Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 24 октябр 2021, 16:30

Ҳукми шаҳрванди Қазоқистон, дӯсти Тсарнаев дар Амрико 16 октябр эълон мешавад

23 июл 2014, 10:23

Азамат Тажаяков, як шаҳрванди 20-солаи Қазоқистонро дар халал расондан ба ҷараёни тафтиши ҳамлаи террористии Бостони Амрико гунаҳкор шинохтаанд. Бино ба иттилои расонаҳо, ҳукми ӯ 16 октябр эълон хоҳад шуд. Нашрияи Guardian навиштааст, ки Азамат Тажаяковро 5 соли зиндон ва 250 000 доллар ҷарима таҳдид мекунад.

Ёдовар мешавем, 15 апрели соли 2013 дар пайи таркишҳо дар хатти марраи марафони Бостон 3 нафар кушта ва садҳо тан маҷруҳ шуданд. Бо иттиҳоми созмон додани ин таркишҳо бародарон Темурлан ва Ҷоҳар Тсарнаевҳо чечентаборҳои Қирғизистон муттаҳам шуданд. Темурлан ҳангоми таъқиби пулис кушта шуд, Ҷоҳар дар боздошт аст. Азамат Тажаяковро дӯсти наздики Ҷоҳар Тсарнаев мегӯянд. Ӯ ҳамроҳ бо Диас Қодирбоев, як рафиқаш пас аз се рӯзи таркиши Бостон борхалтаи ҳомили маводи пиротехника ва ноутбуки Ҷоҳар Тсарнаевро нобуд кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!