Бахшҳо

Хушҳолии модар ва ҳамсари Александр Содиқов аз озодии ӯ

Пайвандони Александр Содиқов, пажӯҳишгари тоҷик, ки баъди бештар аз як моҳи боздошташ ба иттиҳоми ҷосусӣ раҳо гардид, мегӯянд, аз чунин ранг гирифтани кор хушҳоланд. Мушарраф Содиқова, ҳамсари Александр, дар як тамоси телефонӣ бо “Озодагон” гуфт, “бисёр хурсандем, ки дигарбора дар канори мост. Беш аз ҳама духтарчаамон хушҳол аст”.

Модари Александр Содиқов ҳам аз раҳоии фарзандаш истиқбол кард ва гуфт, онҳо аз оғоз ба ин бовар буданд, ки дар боздошти писари ӯ сӯитафоҳум шудааст. Александр Содиқов, пажӯҳишгари тоҷик, ки моҳи гузашта аз тарафи маъмурони амниятӣ ба иттиҳоми ҷосусӣ дар Хоруғ боздошт шуда буд, рӯзи 22 июл ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат озод гардидааст.

Худи Содиқов дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфтааст, дар хона ҳамроҳи хонаводааш ҳасту хушҳол мебошад. “Ҳолам хуб аст, рафтори (маъмурони амниятӣ) бо ман хуб буд",-афзудааст ӯ.

Александр Содиқов баъд аз зуҳри 16 июни соли ҷорӣ бо иттиҳоми ҷосусӣ дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд. Ӯро замоне дастгир карданд, ки бо Алим Шерзамонов, раҳбари дафтари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар маркази Бадахшон суҳбат мекард.

Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 17 июни соли ҷорӣ бо пахши изҳороте гуфт, Александр дар пайи иҷрои супориши хадамоти махсус (ҷосусӣ)-и яке аз давлатҳои хориҷӣ будааст. Аммо худи Содиқов мегӯяд, бо фармоиши Донишгоҳи Эксетери Бритониё ба пажуҳиши масъалаи идораи низоъҳо дар Хоруғ машғул буд. То кунун даҳҳо Иттиҳодияи илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бо пахши изҳорот аз Содиқов ҳамчун пажуҳишгар ҳимоят карда, хостори раҳоии ӯ шуда буданд.

Александр дар рӯзҳои аввали дастгир шуданаш дар боздоштгоҳе дар Хоруғ буд ва сипас ӯро ба боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ дар Душанбе интиқол доданд.
Мӯҳр
Мать Тереза
Дигар илочаш набуд. 4500 ачнаби илтимос карданд.Мефахмам балам, мо давлати кучак.Хатто Путини таърифира ахволаш бад карданд.

Сиетли точики
Чизе наёфтанд!Чавонони босаводи точик аз ин макомотхо рафтанд ва ё онхоро кабул намекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)