Раҷабзода дар бораи бозори орд ва ширкатҳои ҳукмфармо
Абдусамад Раҷабзода, раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣии Тоҷикистон мегӯяд, дар бозори орду гандуми кишвар монополист вуҷуд надорад ва 62 ширкату соҳибкор ба воридоти ин намудаи маҳсулот машғул мебошанд.
Раҷабзода нархи миёнаи ҳар тонна гандуме, ки соли 2013 ба кишвар ворид шудааст 425 доллари амрикоӣ арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки ҳаҷми воридот 32 дарсад коҳиш ёфта ба 232 ҳазор тонна баробар шудааст: “Ҳаҷми воридоти гандум низ 14 дарсад кам шуда, 640 ҳазор тонна ва нархи миёнаи ҳар тоннааш 326 доллари амрикоиро ташкил намудааст.”
Ин дар ҳолест, ки тибқи ҳисоби Барномаи озуқа ва кишоварзии СММ 60 дарсади калорияи рӯзонаи мардуми Тоҷикистонро маҳсулоти ордӣ ташкил медиҳанд. Нархи як халта орд дар кишвар, ки авали сол ҳудуди 115-120 сомониро ташкил медод, феълан ба 135-140 сомонӣ расидааст.
Дар маҷмуъ Раҷабзода эътироф намуд, ки бархе аз ширкатҳо дар ин ё он соҳаи иқтисоди кишвар мавқеи ҳукмфармоиро доранд . Хадамоти зиддиинҳисорӣ теъдоди чунин ширкатҳоро 63 адад арзёбӣ намуда, афзуд, ки фаъолияту нархгузории онҳо зери назорат аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |