Бахшҳо
30 июл 2014 10:02Тоҷикистон / Сиёсат

Раиси Оҷонсӣ дар бораи “каттагӣ” ва таҳдиди аз 5 то 10 сол зиндон барои Шӯҳрат Қудратов

Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонси зидди фасоди молӣ ё коррупсия дар Тоҷикистон, боздошти Шӯҳрат Қудратов -- яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидовро шарҳ дод. Ӯ, ки дар нишасти хабарии 30 июл дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, “бар асоси иттиҳомоте, ки алайҳи Қудратов эълон шудааст, аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад”.

ВИДЕОИ суҳбати Абдуфаттоҳи Ғоиб дар бораи Шӯҳрат Қудратов

Раиси Оҷонсӣ дар бораи “каттагӣ” ва таҳдиди аз 5 то 10 сол зиндон барои Шӯҳрат ҚудратовШӯҳрат Қудратов, аз ҳуқуқдонҳои шинохтаи тоҷик, ки то кунун дар чандин парвандаҳои пурсарусадое, мисли Ҷӯрабек Охунов, “Азия-Плюс” ва Зайд Саидов иштирок кардааст, ҳафтаи пеш ба иттиҳоми пешниҳоди 2,5 ҳазор доллар “пора” ба яке аз додрасҳои Душанбе боздошт гардид. Раҳматилло Зоиров, ки ҳоло аз ҳуқуқи Қудратов дифоъ мекунад, гуфт, нафари таҳти ҳимояташ ин маблағро барои ҷуброни зарари ҷабрдида, на барои пора ба додгоҳ гирифтааст.

Аммо раиси Оҷонси зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон гуфт, “дар ҳаракати Қудратов сад фоиз таркиби ҷиноят аст ва дар озодӣ буда наметавонад. Вай метавонад, ба ҳар восита ба шоҳидҳо таъсир расонад. Сабт аст, ки ман худам шахсан онро гӯш кардам. Дар як ҳолат як ҳазор дар як ҳолати дигар 1,5 ҳазор доллар мегирад. Он одаме, ки пора медиҳад, ҳамчун шоҳид аст, аммо мехоҳанд, ӯро ҳамчун айбдоркунанда дар парванда гунаҳкор кунанд. Он одам мегӯяд, охир ман шоҳидам, барои чӣ маблағ диҳам? Аммо ӯ мегӯяд, ки не туро ҳабс мекунанд. Қудратов мегӯяд, ман бо судя худам гапзанон кардам, бо прокурор худат ҳал кун.”

Абдуфаттоҳи Ғоиб илова кард, баъд аз як моҳ сабтҳои Шӯҳрат Қудратовро нашр хоҳад кард: “Шояд Шумо фикр кунед, ки нисбат ба ин шахс хусумат дорам. Аммо дар даст санад дорам. Ин суратҳои садама бо иштироки Шуҳрат Қудратов аст. Ӯ ба иштирокчии дигари садама мегӯяд, ман одами баобрӯ ҳастам, арз накунед, зарарро пардохт мекунам. Аммо баъдан каттагӣ мекунаду маблағро намедиҳад. Он зан дар ин садама 3 ҳазор сомонӣ зарар дидааст, ки то ҳол Шӯҳрат Қудратов онро пардохт накардааст.”

Инчунин, раиси Оҷонси зидди фасоди молӣ қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсиро зикр кард, ки Қудратовро муваззаф кард, барои таҳқири Моҳира Бобораҷабова, “ҷабрдида”-и парвандаи таҷовуз ба номуси Зайд Саидов 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардохт кунад: “Сабти овози Қудратов аст, ки он духтарро таҳқир мекунад. Ташхис нишон дод, ки ин овози Қудратов аст. Чӣ даркор аст чунин таҳқирҳо? Кӣ гунаҳкор аст? Боз гапҳо ҳастанд, ки ӯро мақомот таъқиб мекунанд.”

Раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ аз фаъолияти бархе адвокатҳо интиқод намуд, ки ба ҳайси миёнарав зимни додани пора баромад мекунанд: “Вазифаи адвокат аз ин гирифта ба вай додан нест. Вазифааш расондани ёрии ҳуқуқӣ аст. Тибқи қонуни нави мо дар бораи адвокатҳо шахсони дорои доғи судӣ ҳақ надорад, адвокат шавад.”

Ӯ илова намуд, соли гузашта 17 ҳолат ва дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 14 ҳолати фасодкории вакилони мудофеъ ё адвокатҳо ошкор шудаанд.
Мӯҳр
Ризоият
Хамчун инсон просто жалько Шуҳрат Қудратова, Локин факт остаётса фактом. Очонси, просто профессонально кор кардаги.

Аслишо
Офарин! Агентй сад дар сад хак аст! Чиноят ки кардй хатман чазояшро хохй дид!!! Ба кормандони агентй муваффакият хохонам. Худо кишварамонро аз бадхохону бадкирдорон нигахбон бошад! Омин!

Аналитик
Дастгир ва хабс кардани дигарандешон нагз аст. Хукуматдорхо хамин коратонро идома дихед. Сад ташаккур, ки шумо бо хамин корхоятон раванди инкилобро дар Точикистон метезонед.

