ба чизе ниёзманд нест. Пул, мол, мошинхои гаронарзиш, кушк ва гйра барояш хар сари кадам мухайёст. Боз чаро талаби бештар мекунад? Ин даворн канун насиби гурги дигар гашт.

Ismaili
Салом. Наход то ин дарача расид, ки фаъолияти корхонаи шахсии аз фаъолияти корхонахои давлати дар назди давлат авлотар бошад. Дузди хам як рамкаи муайян дорад. Аз хисоби акцияхои Рогун тайёрахо хариданду боз ин гуна кунанд. Окибат дар назди Худо таъоло чи чавоб медиханд.

Ismaili
Салом. Сохиби аслии Сомон-эйр кист ку мардонавор бигуед.

.
Ismaili,

Бепарво бош хамаш бачахакои хдмонан ай боло.

Сомон
Озодагон Ген директори Точик Эйра алиш кадан имруз

Инчо чои шубха нест хизматрасонии ширкати Сомон-айр бисёр хуб аст назар ба Точик айр !!

Сомон созай чем и точикэйруш якумуш дигару инай ки мошинои нав дорад

Ismaili
Салом. Сомон-эйр андоз месупорад ё ранги IRS мебошад.

Анкетил Дюперрон
О! бародарон як ба Афгонистони кашшок нигаред авиакомпанияи бузурги "Помир"-ро ташкил карда онро тарики сомонахои Канада,Амрико ва Урупо реклама мекунад.Наход мо номи баланди"Помир"-ро низ аз даст дихем.Хеч фикр мекунед ми чанобони хоким...!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)