Бахшҳо
26 июл 2014 10:35Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Планшети раиси Ашт ва 4 000 сомонии Кумитаи ҷавонон ба Шаҳбол

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар пайи як иқдоми идонаи худ ба Шаҳбол Мирзоев, сарбози латтукӯбшуда ва маъюби Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон дар ҳаҷми 4 ҳазор сомонӣ кумаки молӣ кардааст. Ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, ба ин сарбози маъюби Қушӯнҳои сарҳадӣ инчунин аз сӯи Кумитаи ҷавонон барои мутолиа китобҳои гуногун аз ашъори ниёгон ва муосир тақдим шудааст.

Нуъмон Мирзоев, падари Шаҳбол, низ бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфт, ҳайати Кумитаи ҷавонон ҳамроҳ бо Фаррухҷон Бойматов - сардухтури вилояти Суғд ва Азимбой Азизов - раиси ноҳияи Ашт субҳи 26 июл ба аёдати писараш омадаанд. Ба гуфтаи Мирзоев, ҳамзамон раиси ноҳияи Ашт ба Шаҳбол як планшет туҳфа кардааст: “Чанде қабл ин ҳайат омада буданд, сипосгузории худро ба эшон, аз ҷумла раиси ноҳияи Ашт ва сардухтури вилоят мерасонам, чун онҳо ҳамеша аз аҳволи мо хабар мегиранду пaайваста аз вазъи Шаҳбол мепурсанд”.

Шаҳбол Мирзоеви 23-сола ин шабу рӯз дар шифохонаи физиотерапевтии шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, табобат мегирад. Ӯ сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд буда, ҳамагӣ 9 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафтааст. Шоми 6 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад.

Рӯзи 19 июни соли ҷорӣ додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми низомии 2620-и нерӯҳои марзбониро, дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста, ӯро нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Гулрухсор Ширинова -- навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 низ муҷрим шинохта шуда, даҳ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рӯёнда хоҳад шуд.
Мӯҳр
Фитри
Шифои Комил ба ШАХБОЛ дар арафаи Иди саиди ФИТР.

Гарсеваз
Шахбол иди саиди Фитр муборак бародари исломии мо!

сарбоз
Ахсан ба кумитаи чавонон, кори хуб шуд дар арафаи ид

benom
АХСАН БА АХТАМ АБДУЛОЗОДА! insoni halimu rahmdilu mehrubon!

махфи
Шахболчон ид муборак шавад! Худо кунад, ки зутар шифо ёфта бар хези. Туро бисёр дуст доштам. Кошои хушруи туда кахо ошик шуда будам.Аз чоят тезтар хез як бусаи обдорат мекунам... love

Хонанда
Ахтам Рустамович Худованд икдоми кормандони Кумитаи ЧВС баракат дихад!

Мухтарам раиси шахри Ашт, баъде ки дар вакташ бачара табобат карда натавониста, дер кара ура маъюб карди чида у планшетта эхтиеч дора...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)