Бахшҳо

Худдории домоди раисиҷумҳур аз ифшои дороияш ба хабарнигорон (ВИДЕО)

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия ва домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ифшои дороиҳояш дар ҳузури хабарнигорон худдорӣ намуд.

“Озодагон” дар пасманзари даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои қатъи қасрсозиҳо ва сармоягузорӣ дар истеҳсолот аз Нуралиев низ баробари дигар мансабдорони тоҷик хост, то дороиҳои асосияшро номбар кунад. Аммо Нуралиев дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, ки барои дақиқ кардани ин масъала ба Кумитаи андоз муроҷиат кунед: “Баъди ин саволи Шумо рости гап, магар, ки нотариуси ман нақшаи меросгузориамро тайёр кунад. Тибқи моддаи 31-и қонун дар бораи хизмати давлатӣ ҳар як хизматчии давлатӣ ӯҳдадор мешавад, ки дороиҳои худро ба воситаи деклоратсия ба мақомоти дахлдор, яъне Кумитаи андоз пешниҳод намояд. Аз соли 2007 инҷониб, ки ман ба ҳайси муовини вазир ва аз соли 2010 ба ҳайси муовини якум он амволеро, ки дорам, дар деклоратсия дарҷ карда, ба кумитаи андоз пешниҳод кардаам. Тибқи қонунгузорӣ ҳамаи андозро супоридаам.”

Нуралиев бо истиқбол аз эродҳои президент дар мавриди қасрсозиҳо афзуд, ки онҳо саривақтиянд: “Фикр мекунам, ҳадафи мову Шумо ин нест, ки ман шумораи ҳар яки он амволамро ба Шумо ҳисобот диҳам. Агар Шумо шахсан хоҳед, ман метавонам шуморо иҷозат диҳам, ки ба Кумитаи андоз муроҷиат кунед, эъломияи худро ба Шумо пешниҳод мекунам. Баъд аз шинос шудан ба эъломияи ман кадом саволе пайдо мешавад, марҳамат. Аз ин саволи Шумо миннатдорам”.

Ин дар ҳолест, ки ширкати роҳбони IRS, ки идораи ягона роҳи пулакии Тоҷикистон, Душанбе-Чаноқро ба уҳда дорад, ба Нуралиев рабт дода мешавад. Аммо худи ӯ бо нашри изҳорот робитаашро бо ин ширкат рад намуда буд.


Мӯҳр
Гурбангули
Ана дипломатия. Новобаста аз домод буданаш, донишу хирадаш ба вазифаи ишголкардааш соответствует мекуна. На хар як мансабдори имрузаи Точик чунин сифатхоро дорост.

Лакай
Чудо гардида шуда аст!!! ин ба забони точики е лакаи?

Абдукарим
хитрый и скользкий тип.

Кали зирак
Гурбангули,
Гурбангулии азиз!!! Шарм дор!!! Ба Худо, ки айб аст!!! Рубохгулиги накун!!!!

Офарин! Ягона мансабдоре, ки дар нишасти матбуоти ба суолхои чи шахси ва кори ба хабарнигорон чавобхои мушахас дод. Ахсан дониши хуби кори ва хам рохбари дорад. Ахсан...!

аз инхо нафратам меояд.

Darvozi
Shakhsi donishmand metova.....................

Сирк
Ин одам на донишмнд метобаду на босавод, хатто ба хамин саволи оддиек и дигарон чавоб доданд ва хадди акалли дороихояшонро гуфтанд у нагуфт ки чи дорад. у медонад ки на кумитаи андоз ва на натариус бе ичозаи суд ё макоми болои хакки додани маълумот дар бораи дороихои ягон фардро надорад барои хамин аз савол гурехта чавоб надод, вале хама медонанд, ки даххо мошину касрхову кушкхо ба хаминхо таалук дорад агар рузе касрхои мансабдоронро муссодира кунанд ва ё чаппа кунанд хатман инхо бечора мебароянд ва гуё хеч из надоранд.

Гурбангули
Кали зирак! Кала кал мегуянду, Кура кур. Мн факат таассуроти худма баъди мутолиаи гузориши, гуфтм. А так менга всеравно..

Костариканец
Суол ин чост,ки чаро домоди президент муовини аввали вазир бояд бошад?Президентро ку халк интихоб кардааст. Ин маънои онро надорад,ки хешонаш низ бояд аз тарафи халк эътироф гарданд.Бовари дорам.ки садхо чавонони босаводи точик берун аз даранд.

Мункар
Дар ин дунё дороихояшро пинхон мекунад. Дар он дунё чи мекарда бошад!?

[b]Гурбангули[/b],
Ту фикр мекунӣ ӯ ба ин саволҳо худаш ҷавоб таҳия кардааст. Мушовиронаш мекунанд. Ӯ фақат мехонад. Дар бораи шахси доно ба хирадманд инқадар гапу калочаи манфӣ чарх намезанад. Аксари кулли мансабдорон ду ҷумларо дуруст тартиб дода наметавонанд, зеро аз кӯча ба мансаб омадаанд
Замони Шӯравӣ кадро аз поёнтарин зинаи ҳизби коммунист ё давлатӣ тайёр мекарданд - аз инструктори оддӣ сар карда. [b]Барои ҷонишини вазир шудан бояд 20-25 сол хизмат мекардӣ.

субхи
Фикр мекунам, ҳадафи мову Шумо ин нест, ки ман шумораи ҳар яки он амволамро ба Шумо ҳисобот диҳам. Агар Шумо шахсан хоҳед, ман метавонам шуморо иҷозат диҳам, ки ба Кумитаи андоз муроҷиат кунед, эъломияи худро ба Шумо пешниҳод мекунам.
Чавоби мукамале,ки бисёрихо дар чунин хулосабарори тахсинаш хондаанд.Хатто одитарин конунхои граматики риоя нашудааст

Хар чи дорад домоди Чаноб аст, маълум аст ва медонанд хама ки дорад.

У пешаки медонист ки рузноманигорон хамин суолро медиханд. Як шаби дароз хамин посухро азёд кардааст. Фу ху ху ха ха ха

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)