Бахшҳо

Хидирзода ба мардон: “Аз хидмати фоҳишаҳо истифода накунед”

Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, мегӯяд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ теъдоди занони танфурӯш дар Тоҷикистон 500 нафар бештар шуда, ба 1 ҳазору 777 расидааст.

Ба қавли Хидирзода, бештар шудани саффи фоҳишаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки чораҳои то ҳол андешидашуда дар ин самт бе ҳосил будаанд. Раиси Кумитаи занон аз натиҷаи суҳбат бо занони танфурӯш изҳор дошт, ки сабаби асосии даст задани онҳо ба ин кор, пеш аз ҳама, вазъи бади иқтисодию иҷтимоӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ, бекорӣ ва ғайра мебошанд.

Хидирзода, инчунин, мардонро гунаҳкор кард, ки барои густариши фоҳишагии занон дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Ӯ бозорро мисол овард, ки “агар талабот зиёд бошад, мол низ зиёд мешавад”. Хидирзода ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши фоҳишагӣ дар Тоҷикистон аз мардон даъват намуд, аз истифодаи хидмати фоҳишаҳо худдорӣ кунанд. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомот миёни фоҳишаҳо 30 нафарашон ноболиғ буда, теъдоди фоҳишахонаҳо низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 80 адад зиёд шудаанд.

Дар идомаи нишасти хабарии масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати кишвар гуфта шуд, ки дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 7 зан аз бисёрҳамсарии шавҳарҳояшон шикоят кардаанд. Махфират Хидирзода гуфт, “ҳолати дузанагии мардҳоро ошкор кардан хеле душвор аст, зеро худи занҳо сари ин масъала кам шикоят мебаранд”.

Номбурда иброз дошт, занҳо дар ҳоле ба кумита муроҷиат мекунанд, ки алакай аз шавҳари худ ҷудо шудаанд ва шавҳарашон бо ҳамсари дувум зиндагиро оғоз намудааст: “Баъдан масъалаи тақсими молу мулк ва дигар масъалаҳо ба миён гузошта мешавад”. Хидирзода иброз дошт, дар нимсолаи аввали соли равон 3 мард низ аз болои хушдоманҳои худ ба Кумитаи кор бо занон ва оила муроҷиат намудаанд. Раиси Кумитаи кор бо занон иброз дошт, муроҷиати мардон дар хусуси он будааст, ки хушдоманҳояшон ба зиндагии шахсии онҳо дахолат намуда, қариб боиси азҳампошии оилаҳояшон мешуд: “Вале мо хушдоманҳо ва мардонро даъват намуда, маслиҳатҳои гуногун додем, ки вайроншавии оилаҳо пешгирӣ карда шуд”.

Махфират Хидирзода мегӯяд, дар маҷмӯъ дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба кумита 59 аризаи хаттӣ, 660 муроҷитаи шифоҳӣ ворид шудааст, ки аз ин 28 нафараш ба мардон рост меояд: “Бештари муроҷиатҳо дар хусуси маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, кумаки моддӣ, хушунати оилавӣ, тақсимоти амвол, бекор кардани ақди никоҳ, норозигӣ аз ҳалномаи мақомоти судӣ, пайдо намудани ҷойҳои корӣ, дастрасӣ намудани қарзҳои имтиёзнок мебошанд”.
Мӯҳр
вай чорахои шумо гуфтаги чигуна чорахо будааст?Шумо кормандони дастгохи хукумат дар чаласахоятон вазъияти иктисодии точикистонро хуб ба рох монед вай занакхо ва духтарон бо кор машгул шаванд фохишаги камтар шудан мегирад. инчунин мафкурахои заноне ки хамбида омадагианд дуруст кунед ин номаъкулихо намешавад. Дар чомеаи мардуми шимол самарканду бухоро занони сабукпоро раддимаърака мекунанд вале дар ин чо ин бологузаранд. ин хамбидагихо дар зодгохашон ягон корхона набудагист ва е камтар будагист ки аз ночори ба ин ифлоскори даст мезананд. дар бораи мардон бошад чунин мегуям ки чунин модари сабукпо чигуна фарзанд тарбия мекунад бо ин беаклиаш. ана баъд мебинед ки инхо калимахои хараш е девонашай гуфта мегарданд. дар бораи мардон бошад онхо аз фурсат истифода мебарад барои он ки медонад ки занон ночоранд.

