Бахшҳо
26 июл 2014 09:06Тоҷикистон / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон аз қавли Шайх Саъдӣ: “Тоат он нест, ки бар хок ниҳӣ пешонӣ”

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар як паёми телевизионӣ сокинони мусалмони кишварро ба Иди саиди Фитр ё Рамазон табрик гуфта, аз онҳо хост, ба қадри сулҳу оромӣ дар ҷумҳурӣ бирасанд.

Ҷаноби Раҳмон дар ин паёми телеазионияш, ки субҳи 26 июл пахш гардид, гуфт, “дар ин рӯзи саид нияту гуфтор ва рафтору амали худро ба кори нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми наздикону ҳамватанон равона сохтан, аз Парвардигор оромиву осоиш ва рушду пешрафти сарзамини аҷдодиро талаб кардан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми созанда ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо мебошад”.

“Дигар фазилати муҳимме, ки бузургони таҳаммулгаро ва сулҳдӯсти мо адои онро дар рӯзи иди Фитр фармудаанд, авфи гуноҳҳо ва бахшиши ҳамдигар буда, тибқи фармудаи онҳо аслан ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки беш аз се рӯз дар дил кинаро нигоҳ дорад”,-афзуд ӯ. Раиси ҷумҳур гуфт, яке аз амалҳои хайре, ки дар давраи моҳи шарифи Рамазон ба ҷо оварда мешавад, тоату ибодат ва адои дигар амалҳои мансуб ба тавбаву авфи гуноҳ мебошад, ки онҳо тибқи муқаррароти дини мубини ислом бояд самимонаву сидқан иҷро карда шаванд: “Муаллими бузурги ахлоқи ҳамида - Шайх Саъдӣ дар ашъори ахлоқиву тарбиявии худ доир ба сидқан иҷро намудани тоату ибодат аз ҷониби мусулмонон гуфтааст:

Тоат он нест, ки бар хок ниҳӣ пешонӣ,
Сидқ пеш ор, ки ихлос ба пешонӣ нест”
.

Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, ҳоло давлату ҳукумати Тоҷикистон дар асоси Сарқонун озодии эътиқод ва виҷдонро ҳамчун арзишҳои волои мардуми мусулмон ҳифз карда, риояи онҳоро кафолат медиҳад. “Дар ҷомеаи озоду демократие, ки бунёд карда истодаем, мо имкон дорем, ки паҳлуҳои нодиру созандаи таъриху фарҳанги миллӣ, аз ҷумла арзишҳои дини мубини исломро доир ба дастгирии ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатон густариш дода, анъанаву маросимҳои эътиқодии худро бо арзишҳои миллии ватани азизамон рангу таровати тоза бахшем. Зеро ислом дини инсофу адолат, сулҳу амният, талқингари ахлоқи ҳамида ва маънавияти созанда буда, ҳама гуна аъмоли зишту харобиовар, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд ва хилофи зуҳуроти манфию таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм мебошад”,-таъкид дошт ӯ.

Дар идома раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷанги дохилии кишвар низ ёдоварӣ кард ва гуфт, “ҳаргиз фаромӯш намекунем, ки амнияту оромӣ, ризоияти шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи саросарӣ ба мо бар ивази чӣ қадар хисороти ҷониву молӣ муяссар шудааст. Аз ин лиҳоз, итминони комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳам дар рӯзҳои иду ҷашнҳо ва ҳам дар рӯзҳои дигар суннатҳои неки инсондӯстиву сулҳпарварии аҷдоди некноми худро идома бахшида, барои сулҳу суботи ҷовидона, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободиву тараққиёти Ватани азизамон ва оромиву осоиши ҳар як хонаводаи тоҷик дуои хайр мекунанд”.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин паёми телевизиониаш аз сокинон хост, дасти сахои худро барои кумк ба пирону барҷомондагон ва ятимон дароз кунанду садақаи фитри худро на барои одамони доро, балки муҳтоҷ бидиҳанд: “Бояд дар ин рӯзи муборак низ сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва барои оростани дастархони маънавӣ, яъне анҷом додани амалҳои нек, панду насиҳати наврасону ҷавонон ва дароз кардани дасти кумак ба ятимону маъюбон, пирону ранҷурон, ниёзмандону оилаҳои камбизоат ва дигар амалҳои хайр кӯшиш кунем”.
Мӯҳр
сино
Суханхои хубро аз лугати точики дар рузи ид чамъовари мнкунад

Айни
Сино! Шукронаи Худора бачо биёр. Аз ворисони Сомонхудот факат хозирашда хамин мардак ба забони Точики дуруст харф зада метавонад.

шахс
Рузи махшарки чонгудоз бувад,авали пусиш аз намоз бувад.

Точикак
Халке забон ба даъвии ишкаш кушодаанд,
Эй ман гуломи он, ки дилаш бо забон якест...

Суханҳои хубест аз тарафи раиси ҷумҳур! Иди Фитр барои мардуми мусалмони дунё муборак бошад!

ислом.70mail.ru
Бехтарин сухан ва он ду мисраи шеъри шайх Саъди ки аз руи сураи бакара ояти 177 ки Худованд мегуяд: Некукри он нест ки руи худро ба тарафи машрику магриб гардони, некукори он хастки ба ятим'хешу табор,дармонда вагайра.... некуи кардан аст ахсан ба президент

Бародаре ки ояти 177 и сураи Бакара ро оварди давоми оята бхон,
Некӯкорӣ он нест, ки рӯи худро ба тарафи машриқу мағриб мутаваҷҷеҳ кунед; валекин некӯкорӣ он аст, ки кас Худо ва рӯзи қиёмат ва фариштагон ва Китоб ва пайғамбаронро бовар дорад; ва молро – бо вуҷуди онро дӯст доштанаш – ба хешовандон ва ятимон ва фақирон ва мусофирон ва суолкунандагон бидиҳад ва дар боби бардаҳо(Яъне: дар озод ё халос кардани бандагон) [харҷ кунад]; ва намозро барпо дорад; ва закотро бидиҳад; ва чун аҳд кунанд, ба аҳди хеш вафокунандагон; ва дар тангдастию сахтӣ ва ба вақти корзор сабркунандагон; инҳо ростгӯёнанд ва ҳам инҳо парҳезгоронанд.сино,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)