Бахшҳо
31 июл 2014 09:39Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Бег Зуҳуров дар куҷост? Ҷавоби муовинаш дар бораи ӯ, “Одноклассники”, Ютуб ва "дурӯғ" (ВИДЕО)

Татяна Холмуродова, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Ютуб ва Одноклассники бо дастури онҳо баста нашудааст. Холмуродова таъкид кард, ин шабакаҳо танҳо бо сабабҳои техникӣ ё фаннӣ дар Тоҷикистон дастнорас шудаанд.

Дар мавриди иддаои ширкати интернетии “Mail.Ru Group”, ки соҳиби “Одноклассники” мебошад, Холмуродова гуфт, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дархосташонро қабул кард ва Бег Зуҳуров, сардори Хадамот, бо онҳо телефонӣ суҳбат низ дошт.

ВИДЕО-и суҳбат дар бораи Ютуб ва "Одноклассники"

Масъулони Хадамоти алоқа ба суолҳои хабарнигорон дар мавриди он ки кадом сабабҳои техникӣ боиси масдудияти торнамоҳо шудаанд, посух надоданд. Алибек Бегмуродов, як масъули Хадамоти алоқа, инчунин иддаои ширкатҳои интернетрасонро, ки гӯиё дар мавриди масдудияти ин ё он сомона ё шабакаи иҷтимоӣ аз Хадамот дастури шифоҳӣ ё хаттӣ мегиранд, беасос хонд: "Худашон камбуд доранду бори мо мекунанд. Агар ягон дастури хаттӣ гирифтаанд, бигзор нишон диҳанд. Ин ҳама иддаояшон беасос аст”.

Видеои суҳбати Бегмуродов дар бораи "дурӯғ"-и ширкатҳои интернетрасон

Масъулони Хадамоти алоқа далели ҳузур надоштани Бег Зуҳуровро дар мулоқот бо хабарнигорон ба ҷаласаи вазирони умури хориҷии СҲШ рабт доданд, ки гӯиё Зуҳуров низ ба қабули меҳмонон машғул аст. Дар маҷмуъ Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, тайи нимсолаи аввали соли равон шумораи корбарони интернет бо назардошти интернети мобилӣ ба 3,8 миллион нафар расидааст.

“Аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон 48 нафарашон истифодабарандаи интернет мебошанд”,-гуфт Татяна Холмуродова. Теъдоди муштариёни алоқаи мобилиро Хадамот 11,3 миллион арзёбӣ намуд, ки аз ин 6,4 миллионаш фаъол будаанд.
Мӯҳр
мансур
Ин зан шарм накарда дуруг мегуяд. "Одноклассники" ва Ютубро барои он бастанд,ки мардум аз хоб бедор шуда истодаанд ва адолату хакикатро талаб мекунанд.

И
Далели бастани ин шабакахо баромадхои У.Кувватов бо Атовуллоев мебошанд.

Ismaili
Салом. Причина в том, что правительство РТ не в состоянии отвечать требованиям современной демократии. Закрывая разные сайты и не дав свободе слова открыто заявить о себе они всячески хотят отгородить народ от экономических, социальных и политических проблем страны. Они не подозревают, что их путь приводит к тупику.

интернет
Э гам натиед хамин Зухурови бечораро боз ягон тири ахотник симро катъ кард мегуяду боз масхарааш мекунед, монед камтр аз счёти чаноб кайф карда гардад.........

Mansur
Мегум ин намояндахои хадамоти алока вакте ки дуруг мегуянд аз Худо наметарсидабошанд? наход ягонтои шумо гурури точики, мусулмони ва марди надоштабошед? Хайфи шумо.

Ин зан чи гуфтанашро намедонад ва аз даму нафасаш буи дуруг омада истодааст. Наход хамин гунахоро дидаву дониста ба чунин вазифахои масъулиятталаб чойгир намоед аа???

Ин бастани сот сетҳо ягон мушкилӣ надорад. Метавонед тариқи анонимайзерҳо дароед ва аз онҳо истифода баред. Марҳамат www.anonim.pro саломат бошед!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)