Бахшҳо

Эълони рӯзи Иди Фитр ва талаби 600 сомонӣ ҳаққулузвият

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар, санаи 28 июлро рӯзи Иди Фитр эълон кард.

Маъруф Бобоев, котиби матбуотии ин ниҳод, гуфт, Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар ҷаласаи рӯзи 23 июли худ санаи дақиқи Иди Фитрро муайян кардааст. “Намози ид дар тамоми масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон соати 7:00-и 28 июл оғоз меёбад”,-афзуд ӯ.

Шӯрои уламо дар идома имомхатибонро вазифадор кардааст, дар мавъизаҳои худ диққати сокинонро ба дастгирию кумаки ятимон дар рӯзҳои хурсандӣ ҷалб карда, ба сарфакорӣ дар рӯзи ид даъват кунанд. Инчунин дар ин қарори Шӯрои уламо таъкид шудааст, масоҷиди ҷомеъ аз ҳисоби маблағҳои ҷамъоваришуда дар намози ид 600 сомонӣ ҳаққи аъзогиро ба хазинаи Маркази исломӣ бисупоранд.

Иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола баъди ба поён расидани моҳи шарифи Рамазон таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ баъд аз солҳои наввадуми қарни гузашта дар шакли расмӣ аз он истиқбол шуда, дар ин рӯз дари ҳамаи коргоҳҳо баста ва ин рӯз истироҳат эълон мешавад. Мардуми доро одатан дар ин рӯз, бар асоси расму ойини мазҳабии худ, гӯсфанд ё говеро қурбонӣ намуда, шахсиятҳои гирду атрофи камбизоати худро низ аз гӯшти он бенасиб намегузоранд.
Мӯҳр
ali
Ин маблаги хакулузвият ба кисаи Сайидмукаррам ё Холиков медарод ё ба кисаи ким кии дигар?

Хайри
Баъди супоридани 600 сомони шояд, ки шумораи масчиди чомеъро то иди оянда зиёд кунанд. Вало ! ту Пул- Пул нести, балки ПУЛ-МОСТ хасти. Ту чу МОСТ ду сохилро мепаиванди. НАУЗУБИЛЛОХ.

Бекор
Хукумат пулатон намедихад, ки ба суи масочиду кисаи мардум чашм ало кардед? Касе аз хисоби пули мардум сохиби хонаи дуошёна ва мошин шуданист!

Макомоти давлати дига рохи пул пурсиро наёфтан??? И хам ислама бизнес кардаистодааст???!!!!

Мебахшен бародарону лекин Раиси Кумитаи дин барои 600 сомонии шумо , ки инкадар миллату иллат кунед аз тамоми мсочиди чомеъ агар чамъ кунед ин пулам хичи аст . Худоро шукр як квотаи хач 7000 доллар шудаги хами 100-ша агар чанобашон фурушан 700 000 доллар мешавад, чи даркор инкадар одамора паст задан. илова бар ин боз дигар роххои даромади махсуси кумита хаст барои мисол ба кайд гирифтани як китоб худаш чанд сум меистад равон кардани корихои курон ба кишвархои хоричи хулоса мо 100рон рохи даромад дорем кумиат барои 600 сомони шумо мурдаги не . Ин пулхои мелич наисби хамун

маъруф,
Ба ростӣ пули ҳаҷравӣ 7000 доллар шуда аст? Вой, хонат сӯзад кумитаи динеее...! Намеравам ҳамун ҳаҷ! Ҳаҷам дар хона. Шиками фарзандонро дуруст сер карда, таълиму тарбияи хуб диҳам, ана ҳамин худаш ҳаҷ! Аллоҳ Таоло худаш медидагист, кӣ чӣ тавр зиндагӣ мекунаду аз кадом ҳисоб сафари ҳаҷ мекунад!
Нархи квартираю манзилро ба осмонҳо бардоштед, акнун навбати сафари зиёрати мусулмонҳо омад? Ку кӣ он Хадамоти зидди инҳисорӣ, ки монополияи шуморо шиканад. Ин чашмони гуруснаи шумо кай сер мешавад? Дар ин рӯзҳои моҳи Рамазони шариф ба қазовати Аллоҳ Таоло супурдем шуморо....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)