Бахшҳо

Абдуфаттоҳи Ғоиб, ҳавлии меросияш ва 29 хонаи як корманди гумрук (ВИДЕО)

Раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ ё коррупсия дар Тоҷикистон ҳангоми суҳбати рӯ ба рӯяш бо хабарнигорон дар бораи дороиҳояш низ ҳарф зад. Абдуфаттоҳи Ғоиб гуфт, дар маҳаллаи “Советский 1” (Якум Советский)-и Душанбе як ҳавлӣ дорад, ки аз модараш ба мерос мондааст.

Ӯ изҳор дошт, ин ҳавлии куҳна аз соли 52-юми асри гузашта боқӣ мондааст ва вазифааш ба ӯ имкон надод, то онро таъмир намояд: “Фарзандонам он ҷо бемор шуданд. Баъдан ду хонаи солҳои 90-ум гирифтаамро фурӯхтаму як хонаи сеҳуҷрагӣ харидам, ки ҳозир ҳамроҳ бо фарзандонам дар он ҷо зиндагӣ мекунем. Як духтарам ҳамроҳи хушдоманаш зиндагӣ мекунад”. Раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар идома афзуд, мошини шахсияш “Тойота Кемрӣ” мебошад.

ВИДЕОИ суҳбати Абдуфаттоҳи Ғоиб дар бораи дороияш ва мансабдорони дигар

Абдуфаттоҳи Ғоиб дар идомаи мавзӯи дороии хонаводааш илова намуд, “ҷои пинҳон кардан нест, мо як корхонаи хусусӣ ҳам дорем. Ҳамсарам клиникаи хусусӣ дорад. Барои зиндагиямон мерасад.” Ӯ, дар маҷмуъ, дороии ҳангуфт доштани бархе аз мансабдорони давлатиро эътироф намуд: “Мо як корманди гумрукро боздошт кардем, ки 29 хонаю ҳавлӣ дошт. Дар ҳисоби бонкияш як миллион доллар ва дар хонааш 500 ҳазор доллар ёфтем.”

Дар баробари ин, раиси Оҷонси зидди фасоди молӣ илова намуд, наметавонанд ба далели он ки баъзеҳо қасру кӯшк доранд, онҳоро бозпурсӣ намоянд: “Қонунгузорӣ муайян накардааст, ки мо фалон шахсро даъват кунему пурсем, ки ин хонаат аз куҷост? Баъдан ман сад дар сад бовар дорам, ягонтои ин дороӣ ба номи онҳо нест. Дар ҳар сурат, мо бетараф нестем ва кор карда истодаем.”

Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мошинҳои гаронарзишу қасрсозиҳои бархе мансабдорони давлатӣ интиқод намуд ва афзуд, ки ман медонам, “ин ҳама аз куҷост”.
Мӯҳр
Ман мехохам хамаи мансабдорора хамин хел боспурси кунанд Албата бояд як агонте бошад ки кор кунонаш хамаш зан бошад .Ман хамин занеки бозпурси кардаистодааст гап надорум маладес натарсида ягонкас шуморо суд намекунад . Ахсан

Мухочир
Барои чи бояд Клиника, фабрикаю Завод надошта бошанд! Бояд бошад, аз он ба давлат ва миллат фойда аст. На мисли корманди Гумрук 29 хонаю хавли, 5 милион ва 500 хазор доллар пинхон кардан дар хонааш, Як завод соз мекарди ба ин маблагхо чи кадар кори савоб мегирифти.

Ахмадшо
Акаи Абдуфаттох, дилам ба Шумо сах месузад барои камбагалиатю Ягон сурат хисоб кушо аз хисоби нафакапулиамон ба Шумо кумак кунем бечораи бенаво. О у пмсари рохбари командаи Истиклол аз кучо ин кадар пули бисёр меёбад, ки ин командаро сарпарасти мекунад. Ё вай хам камбагалай, ки шуморо нигохубин кунад. Бечораи бенаво боз корупсияро рохбарпи мекунад. Акаи Абдуфатох о Шумо бо ин дуруггуиятон халку президентро фиреб мекунад Худоро фиреб карда наметавонед ку.

Бечора журналистхо агар мансабдорон сияхро сафед гуянд Шумо хамон хел менависед ми ? Шумо медонед, ки дуруг гуфта истодаанд охир .... боз хаминро чоп мекунед сари мардумро гаранг карда .... "Абдуфахо гуфтаст. Баъдан ман сад дар сад бовар дорам, ягонтои ин дороӣ ба номи онҳо нест" инашро хак гуфтаст мардум хам медонанд сад дар сад ягонтои касру кушхоят ба номи Шумо нест... инро интизорем, ки мансабдоро писаронашонро хам ба номи дигар кас мекунанд... барое, ки дар бораи писаронашон гап намезананд.... Илтимос ОЗОДАГОН чоп кунед ин фикри ман аст...

Ачабо! Факат як аппарати МРТи клиникаи хамсараш 2, 5 млн доллари амрикои арзиш дорад! Ин кадар пулро аз кадом мохонааш ёфта бошад?

Мингбоев
Бобои Абдуфаттох даврони шурави Душанбенда пою кадаматон набуд,хавлидори он тараф истад.

ба мингбоев
я гуптем да, бе хамийаям гапу кору бор факат росту дуруг.

душанбе
ягонтоят то соли 93 дар Душанбе хавливу хонаю мансаб кучо ки хучраи ичора хам надоштед. аз шарофати бобои сангак ба давлат расидед....

Ватанам вой ватанам, вой ватанам, вой ватанам!!!...
Такдири мардум ба дасти касоне уфтода, ки бо мардум хар чи хоханд мекунанд ва хар чи хоханд хамонро мегуянд. Рост аст ё дуруг, гуфтаи онхост! Хоханд сиёхро сафед мегуянд ва хама бовар мекунад, хатто тасдик мекунанд, ки бале, ин сафед аст, на сиёх...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)