Бахшҳо

Шерхон Салимзода: “Манзури Ҷаноби Олӣ ин набуд...” (ВИДЕО)

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, баъд аз се ҳафтаи танқиди раиси ҷумҳур -- Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорон рӯ ба рӯ шуд. Ӯ дар нишасти хабарии 31 июл гуфт, танқидҳои ҷаноби Раҳмон маънои паст задани кори онҳоро надошта, балки роҳнамоӣ дар сатҳи олӣ иҷро кардани вазифаҳояшон мебошад.

ВИДЕОИ СУҲБАТИ ШЕРХОН САЛИМЗОДА

“Аз мақомоти прокуратура умеди бениҳоят зиёд доранд. Ӯ бо ин гуфтаҳояш вазифадор намуд, ки кормандони прокуратура баҳри ҳимояи ҳуқуқи инсон, баҳри иҷро шудани меёъри қонун тамоми тадбирҳоро андешанд. Он тавре ки Шумо ифода намудед, ҳеч гумон намекунам, ки Ҷаноби Олӣ дар назар дошта бошанд",-афзуд додситони кулл.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо мақомоти қудратӣ (10 июл) фаъолияти Додситонии кулли кишварро интиқод карда, аз шиносбозию сарватхоҳии кормандони ин ниҳод шадидан нигаронӣ кард. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, агар кормандони мақомоти додситонӣ ҳадди ақал 80 дарсад вазифаи худро аз рӯи виҷдон адо кунанд, ин ҳама камбудҳои ҷомеа дубора такрор нахоҳад шуд.

Вақте хабарнигорон далели чунин интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони мақомоти додситониро пурсиданд, Шерхон Салимзода як навъ аз онҳо гилагузорӣ ҳам кард, ки чаро ба ин қисмати гуфтаҳои раиси ҷумҳур таваҷҷуҳ карда, қисмати уисмати аввали баромади ӯро, ки дар бораи фаъолияти додситонӣ буду аз пешрафти онҳо суҳбат мешуд, фаромӯш мекунанд. "Ба қисмати аввали баромади Ҷаноби Олӣ чаро диққат намедиҳед? Ӯ фақат мехоҳад, мо дучанду даҳчанд кор кунем. Ҳангоме ки дар ҷомеаи Тоҷикистон кор ва зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқи маънавӣ надорад, аз манфиати ин миллат ва давлатро сарфи назар кунад. Онҳо ҳам вазифадоранд, ки манфиати давлат, миллат, сарзамин ва ҳар фарде, ки дар ин сарзамин зиндагӣ мекунад, ҳимоя намоянд. Шумо ин гуфтаро аз куҷо бардоштед, ки..? Касе ки дар ин ҷомеа зиндагӣ карда, аз ҳастии ҷомеа берун аст, ё одам нест, ё аз ин олам нест”,-таъкид кард Салимзода.

Президент ба Салимзода: “Биё, назди додситонӣ рафта мебинем, кӣ бо кадом мошин ба кор меояд”

Додситони куллии Тоҷикистон дар идомаи суҳбаташ ба масъалаи замингирӣ ва хонасозии кормандонаш ҳам дахл кард. Ӯ гуфт, “ду сол пеш чунин муҳокимарониҳо буд. Дастури Ҷаноби Олӣ ҳам буд. Мо ба ҳама кормандони прокуратура дастур додем, ки дар куҷое замин мегиранд, бо мувофиқа бо прокуратураи генералӣ бигиранд. Мо ҳоло талош дорем, инро ба танзим дарорем, суистифода аз мақом нашавад, то зиёд замин нагиранд. Барои он ки ҳамин ҳолатҳо бартараф карда шаванд, 43 хонаи давлатиеро, ки дар шаҳру ноҳияҳо кормандони мо зиндагӣ мекунанд, бо қарори ҳуукумат ба моликияти прокуратура гирифтем. Агар корманди мо бо раиси шаҳру ноҳияҳо ҳазор забон як кунад ҳам, он хонаҳоро аз худ карда наметавонад. Мо ин тадбирҳоро барои содир накардани амалҳои беадолатона андешидаем”.
Мӯҳр
аз афтат маълум аст, ки дар дорхили каллаат гайри пул чизи дигаре нест!!

Дороию дуруггуиятон гурба. Агар инсоф дошта бошед, аъмоли раисони бозорхои пойтахтро як варакгардон кунед. Онхо чй кадар мардумро безор карданд, пас маълуматон мегардад. Дили мардумро ба давлату хукумат хунук карданд. мухтарам Генерал Прокурор. Ана баъд суханхоятро мо бовар мекунем. Чаноби Олй рост мегуяд. Пушту панохи мо Чаноби Олй асту шумо назоратчй.