Нисбати Шухрат хамаи ин тухмат аст ба хама маълум барои чи уро зиндони кардан мехоханд. Худованд ба Шухрат Кудратов бурдбори ва забони бурро дода уро дар панохаш нигах дорад.

Ин кадар дуруст кор мекарда бошед, хакикатро пос медошат бошед, ва аз руи конун кор кардани бошед. Набошад, ба хама як хел кор баред. Чаро, ки писари Аммонулло Хукумов бо як садамаи калон 3 нафаррро кушта, 3 нафари дигар маюби якумра кард, ва бо 7 (1!) хафт экспертизаи вазири МВД, бе суд бегунох баромаду. ин одамро барои 3000 сомони, аз 5 то 10 хабс мекунед? Офарин! Аз ОЗОДАГОН хохиш! як руйхати хамаи садамахои (дар Точикистон) руйдодаи бо иштироки бачахои пулдору пулмаст сарзадаро тартиб дода, ва кадомаш кадом чазо гирифта бошад пешниход менамудед, бехад хуб мешуд.

Журналист
Мегуяд, ки:
"азифаи адвокат аз ин гирифта ба вай додан нест. Вазифааш расондани ёрии ҳуқуқӣ аст."
Вале ҳамаи судяҳо ва прокурорҳо ва адвокатҳо қариб ҳамин корро мекунанд. Дар куҷои кадом нафари ин мақомот лаб во кунад дар назди касе, ки бовариаш бошад мегуяд ки корашон ҳамин хел аст. Дар асоси гуфтаҳои қонун дигар қариб кор намешавад.
Як прокурорро дар бораи порагирӣ вақте суҳбат кардем ва гуфтем дар ин бора мақолае чоп кунем рангаш дигар шуд ва маъқулаш нашуд, гуфт ман дар як ҳафта 200доллар мошинамро фақат бензин мерезам инро аз куҷо пайдо кунам. дар дохири тоҷикистон як андактарин сафари кориам 1000 доллар сарф мешавад, инҳоро аз куҷо пайдо кунам? Гуфта шуд ба он кас ки пас онҳоро аз мардум мегирӣ? онҳо чи гуноҳ кардаанд?
Ин аст воқеият. Агар ҳақиқатхоҳ бошанд зиёда аз 70-80% коргарони ин соҳа бояд ҳамроҳи Қудратов бошанд. Агар не пас ин ноадолати аст. В любом положении ноадолати вуҷуд дорад. Худо ҳидоят кунад.

душанбинец
НЕ ВЕРЮ!!!! И ТОЧКА.

Hukumat kumitai ziddi fasodro ba moshini nest namudani mukholifon va opozitsiyai siyosi tabdil dodaast. Agar haqiqat boshad hamin kumita khudash 100% oludai jinoyat hast. Vaqte ki savol baroi muayan kardani haqiqat meravad va imkoni jawob guftan nadoran bahona pesh meorand ki "sirri taftishot" hast meguyand. Khub meshud ki nomi in kumitaro ba NKVD ivaz kunand chunki ba tuhmat va nest kardani mardumi begunoh inho ham ustoyand.
insholloh ta'arikh inro isbot khohad kard!!!

Ismaili
Салом. Иншоаллох рузе мерасад, ки худи шумоён очонсии зидди оппозиция паси панчара мешинед. Рузе бадкирдории шумо ва хешу таборатон ба хамагон ифшо мешавад. Поёни шаби сиёх сафед аст.

Халнома
Фикр мекунам, ки дар чомеаи имрузаи мо агар 10 корхонаи Очонси зидди фасод созмон дихем, Фасода аз байн бурда намешавад. Чунки Фасод характери системави гирифтааст. Агар чи НБО-и Рогун ба кор дарояд, ИНШООЛЛОХ ин касалба дармонбахш мешавад.

eeeeeeeeee fatoh nomus dori yo ne? baroi chi dar borai tajovuzi duxtaroni nobolig modarash xudash gap mezanad ki duxtarashro tajovuz kardaast charo karu kur meshaved dar in masala? modari duxtar girya karda meguyad duxtarama tajovuz kard charo xomushi? ayb ast nomus dored yo ne? bo i safsatahoyaton xudatona sharmanda mekuned ba hamma malum ast ki tu kihastivu kiro gush mekuni az Xudo tars

барои исботи хакикат мачбур мешави ки дигар бо забон нею бо даст амал куни.Онхое ки барои исботи хакикат мекушанд аммо кушишхояшон мукобили "хукмронони давр" аст зуд бо хар гуна роху воситахо сарнагун карда мешаванд...

Душанбе аз мани
Очонси зидди фасоди моли ! барои чи Моҳира Бобораҷабова чарима накардед барои тухматаш ???????

Навори ру ба ру кардан ва пурсучуи Кудратовро дар хузури адвокаташ Зоировро пешниход кунанд баъд бовар мекунем Шухрат Кудратов гунахкор аст, вагарна инро тухмат нисбати Кудратов хисоб мекунем!

Шояд хак бар Шумо кормандони очонсии зидди фасод бошад,лекин барои чи ин дакикона мушохидакории Шумо нисбати кормандони баландмартабаи давлати нест,зеро хастанд нафароне хастанд аз ин корхои бадтар карданд.Инсоф кунед даст ба дил монда на ба киса карда рафтор кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)