Бахшҳо

Раиси шаҳри Хоруғ: “Дар рух додани ҳодисаи моҳи май мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чандон бегуноҳ нестанд"

Фаромуз Имомбердиев, раиси шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро дар сар задани ҳаводиси моҳи майи соли ҷорӣ дар ин минтақа то ҷое айбдор донистааст. Ӯ дар матлабе, ки дар “Садои мардум”, нашрияи расмии парлумони Тоҷикистон, ба чоп расонд, гуфтааст, дар ҳодисаи 21 майи шаҳри Хоруғ, ки 5 нафар кушта бар ҷой гузошт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар беайб нестанд.

Ба гуфтаи Имомбердиев, баргузории чунин як амалиёт дар рӯзи равшан ва дар маркази шаҳри Хоруғ аз бесалоҳиятии мақомоти ҳифҳи ҳуқуқ хабар медиҳад. “Дар рух додани қазияи моҳи майи соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чандон бегуноҳ нестанд. Онҳо то андозае бесалоҳиятии худро нишон доданд. Набояд дар рӯзи равшан, дар маркази шаҳр, дар байни издиҳоми мардум амалиёти боздоштро пиёда мекарданд”,-навиштааст раиси шаҳри Хоруғ.

Фаромуз Имомбердиев мегӯяд, дар пайи ин бесалоҳиятии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бархе аз гуруҳҳои ба ном “ватанхоҳ” истифода карда, мардумро ба майдон кашиданд: “Онҳо зуд лаҷоми вазъиятро ба даст гирифтанд ва мардумро, махсусан ҷавонон ва наврасонро, ба майдон кашиданд. Маълум аст, ки пешвоёни ин гирдиҳамоӣ аз куҷо ғизои маънавӣ мегирифтанд.”

Имомбердиев ин ҳарфҳоро дар матлаби эътирозии худ ба маводи “Тақдири Хоруғ - дар дасти ҷинояткорон” изҳор дошта гуфтааст, “афсӯс, муаллиф андешаи онро нанамудааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифатӣ дар шаҳр аз ҷониби мақомоти дахлдори шаҳру вилоят ниҳоят пурзӯр карда шудааст. Тамоми муваффақиятҳои шаҳрро сарфи назар кардан ва ба тақдири шаҳр кӯр – кӯрона назар афкандан хуб нест”. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, тамоми навиштааст маънои сафед кардани ягон гунаҳкорро надорад.
Мӯҳр
Ismaili
Салом. Оё кормандони хивзи хукук мучозот мешаванд ё не.

ххххххххххххх
баъзе ноиардхо талабаву муалимонро гунахкор гуфта бесалохиятшонро оулуш карда истодаанд

faromumardiiiiIsmaili,

Авчи
Вокеан хам Хоруг зебошахр аст.Махсусан агар аз баландие, ки дар он боги ботаникие, ки дар он мислаш дар Осиёи Маркзи нест.

soda
butun odami soda dudi-da kmrmandi hifzi huquq dar tjk mujozot meshavad-mi?

То чое дуруст аст, ки такдири шахри Хоруг дар дасти гурухои нашаъчаллоб ва силохбадаст аст. Ин гурухо бошад не ба фармон ва дастурхои Перзиденти кишвар, раиси вилоят ва не ба фармонхои Ого Хони 4-ум, падару модар ва халифахои шахр гуш медиханд. Факат дар талоши манфиятхои хешанд. Факат се рох вучуд дорад, ки вазъияти шахри Хоругро ба эътидол овард, 1. баланд бардоштани сатхи тачриба ва кордонии макомоти хифи хукук, 2. бе зарар гардондани рохбарони гурухои силохбадаст ва нашаъчаллоби шахр ва ё дастгир намудани онхо. 3. гузарондани корхои фахмондадихи дар байни чавонони бекор ва ташкил намудани чойхои кори.

Аслан худи истилоҳи (ибораи) "Органҳои ҳифзи ҳуқуқ", "корманди ҳифзи ҳуқуқ" хандаовар аст. Чӣ гуна "ҳифзи ҳуқуқ" мешавад, ки онҳо ҳамеша ҳуқуқи шаҳрвандонро зери по мекунанд. Ба онҳо ягон гап зада намешавад. Заррае сухани онҳоро дар кӯю кӯча дуто кардӣ, тамом, дар балои азим мондӣ. Бо зӯр се-чор каса дастгират карда ба милисахона бурда, бисёр некӣ бикунанд, маблағе борат мекунанд. Вагарна аз онҷо зинда намебароӣ. Ягон парвандаи кушоданашударо ба сарат мезананд. Дар чанд соат "ҷинояткори хавфнок" мешавӣ. Онҳоро на "кормандони ҳифзи ҳуқуқ", балки бояд "кормандони нақзи (вайронкунии) ҳуқуқ" номид. Маҳз аз ин лиҳоз хориҷиён аз ин истилоҳи "вазоратҳои ҳифзи ҳуқуқ" тамасхӯр мекунанд (механданд). Умед аст, ки бо гузашти замон ва реформаи ҳаматарафа ва демократизатсияи ҷамъият ин истилоҳи замонҳои Шӯравӣ аз байн меравад.

МУХРЧИР
Ismaili,
НЕ БАРОДАР . КОРМАНДОНИ ХИФЗИ ХУКУК ДАР ДАВЛАТЕ МУЧОЗОТ МЕШАВАНД КИ БУЕ АЗ ДЕМОКРАТИЯВУ ОЗОДИИ ВОКОЕИ БОШГАД . ЧУН ОНХО ХУДРО ТО ДАМЕ КИ ДАР САРИ ВАЗИФА ХАСТАНД БЕ ГУНОХ МЕШУМОРАНД.

Ibrohim
Допустим кормандони хифзи хукук бесалохиятнокй нишон доданду чинояткорона дар маркази шахр дастгир намуданд., АМММО он мардум ЧЙ ХАК ДОШТАНД, КИ БИНОХОИ ДАВЛАТИРО СУЗОНАНД??? мАГАР ОН БИНОХО АЗ ХИСОБИ БУЧА(яъне аз хисоби пули мардуми оддй-мову шумо) ТАЪМИР НАМЕШАВАД? АКЛАТОНРО КИ ХУРДА БУД??? агар каме дигар намедоштанд, чанга сар мекардед. Ки фоида медид?-Хамон наркобаронхо! Кй зарар медид-МАРДУМЙ БЕГУНОХ! Так что холиям вакт аст бояд мардуми Хоруг худаш мукобили он наркобаронхо баромад кунад. Хоругро-ГОРОД БЕЗ НАРКОТИКОВ эълон намоянд.

наргис
Кулобро-ГОРОД БЕЗ НАРКОТИКОВ эълон намоянд.дар он чо зиёдтар аст аммо онхоро касе чизе намегуяд власть дар дасташон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)