Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 22 май 2019, 04:20

Интиқоди Кабирӣ аз сукути мақомоти тоҷик дар масъалаи Фаластин

26 июл 2014, 11:28

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), аз сукути мақомоти кишвар дар баробари қазияи Фаластин интиқод кард. Ӯ гуфт, дар ҳоле ки ҷониби Тоҷикистон ҳангоми дарёфти кумак аз кишварҳои арабӣ шиори “муъмин - бародари муъмин”-ро пеш меорад, дар қазияи Фаластин гӯиё ин шиорро фаромӯш кардааст.

“Ба қазияи Фаластин бояд аз ду нигоҳ назар кунем: инсонӣ ва исломӣ. Мутаассифона, дар Тоҷикистони мо на аз нигоҳи инсонӣ ва на аз нигоҳи исломӣ масъалаи Фаластин матраҳ нест. Баъзеҳо фикр мекунанд, ин як баҳси яҳудӣ-арабӣ аст. Баъзеҳои дигар мегӯянд, ин як баҳси сохта аст дар Ховари Миёна барои тақсими манфиатҳо ва қудрат. Вале аз нигоҳи мо ин баҳси воқеан таърихӣ, вале мазҳабӣ аст”,-таъкид дошт оқои Кабирӣ.

Ӯ афзуд, “як идда аз ҳамватанони мо, чи дар ҳукумат ва чи берун аз ҳукумат, мегӯянд, мо набояд ба ин масъала ворид шавем. Вале, ман фикр мекунам, иштибоҳ мекунанд, чунки ҳадди ақал бояд аз нигоҳи инсонӣ муносибат кард, чун дар Фаластин тифлҳо кушта мешаванд, хонаҳо вайрон мешаванд, занҳо кушта мешаванд. Барои мо магар хуни фаластинӣ, ё хуни Араб ё хуни яҳудӣ фарқ дорад? Албатта, фарқ надорад. Онҳое, ки нигоҳи исломӣ надоранд ҳадди ақал ҳамчун инсон муносибат кунанд ва масъалаи Фаластинро матраҳ кунанд”.

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар идомаи суҳбаташ амалкардҳои Исроил дар баробари Фаластинро ҷиноят ва таҷовуз номид. Муҳиддин Кабирӣ гуфт, “модоме ки Исроил резолютсияи Созмони Милалро риоя намекунад ва кишварҳои узви Шӯрои амният хомӯш ҳастанд, пас, дар онҷо як ноадолатӣ аст, поймолкунии ҳуқуқ аст. Вале ҷомеаи ҷаҳонӣ хомӯш аст. Мутаассифона, кишвари мо ҳам, ҳукумат ҳам бо мулоҳизаҳои зиёд хомӯширо ихтиёр кардааст ва хеле тааҷҷубовар аст, ки руҳоният, аҳли дин, ки бояд дар чунин ҳолат бо мардуми Фаластин бошанд, хомӯширо ихтиёр кардаанд”.

Дар масъалаи он ки чаро худи кишварҳои арабӣ дар қазияи Фаластин хомӯшанд ва ё ҳеч коре намекунанд, оқои Кабирӣ гуфт, “мушкили давлатҳои арабӣ мустақил набудан, тарс аз абарқудратҳост. Мушкили давлатҳои арабӣ дар он аст, ки ягон давлати демократӣ надоранд ва шахсиятҳое, ки дар онҷо тӯлонӣ ҳокимият мекунанд, вобастаи икшварҳои ғарбӣ ҳастанд ва бо пуштибонии онҳо сари қудрат омадаанд ва ҳифз мешаванд. Агар онҳо аз мардуми худашон вобаста мебуданд, тариқи интихоботи озод сари қудрат меомаданд, ҳадди ақал мисли ҳукумати Эрон ё Туркия мавқеъгирӣ мекарданд. Чунки ҳукуматҳои ин кишвар ҷудо аз ақидаҳои шахсиашон медонанд, ки агар бо Фаластин набошанд, мардум ба онҳо раъй нахоҳад дод. Вале чун дар онҳо интихобот нест, раъйи мардумро ба инобат намегиранд”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Шайх Абдулазиз

