Бахшҳо

Вазорати хориҷӣ гуфт, ҳеч пойгоҳи низомӣ дар қаламрави Узбакистон мустаққар намешавад

Вазорати умури хориҷии Узбакистон бо нашри изҳороте эълон кард, дар ҳудуди кишвараш ҳеч пойгоҳи низомии хориҷӣ мустаққар нахоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл расонаҳо аз идомаи гуфтугӯҳои мақомҳои баландмақоми Узбакистону Амрико дар мавриди ҷойгир намудани пойгоҳи ҳарбии ИМА дар Тирмиз хабар дода буданд. “Мутобиқи Консепсияи фаъолияти сиёсати беруна Узбакистон дар қаламрави худ ба мустаққар намудани ҳеч пойгоҳи низомӣ иҷоза нахоҳад дод”,-омадааст дар изҳороти ВУХ.

Торнамои Uzmetronom аз ин пеш хабар дода буд, ки Иёлоти муттаҳидаи Амрико барои мустаққар кардани пойгоҳи нави ҳарбӣ дар шаҳри Тирмиз омодааст, солона ба Узбакистон 1 миллиард доллар бидиҳад. “Расман шояд он ҳамчун маркази логистика фаъол шавад, зеро консепсияи қабулкардаи Узбакистон ҷой додани пойгоҳи низомии кишвари хориҷ дар қаламрави кишварро иҷоза намедиҳад. Аммо дар асл агар ҷонибҳо ба мувофиқа биёянд, ин пойгоҳи низомии комил хоҳад буд, ки ҳадафаш танҳо назорати Афғонистон набуда, ҷамъоварии иттилои ҷосусӣ аз ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва қисман Русияву Чин мебошад”,-навишта буд Uzmetronom.
Мӯҳр
Фони
Узбакистон вобаста аз вазъияти ба амал омада сиёсаташа пиёда мекунад. Барои вай Консепсия вучуд надорад. Консепсияаш барои махдуд кардани нуфузи русхо дар минтака буд, амали гардид. Хозир вазъ тагйир ёфтааст. Русхо зайф шуданд, акнун дар бози нав бо Амрико бо назардошти шарту шароити мувофик -Консепсияи навро кабул мекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)