Мохона чанд пул, чаноби прокурор? Ба зиндагитон мерасад? Хеч бовари надорам ин ба хама органхо дахл дорад, агар як мох бо мохона зиндаги кунанд чи мешуда бошад?

мусулмон
Аз ин гапхо малум мешавадки 30 фоиз коркунони хифзи хукук фахмидандки призидент ба кадри кори мо намерасад яне дилмонда шудаанд

Валичон
Чаноби Салимзорда суханони ЧО барои он буд, ки Шуморо то мачбур накунанд аризаи аз кор рафтанро наменависед ин танкид хамин маъноро дошт. Махмадсаид Пиров чойнишини Вазири фарханг дар кучое, ки нашинад мегуяд, ки касеро ки танкид кунанд ЧО уро дуст медорад яъне гуё у коргари хуб аст. Вой бар холи Прокуратура

Сохибназар
« Барои он ки ҳамин ҳолатҳо бартараф карда шаванд, 43 хонаи давлатиеро, ки дар шаҳру ноҳияҳо кормандони мо зиндагӣ мекунанд, бо қарори ҳуукумат ба моликияти прокуратура гирифтем. Агар корманди мо бо раиси шаҳру ноҳияҳо ҳазор забон як кунад ҳам, он хонаҳоро аз худ карда наметавонад. Мо ин тадбирҳоро барои содир накардани амалҳои беадолатона андешидаем».
Дуруст аст, ки он хонаҳоро аз худ карда наметавонанд, вале даҳҳо хонаву хавлиҳои дигарро бо ҳар роҳи ҳаром аз худ менамоянд, ҷаноби Салимзода!

Тони Блер
Ин суханхо хамааш бехудаанд.То он замоне,ки маоши корманди прокуратура барои зиндаги,яъне сабадчаи истеъмоли,ки сари одам 1400 сомони аст дар як мох ва барои 4-5 нафар аъзои оила,камаш 5-6 хазор сомони мохона дода нашавад,дар охири тунел равшаниро нахохем дид.Фасодзадагии макомоти прокуратура ин маъноии фасодзадагии тамоми чомеъа,яъне сар карда аз дастгохи президент то хукумату дигар кишрхоро дорад.Яъне хукумат ончунон фасодзада шудааст,ки дигар конунхо пуррра кор намекунанд.Барои аз ин холат баромадан бояд бо коррупсионерони наздихукумати дарафтод ва онхоро аз беху бунашон барканд.Инчо бошад ислохоти иктисоди,кишоварзи,кадри бенихоят зарур аст.Дигар сухангуи маъное надорад дар ин холат.

сарви
як бор ба махаллаи 46 раву бин - хонаи прокурори нохияи Турсунзодара
подшохи баъзе давлатхо мисли ин каср надорад
бовар дорем ки прокурорхои вилоятиву душанбе яхтаву самолет доранд - агар прокурори як район ин кадар каср сохта бошад

Мурод
Кандота Бизан Мухтарам Чаноби Оли Он чизе аён аст хочат ба баён нест Ин а дар Рубаруи Маркази Ташхиси Диагностика зиёда аз 10 магоза дорад Бо шарм надошта мегуед ки манзури Чаноби Оли ин набуд Чаноби Оли ба шумо Хушдор карда фахмондааст ки шумо аз мухтарам Бобочон Бобохонов хам гузарондед

хватит пачкать интернет и тратить свои силы попусту если вы такие злопамятные и жадные и завистливые. Идите официально заявление напишите, дайте показания одним словом из за зависти лопните.

Шерлок Холмс
Мисли мархум Туркманбоши бояд тамоми каску кушкхои аз тарафи мансабдорони суду прокуратура,амнияту милиса ва раисону вазиронро,ки бо хуни халки мехнати сохта шудаанд бояд давлати кард ва ба ихтиёри богчахои бачагон,касрхои варзишии давлати ва муассисахои таълими дод.Чун богчахои кудакона дар бисёр нуктахо шахси шудаанд ва кишвар дар самти муассисахои мактаби дар чои охир аст.Конуне мебояд,ки то бучаи давлати 30 миллиар доллар нашавад кушку каср сохта нашавад!Шояд ин корро то 50 сол кафо бартофт.Баро созандагони чунин касрхо чазо ба мухлати 25-30 сол бояд таъин кард.Он гох хохем дид,ки чомеъа ба низом хохад омад ва баробари ва вахдат ба вучуд хохад омад.Дар акси хол на бовари мемонад ва на вахдат.Касе ба ин суханхо бовар нахохад кард.