  • 26 июл 2014 11:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Огои Кабири худат нагз медони, ки ягон шахрванди Точикистон ба беадолати ва зулму ситаме, ки давлати Исроил ба мардуми Фаластин раво дидааст, дар канор нест. Хамаи мо инро махкум менамоем. Дар мавриди давлат, аз дасти давлати мо чи меояд, барои халли ин казия, ки ту медонию мо не ?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин балоро худашон Фаластинихо оварданд
хусусан ХАМОС барои курси шуда фаластинро ду таксим карданд
аз ин казия хнит шухрат кофтаистодай
айб айб айб аст
Посух додан
  • Трабзонспор

  • 26 июл 2014 12:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мисли киргизхо лоакл давлатмардон аз руи инсонигари овоз баланд кунанд.Наход ба хамин сарфахм наравед.Руссия ин Шурави нест,ки аз Фаластин пуштибони кунад,ончо холо сиёсати цари-насрони хукмрон аст,мо мустамликаи русхо нестем,ки хомуш дум-думи онхо равем
Посух додан
  • чон кенеди

  • 26 июл 2014 13:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
акалан як изхолрот кунан . хукумати морам вобастагии калооооооооооон дорад аз давлатхои абаркудрат
Посух додан
  • Саффох

  • 26 июл 2014 15:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Давлате,ки кудрати хифозати марзи худро надорад ба зами ин манфиатхои миллаташро дар мухочират пуштибони намекунаду дар дохил масъалаи милли дуюмдарача аст магар кудрати ингуна фикрониро дорад????
Посух додан
  • Саид

  • 26 июл 2014 19:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хай давлатхои араби ки хам хамзабону хамтаъриху хамфархангу хамдинашонанд хомушанд шумо чи аклакиву худнамоишдихи мекунед? Шумо аввал проблемаи кишвари худро хал кунед проблемаи хизбу аъзоени худро хал кунед
Посух додан
  • МУХОЧИР

  • 26 июл 2014 20:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ДУРУД БА ШУМО ЧАНОБИ КАБИРИ. ХУДО ШУМОРО ХИФЗ КУНАД ДАР ХАР КУЧОЕ КИ БОШЕД. ХУДО АЗ ЧАШМИ БАДУ ХАРИСИ ДУШМНОТ ХИФЗ КУНАД.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Албатта ин хукуматдорони мо хомуширо пеша карданашон кори хуб нест,бояд як вокуниш нишон бидиханд.Инхо тарсончакхо хастанд,
Посух додан
  • сухроб аз душанбе

  • 27 июл 2014 05:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шайх Абдулазиз,
ahliduin,
шумоен аз навиштани номи худ метарседу сони аз фаластинихо химоят мекунедми е раведе аз ТТТТТТТТОН
Посух додан
  • Б.Ш

  • 27 июл 2014 22:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рост аст,набояд хомуш бошем....бародарони моро нобуд карда истодааст яхуд...
"Муфтии" мо об дар дахон гирифтааст... дар Курьон сузи "муфти"-хомуш,дар сатр кани аз сари духтарони точик "муфти"-хомуш,тайкири Паембар(с.а.в)-"муфти" хомуш.. кудаку занони мусалмононро кушта истодаанд "муфти" хомуш.....Пас ту муфти аз кадом кавм хасти????.,..
Посух додан
  • Сафар

  • 29 июл 2014 19:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хукуматдорон Факат Гами кисахои худашона мехуранд Аз кучо гами фаластинро мехуранд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хукумати моро садкашон шавым парвоъ надоран, ки бародарони мусалмони моро дар Фаласти кушта истодаанд.
Як фикр дар майнаашон аст: "ДАР КУЧО Я Камераи дигар часпонем"

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!