Бахшҳо

Ҳимояти писари Домулло Муҳаммадӣ аз Шабнаму Фарзона

Абдулалии Муҳаммадӣ, руҳонии тоҷик ва писари домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ, аз сафари Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед – духтарони Сурайёи Қосим, сарояндаи машҳур, ба зиёрати Хонаи Худо истиқбол карда, онҳоро намунаи ибрат ба дигарон хондааст.

Ин руҳонии тоҷик дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, “духтарони Сурайёи Қосим намунаи ибрат мебошанд, чун дар авҷи гуноҳ буданду барои ҳама маьлум аст, чи сару либосе ба бар доштанд, бо ин ҳол, тавонистанд, аз баҳри ҳама орзуву шириниҳои дунё гузашт карда, ба ҷойи он либосҳои беҳаёӣ сатр пушанду ба Ҳаҷ раванд.”

Ба гуфтаи Абдулалии Муҳаммадӣ, нафарони зиёде дар дил орзуи зиёрати Хонаи Худо ва дидани ин макони муқаддаси мусулмононро доранд, вале аъмолу кирдори бадашон онҳоро намегузорад, то ба ин орзуи худ бирасанд: “Онҳо фикр мекунанд, баъд аз Ҳаҷ дигар наметавонем гуноҳ анҷом диҳем, яьне намехоҳанд зудтар тавба кунанд ва аз гуноҳ пок шаванд. Мехоҳанд, чанд соли дигар бар гуноҳ исрор варзанд, баъдан аз ҳама даст кашида ба Ҳаҷ раванд ва худро пок созанд. Ин ҳама фиреби шайтон аст ва чунин касоне ҳаргиз ба зиёрати Ҳаҷ мушарраф нахоҳанд гашт.”

Ин руҳонии тоҷик дар охир ибрози умедворӣ кардааст, Шабнаму Фарзона баъд аз бозгашт аз зиёрати Хонаи Худо дар зиндагии худ тағйироти куллӣ ворид карда, намунаи ибрат ва омиле барои ҳидояти ҷавонон хоҳанд шуд: “Худоё Ҳаҷҷи ин хоҳарони мусулмонро бипазир, гуноҳони гузаштаи онҳоро биомурз, ва онҳоро ҳидоят кун, ки ҳаргиз тарки сатр накунанд ва дубора ба гуноҳ боз нагарданд.”

Шабнами Сурайё, хонандаи шинохтаи попи тоҷик, ҳамроҳи духтараш --Шарифамоҳ ва хоҳаронаш -- Бибирӯзигулу Фарзона ба зиёрати Хонаи Худо рафта, ҳоло ба кишвар бозгаштаанд. Ин хабарро худи Шабнам бо гузоштани акси якҷояашон, ки бо ҳиҷоб тасвир ёфтаанд, дар саҳифаи Фейсбуки худ тасдиқ кард.

Шабнами Сурайё дар Тоҷикистон маҳбубияти зиёд дорад. Ҳаводорони ӯ дар хориҷи кишвар ҳам кам нестанд. Баъд аз Садриддини Наҷмиддин, Шабнами Сурайё ва Ҷонибек Муродов аз аввалин хонандаҳои тоҷике буданд, ки дар Амрикову Аврупо силсилаконсертҳо баргузор карданд. Ба зиёрати хонаи Худо рафтани Шабнаму хоҳараш - Фарзона дар ҳолест, ки ахиран матолиби интиқодие дар расонаҳо перомунашон нашр мегардид. Аз ҷумла, бо рӯсарӣ иҷро кардани таронаҳои шӯх ва пешниҳоди як клип бо иштироки раққосаҳои нимурён мавҷи танқидҳоро зиёд карда буд.
Мӯҳр
Балогардон
Хохараконамон Шабнаму Сураё баъди анчоми амали некашон, Иншоолох аз либосхои миллии точикиамон, ки аз сатри Араби ками надорад, минбаъд истифода хоханд кард.

Суфиев Махмадшариф
Мошоаллох.Худовандо хачи ин бонувонро хачи макбул гардонда тавбаи насухро насибашонш гардонад.

Justice
Балогардон,
сатри араби гуфтеду илми худро муайян намудед. Сатр миллат надорад. Сатр хоси зани муъмина аст.
Дуо ва суханони бехтарин аз тарафи Мухаммади.

Dev
Justice,
Satr az arabhost, vassalom.To islom niz arabho in satrhoro chi mardonu chi zanon doshtand, to islomu bad islom niz susmorhoyashon dar degashon bud. Mo tojikon belibos nestem, liboshoi hele shinamu muvofik dorem baroi ham zanhovu ham hoharonamon,ki az satrhoi arabi behtar ast. Baroi musulmon budan naboyad hamai juzijothoi madaniyati arabro ba sari madaniyati olii pors bor kard.

Бозгрдона
Сатр либосии анъанавии мардуми арабнажод то хузури ислом хам вучуд дошт. Сатр дар таъсири иклими тафсон ва биёбонхои пур аз регу чангу хок ба тарзи либоспушии зану марди араб асос гузошт.

