Бахшҳо
23 июл 2014 00:47Тоҷикистон / Сиёсат

Изҳороти ҲНИТ дар бораи боздошти Шӯҳрат Қудратов: “Ба фаъолияти сиёсӣ ва касбияш рабт дорад”

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) боздошти Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Зайд Саидов – соҳибкор ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони навро маҳкум карда, онро ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва касбии ӯ рабт додааст. Масъулони ҲНИТ мавзӯи боздошти Қудратов аз сӯи маъмурони Оҷонсии зидди фасоди молӣ ё коррупсияро дар ҷаласаи рӯзи 22 июл дар қароргоҳи ин ҳизб баррасӣ кардаанд.

“Раҳбарият амали мақомотро маҳкум намуда, онро дорои ангезаи сиёсӣ ва марбут ба фаъолияти сиёсиву касбии ӯ донист”,-гуфт Маҳмудҷон Файзраҳонов, сухангӯи раиси ҲНИТ дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон”.

Инчунин, роҳбарияти ҲНИТ боздошти Шӯҳрат Қудратовро ба ирсоли номаи 21-саҳифагии ӯ дар масъалаи Зайд Саидов ба сафорати кишварҳои хориҷӣ, созмонхои байналмилалӣ, расонаҳо ва ҳукумату парлумони Тоҷикистон алоқаманд донистааст. Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи шинохтаи тоҷик, ки тайи бештар аз як сол боз аз ҳуқуқи Зайд Саидов дар додгоҳ ҳимоят мекард, рӯзи 21 июл ба иттиҳоми пешниҳоди пора ба яке аз додрасҳои Душанбе боздошт шуд. Мақомоти Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон гуфтаанд, алайҳи Қудратов бар асоси моддаи 320-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтиши он идома дорад.

Маъмурони Оҷонсӣ баъд аз зуҳри 21 июл маҳалли кори Шӯҳрат Қудратов ва манзили ӯро мавриди тафтиш қарор дода, телефону комютери ӯ ва пулҳояшро, ки барои тафтишот зарур будааст, бо худ бурдаанд.

Дар панҷ моҳи охир ин боздошти дувумин вакили мудофеъ аз сӯи Оҷонсии зидди фасоди молӣ ё коррупсия аст, ки аз ҳуқуқи Зайд Саидов ҳимоят мекарданд. Моҳи марти соли ҷорӣ Фахриддин Зокиров, яке дигар аз вакилони ин соҳибкори зиндонӣ ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон низ ба иттиҳоми қаллобӣ ва гӯиё напардохтани қарзи бонк дастгир шуда, то ҳол дар боздоштгоҳи муваққатист.
Мӯҳр
Артур Пекерман
Бародарон бас аст халки точикро гул задан.Ин миллат он кадар беакл нест мефахмад,ки чаро Кудратовро,бо кадом максад махкам кардаанд.Чун интихоботи мохи ноябрии соли 2013 бе ракобат ва ношафоф буд,ин мардум намедонанд,ки чи кор кунанд.

Рустам
Иммичро ба чунин шева матрах намекунанд. Шухрат хислати ман-манй дорад. Ягон кори марбуди химояхояш мусбат хал нашудааст. Пяри арзонро аз тарики расонахо хуб анчом дода метавонад. Гунахкоронро химоя кардан окибаташ хамин аст. Чанд мудат дар боздоштгох шинад, шояд аклаш чобачо шавад.

САЙДАБРОР
Рустам,
Рустам,
Бародар Рустам!!! Ту як инсоне хасти, ки да пеши чашмат чи корхо рафта истодааст мебиниву аммо батаври сохтакор шарх медихи!!! Инхо давлатро барои манфиати худ идора мекунанд! оФАРИН БА ХНИТ!!!!
МАРХАМАТ ХИЗБХОИ ДИГАР АКИДАХОИ ХУДАТОНРО БАЁН КУНЕД! ЁИНКИ ШУМО БАРОИ ДАР ИНТИХОБОТ ХИЗБИ ЧАНОБРО ТАЪРИФ КАРДАН ФАЪОЛИЯТ МЕКУНЕД?

Адвокат
Дар ин хукумат чое барои оозоди ва озодандеши вучуд надорад, диктатура тамом. Даврони Сталин хуш омади(((((((((((

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)