Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 20 июн 2019, 22:35

Бозгашти Аскар Акаев, президенти фирорӣ, баъд аз нуҳ сол ба Ватанаш

4 август 2014, 11:16

Интизор меравад, Аскар Акаев -- раиси ҷуҳури собиқи Қирғизистон, ки ба дунболи “инқилоби лолаӣ”-и кишвараш рӯ ба фирор оварда, ҳоло дар Маскав кору зиндагӣ мекунад, рӯзи 5 август ба Ватанаш биёяд. Дар ин бора наздикону тарафдорони Акаев ба расонаҳои қирғизӣ хабар додаанд.

Гуфта мешавад, раиси ҷумҳури собиқ барои иштирок дар азои бародари бузургаш, ки 2 августи соли ҷорӣ дар синни 82 даргузаштааст, ба Қирғизистон хоҳад омад. “Дар сатҳи олӣ муваофиқа шудааст, ки ӯ барои азои бародараш ба Ватан омада метавонад. Ҳарчанд нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ ҳаст”,-навиштааст “Вечерний Бишкек”. Ин расона мегӯяд, эҳтимол Аскар Акаев мисли ҳар сокини одӣ тавассути хатсайри Маскав-Бишкек ба Қирғизистон биёяд.

Аскар Акаев, раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон, ки аз кишвараш ба унвони “ҷазираи демократия” дар Осиёи Марказӣ ёд мешуд, моҳи марти соли 2005, дар пайи инқилоби лолаӣ кишварашро тарк кард. Ӯву хонаводааш ҳоло дар Маскав машғули кору зиндагии худ мебошанд. Дар сурати омадани ӯ ба Бишкек, ин нахустин сафари Аскар Акаев баъд аз нуҳ соли фирор аз Қирғизистон мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Авлиеро

  • 4 август 2014 11:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вокеан хам дар даврони рохбарии Аскар Акаев арзишхои демократи дар Киргизистон рушд кард. Агар мардуми Киргизистон уро нагз истикбол гиранд, ин бехтарин икдом дар рушди демократия аз чониби Киргизхо мегардад.
Посух додан
  • Вахдатали

  • 4 август 2014 16:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аскар Акаев дар рохи сулху точикон хизмати шоистае дорад.Офарин.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!