Justice. Эътибори халк Бедил дар либос уфтодааст,
Вар- на хун дар пайкари товусу зог яксон бувад.

Чун бувад асли гавхаре кобил, тарбиятро дар у асар бошад
Хеч сайкал наку наёрад кард оханеро, ки бадгухар бошад
Саг ба дарёи хафтгона машуй, ки чун тар шуд палидтар бошад,
Хари Исо гараш ба Макка баранд, чун биёяд хануз хар бошад.

БАНДАИ ХУДО
БОВАР КУНЕД ВАКТЕ ИН ХОХАРОНРО ДИДАМ КИ ЗИЁРАТИ ХОНАИ ХУДОРО АДО НАМУДАИСТОДААНД ЗОР ЗОР ГИРИСТАМ ГУФТАМ ХУДОЁ ЧИКАДАР БАНДАНАВОЗУ МЕХРУБОНУ БАХШАНДАИ ИН МЕХРУБОНИИ ХУДОВАНДРО ДИДА АШКАМ ЗОР ЗОР РЕХТ БОВАР КУНЕД ДИЛАМ ГИРИСТ ХУДОРО ШУКР ХАМАИ МО МУСУЛМОНЕМ БОЯД БА ГУФТАИ МЕХРУБОНАМ ХУДОВАНДИ ЯКТОЯМ КУНЕМ БИГЗОР ШАБНАМЧОН БО ХОХАРОНАШ ИБРАТИ ЗАНОНУ ДУХТАРОНИ ТОЧИК ГАРДАНД ТОКИ ХАМА ЗАНОН БАР РОХИ ИЛЛОХИ БОШАНД ОМИН ОЛЛОХУ АКБАР.

Нигина
Муллохои мо худ авч мегиранд. Холо ин хонумро сарпарасте ки ба Хач бурд,бо маблаги калон ваъдаи таргиби сатрро краданд. Ин ба хам чиз кодиранд.

Justice
Бозгрдона,
То зухури Ислом занхои араб сатр намепушиданд, баракс занхои точику форс фаранчи мепушиданд. Занхои араб худро орову торо дода пеши бархояшонро намоиш дода мегаштанд.
Вакте ба Паёмбар (с.а.в.) ояти "ба занхои муъмина расон, ки пеши бархояшонро пушанд" нозил шуд, хамма занхо бе ягон саволу чавоб пеши бари худро пушиданд. Ва онхое, ки хангоми шунидани ин оят дар мехмони буданд, аз либоси худ чои изофагиашро бурида пеши бари худро пушониданд.
КУВВАТИ МАГРИБ НА АЗ ЧАНГУ РУБОБ
НЕ ЗИ РАКСИ ДУХТАРОНИ "БЕХИЧОБ"
НЕ ЗИ СЕХРИ СОХИРОНИ ЛОЛАРУСТ
НЕ ЗИ "УРЙОНСОКУ"НЕ АЗ КАТЬИ МУСТ
МАХКАМИИ У НА АЗ ЛОДИНИ АСТ
НЕ ФУРУГАШ АЗ ХАТИ ЛОТИНИ АСТ
КУВВАТИ МАГРИБ АЗ ИЛМУ ФАН АСТ
В-АЗ ХАМИН ОТАШ ЧАРОГАШ РУШАН АСТ
ИЛМУ ФАНРО ЭЙ ЧАВОНИ ШУХУ ШАНГ
МАГЗ МЕБОЯД НА МАЛБУСИ ФАРАНГ

салмон
Бародаро! Камтар токат кунед, таърифи бисер накунед. Монед ба ватан баргарданд бинем чи хол аст баъд таъриф мекунем.

Саргардон
Justice. Манзур аз пущти пайдоиши либос буд, на дизайни он. Come down !

Саргардону Бозгардон, вы прям гордитесь тем что у вас есть национальная "таджикская одежда", иностранцам слово "таджик" является синонимом "раба", "гастера", а ты тут хвастаешся как будто твою страну кто нибудь знает и ценить, благодари Аллаха что ты муслим и по этому мир тебя признает.....

Dev,
Барои мусалмон будан аз руи Каломи Аллох бояд амал кард, на аз руи акл ё урфу одати махалли. Вагарна мардуми Африкову индейцхои Амрико бо ду барг ду чои худро пушонида дигар чойхоро кушода "ман мусалмон" гуфта мегарданд.

Балогардон
Алекс.Я этим даже очень горжусь. Точик- звучит гордо.

сарбоз
шабнам хайфи ту дигар чой наефти ба зиерати хонаийи тозиен рави ту бо ин рафторат макомат ва манзалататро паст карди акнун метавони ба мулки араб бирави ва ончо бисаройи ман яке аз мухлисони ту ва модарат будам афсус мехурам...

Балогардон,
Балогардон,
Бачахо! Хозир саросема нашавед. Мунтазир шудан даркор, ки баъдан чи хел рафтор мекунанд. Факат дуъогу бошем, ки Худованд хидояташон кунад, Омин.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)