Ин чй маънй дорад? "Манзури Чаноби Олй ин набуд..."? Чй?! Чаноби Олй тавасути телевизион бо мардум дигару бо шумо прокурору милисаву балниса бо шеваи дигар гап мезанад? Суханхои пардадор мй?

Садом
Инсони бошуур хич вакт рози шуда наметавонад, ки дар чомеа назму конун хукмфармо набошад.Вучуди конун зарурат дорад, зеро хифзи хукуку озодихои инсон ба хамин васила фарохам мегардад. Аз ибтидо хар як давлат барои фарохам овардани ана хамин арзишхо ургонхоеро тавлид намудааст, ки онхо битавонанд дар химояи мардум ва молу амволи онхо бошанд. ... Як инсони комил бо кудрати макомоти давлати ва кормандонаш агар талоши зиёд варзанд хам кобилияти хамаи чиноёту бадбахтихои рузмараро пешгири карда наметавонанд. Ман хамчун муаллим собикаи зиёд дар таълиму тадрис дорам ва огох хастам, ки то чи андоза шахсиятхои закию доно метавонанд барои рушду нумуъ пешрафти чомеа як коракеро анчом бипазиранд. Бо мушохидаи ман аз бозе, ки Салимзода Ш. рахбарии Додситониро ба ухда дорад ба вазифаи прокурори ашхосе таъин гардидааст, ки солхои пеш хатто ин мансабро орзухам намекарданд. Баъдан назорати дохилии хизмати хело пурзур карда шудааст. Шафофияти кабули довталабон ба макомот боинсофона ба рох монда шудааст. Як писару як бародараш то замони шуруъи вазифаи мазкур дар кадом вазифае буданд, хамон чо кор карда истодаанд,хол он ки мутахасиси хуби сохахам хастанд. Магар ин аз имондории у дарак намедихвд.Дар сурате, ки Додситони дорои ваколату салохиятхои волост рахбари инчо бояд, ки донишманду заки бошад.Ана хамин хусусиятхоро Салимзода дорост.Максади Чаноби Оли боз хам пурзур намудани назорати прокурори дар кишвар буд.

Чабрдида,Огои чабрдида аз харфзанихоят пулу мола бисёр дуст медори,зеро нияту омоли худро дар ин ибора сабт намудаи.Русхо мегуянд. ки хар як инсон дар меъёри бадбахтихои шахсии худ ба дигарон бахо медихад.

Сохибназар,Мархилаи хасосе, ки ману Шумо зиндагони мекунем хар инсонро водор месозад,ки у дар гуфтану навиштану тасмим гирифтан аз Офаридгораш битарсад.Зеро ки имруз кисмати зиёди мардум дигар аз конунхо наметарсанд. Эй беинсоф магар дар хамин холате, ки мову шумо зиндаги мекунем Прокурор ва ё дилхох корманди макомоти кудрати метавонад аз касе амволеро ва ё хонаву заминро кашида гирад? Харгиз не,зеро ин мояи беаклист.

Шамс
Алома Иќболи Лоњури мегуяд:
Илми Башар ба ављи фалак бол мезанад,
Дар хокбозианд љавонони мо њанўз.
Дар сурате, ки мо худро насохтаем ва дар замири худ љавњари аслиро наафрухтаем, пас аз куљо метавонем ба дигарону њаводисњои рузгор тасмимгирињои љадидро пешниход намоем. Эй он ки бо тахалуси Валичон ва амсоли ин навиштаед магар намедонед, масоили зери тозиёнаи интиќод ќарор додаи Шумо,ба афроди мутасади не ба иљтимоиёт дахл дорад ва он дар љадвали масоилхои мубрами зиндаги мумкин аст дар зинаи бистум чойгир бошад. Вакте ки масъалахои якуму дуюмдарача халли худро ёфт масоили манзури Шумо хоњ нохоњ њалли худро меёбад. Билохира дар навиштани суханњои худ адлро пеша кунед, зеро сухане, ки далел надорад монанд ба тарошаест, ки дар девори ќоќ намечаспад.Ман худ ба тарбияи насли наврас машѓулам ва дучори проблемањои зиёде дар мавриди машгулиятњо гаштаам ва мебинам, ки дар 90 фисади бесарусомонињои миёни чавонон волидайн гунахгоранд, ки ба василаи беањмиятию беназоратиашон онњоро ба ин варта мерасонанд ва кормандони маќомотњои ќудратї ба ин амалњо дахл хам карда наметавонанд.Пас биёед мардона бошему илати Мусоро аз Исо наљуем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)