Бахшҳо
04 авг 2014 13:12Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Оғози санҷиши шуъбаи Ҳаҷҷи Кумитаи дин аз сӯи додситонӣ

Додситонии кулли Тоҷикистон тафтиши фаъолияти шуъбаи равобити байналмилалӣ ва Ҳаҷҷи Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии кишварро оғоз кардааст. Ҳоло раёсати ин шуъбаро Абдуҷалол Ализода, ки қаблан ба ҳайси раиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон фаъолият дошт, бар уҳда дорад.

Афшини Муқим, сухангӯи раиси Кумитаи, дин ин хабарро тасдиқ кард, аммо онро як иқдоми маъмулии Додситонии кулли кишвар номид. Мусоҳиби мо гуфт, ҳар сол дар баробари дигар ниҳодҳои давлатӣ Кумитаи дин низ мавриди тафтиш қарор мегирад, ки ҷои тааҷҷубу воҳима надорад. “Албатта, дар баробари дигар ниҳодҳо кумита низ тафтиш мешаваду ҳар сол дар арафаи мавсими ҳаҷ ин гуна тафтишот гузаронида мешавад”,-афзуд ӯ.

Тафтиши Шуъбаи равобити байналмилалӣ ва Ҳаҷҷи Кумитаи дин аз сӯи Додситонии кулли кишвар дар ҳолест, ки ин ниҳод аз болоравии арзиши хизматрасониҳо дар мавсими имсолаи Ҳаҷ хабар дода буд. Кумитаи дин гуфта буд, арзиши хизматрасониҳо дар мавсими имсолаи Ҳаҷ 539 сомонӣ боло рафта, дар умум, 18 ҳазору 164 сомониро ташкил медиҳад.

Ба қавли масъулони ин ниҳод, нархи нав дар натиҷаи тавофуқ ва шартнома бо ширкати хизматрасони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муайян гардидааст. Кумитаи дин омили асосии болоравии нархи Ҳаҷро афзоиши қурби доллар гуфт, ки соли гузашта арзиши як доллар 4,83 сомониро ташкил медод ва имсол то ба 4,97 сомонӣ боло рафтааст.

Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд. Дар гузашта сафари зоирони тоҷик ба Маккаю Мадина тавассути ширкатҳои хусусӣ низ имконпазир буд, аммо ҳоло мақомот равуои ҳоҷиёнро танҳо тариқи Кумитаи дин иҷоза додаанд.
Мӯҳр
Рустам Хукумов
Додситони кулли ЧТ парвандаи Мухамадбокиро тамом кард боз аз кумиттаи дин сар кар Аз Худо тарсед шарм доред Дигар кор надоред Иншолох рузе мешавад Хак ба Хакдор мерасад

сукут
Пурсиш дар харду олам - насиби фарзандони Хазрати Одам а.с.

Прокуратура ва Коррупсияро кй ва кадом макомот месанчад?

Банда
Ман тайи 5 сол мешавад ки ба хач рафтаниям аммо ягон тартибу низом вучуд надорад чунки хатто хучатхои моро Кабул намекунанд. Хохиш дорем ки ин масаларо ба тартиб дароранд

Салим
Чаноби Пракурор Шумо Бо хамрохии коркунони Зиди Фасод Шумо Санчиши делои Мухамадбокиро тамом кардед Боз навбати кадо Бегунох Ё Бачахои Опозиция

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)