ГУЛГУНЧА
РОСТ ГУФТЕД АПАИ МАЪРИФАТ САД ДАР САД ШУМОРО ТАРАФДОРИ МЕКУНАМ БАЪЗЕ НОМАРДОН НОЧАВОНМАРДОН КИ ИМРУЗХО АЗ ХАДАМОТИ ИН ФОХИШАХО ИСТИФОДА МЕКУНАНД 100 % ГУНАХГОР МЕБОШАНД МЕХОХАМ ХАМИН МАРДОНЕ КИ АЗ ХАДАМОТИ ХАМИН ФОХИШАХО ИСТИФОДА МЕКУНАНД БА ЧАВОБГАРИ КАШИДА ШАВАНД БИСЁРЕ АЗ ЧАВОНОН ХАМИН КОРХОРО МЕКУНАНДУ БОЗ ШИШТА ЯК НАМУД УМРИ МАЪРУФАТ МЕКУНАНД КИ ХАЙРОН МЕШАВИ ХУДРО БА МИСЛИ ФАРИШТА МЕГИРАНД БОЗ ЗАНОНИ БЕЧОРАРО ЧАЛАБУ ФОХИША МЕГУЯНД ХУДИ ХАМИНХЕЛ МАРДОН БАРОИ ЧИ САРЗАНИШ КАРДА НАМЕШАВАНД БАРОИ ЧИ БО ХАМОН ФОХИШАХО БА ЧАВОБГАРИ КАШИДА НАМЕШАВАНД ХУЛАС ТАМОМ.
ОЗОДАГОН ПЕШНИХОДИ МАРО БА ПАРЛУМОН ПЕШНИХОД МЕКУНИ НАКУНИ АЗ ШУМОХАМ БОВАРИЯМ МЕБАРОЯД ЧУНКИ ТАНХО БА ТУ БОВАРИ ДОРАМ.
1. МАРДОНЕ КИ БО ФОХИШАЕ УМУМАН ЗАНЕ ДАР ХОЛАТИ АЛОКАИ ЧИНСИ ДАСТГИР КАРДА МЕШАВАД БОЯД БО ХАМОН ЗАН ОИЛАДОР ШАВАД ДАР ХОЛАТИ САРКАШИ КАРДАН БА ЧАВОБГАРИИ ЧИНОЯТИ КАШИДА ШАВАН ЯНЕ ЧАРИМАИ ВАЗНИН НАКАМТАР АЗ 3 (СЕ) ХАЗОР ДОЛАР ЧАРИМА ШАВАНД.
2 МАБЛАГИ ЧАРИМА БА ХОНАИНТЕРНАТХОИ БЕСАРУБОН БАРОИ НИГОХУБИНИ КУДАКОНИ БЕСАРПАНОХ РАВОНА КАРДА ШАВАНД.
3. МАРДОНЕ КИ ОИЛАДОР МЕШАВАНДУ БОЗ ДАР МУХЛАТИ КУТОХ ЧУДО МЕШАВАНД БОЯД БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ КОНУНИ МАЗКУР БА ЧАВОБГАРИИ ЧИНОЯТИ КАШИДА ШАВАНД ЧАРИМА 6(ШАШ) ХАЗОР ДОЛАР.
4. ЗАНОНЕ КИ БА ШАВХАРОНИ ХУД ХИЁНАТ КАРДА БОЗ БА АМАЛХОИ ФОХИШАГИ ДАСТ МЕЗАНАНД ХАБЗИ ЯК УМРА ЯНЕ АЗ ОЗОДИ МАХРУМ БА МУХЛАТИ БЕ ОХИР БА ЧАВОБГАРИ КАШИДА ШАВАНД.
БО КАСЕ КИ ДИГАР ИЛОВАХО ДОШТА БОШАД ПЕШНИХОД НАМОЯД. ЯК ЧАХОН ТАШАКУР.

Мардак
Худакашонам базебак буденд,

.
Пока кобыла не захочет, кобель не вскочет.

Фунтик
Мухтарам Хидирзода мардонро гунахкор накунед!

Булхавас
Худакашонам анча хушруяк буденд. ойликашон чанд пул бошад?

гарми
Хечиза нафахмидам на демократия хаст
На исломи.хам масчитора бастен хам фойшахонохора

nom
барои зиёд нашудани фоҳишаҳо бояд бисёр заниро иҷозат диҳанд аммо мутаассифона манъ кардани бисёр занаги сабаби зиёд шудани фоҳишаҳо мешавад ва кумитаи кор бо занон инро хуб медонанд

зебояк
ман намефахмам охир мардон ба ин кор хам гунахкор мебошанд ку чаро дар хисоботхои расми чанд мард фоиша гуфта намешавад.Гунох факат барои бечора занхо. Сабабаи асоси ин аз беномуссии баъзе-баъзе дар нохунак мардхо мебошад. агар ин омор мешуд баробархукукии зану мардро этироф мекардам.боки хамаро худо имон рахму шавкат ато намояд.

Агар ба чои кор ва маош таъмин бошанд ба ин кор даст намезананд аз гапи бекорда чои кор таъмин кунед

илтимос як бор ба назорт гиред, ки хамин рузхо ба Душанбе ворид мешаваду ва чи кор карда истодаанд. Мардуми аслии Душанбе бо ин кор хеч вакт кору бор надошт ва наълат мегуяд, чи зан чи мардии шахри Душанбе.

сокини душанбе
Ошно ютуби даро порнои Точики навис баъд мебини ончо чикор мекунанд . Шармандахо.

Хучанди
Фохишаги хам мисли коррупсия, махалгарои, вазифафуруши, фиреб, дузди дар кишвар хакку хукуки худро дорад. Чаро ин гуна мафхумхо аз байн намеравад? Зеро сарчашмаи фохишаги хамин мафхумхои нозеб хастанд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)