Бахшҳо
05 авг 2014 16:28Тоҷикистон / Сиёсат

Академики узбак хостааст, Тошканд "Роғун"-ро бомбаборон кунад

Рустам Абдуллоев, доктори улуми иқтисодӣ ва академики узбак аз ҳукумати кишвараш даъват кардааст, бо истифода аз нерӯи низомии худ монеи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон шавад.

Абдуллоев дар матлаби худ, ки дар торнамои Сентразия.ру нашр шудааст, мегӯяд, “ҳукумати Узбакистон бояд ба Тоҷикистон шарт ё “ултиматум” гузорад, ки ё аз сохтмони “Роғун” даст мекашед ё “мо даст ба иқдоми ҷиддӣ мезанем!”

Ин академики узбак гуфтааст, дар сурати беҷавоб мондани ин ултиматум, Тошканд бояд тамоми нерӯҳои низомии ҳавоии худро ба Роғун сафарбар карда, садди онро ҳадафи бомбаҳои замонавӣ қарор диҳад. Инчунин, ҳамлаи пешгирикунандеро алайҳи артиши Тоҷикистон тавассути вилояти Сурхандарёи Узбакистон ба самти Турсунзода-Ҳисор-Душанбе анҷом диҳад.

Ба гуфтаи Абдуллоев, Узбакистон бар ин аст, дар раванди интихоби ҳайати коршиносон ва мутахассисон барои гузарондани ташхиси Роғун, ки аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ дар давоми чаҳор соли охир анҷом дода шудааст, аксари меъёрҳои байналмилалӣ нақз шудаанд: “Барои чӣ ба хотири анҷоми ин ташхис коршиносон аз Узбакистон ҷалб нашуданд, дар ҳоле ки ҳама медонанд, ин кишвар дорои мутахассисон ва донишмандону академикҳои варзида мебошаду зилзилашиносони узбак бо таҷрибаву маҳорати худ дар ҷаҳон шуҳрати зиёд пайдо кардаанд. Барои чӣ дар рафти гузаронидани ин ташхис чеҳраҳои маъруфи амрикоӣ аз қабили Маркус Парвиҷ ва Фредерик Старр даъват нашуданд?”

Академики узбак дар идома далели аслии мухолифати кишвараш бо сохтмони Роғун, аз ҷумла баланд бардоштани садди обанбори онро то ба 300 метр шарҳ дода, гуфтааст, дар оянда Тоҷикистон метавонад, аз он ҳамчун фишанг барои ба зону шинондани ҳамсояҳояш истифода кунад: “Агар Шумо, рафиқ Каримов ба гуфтаҳои мо гӯш надиҳеду хостаҳои моро иҷро накунед, як қатра об ҳам намегиред ва мо барқро ба касе хоҳем мефрӯшем. Яъне ин маънои онро дорад, ки баҳри Арал воқеан хушк мешаваду дар ҷумҳурии автономии Қароқалпоқистон хушксолии маргбор меояд. Оё ба ин коршиносон боре савол шудааст, ки агар дар минтақаи наздик ба садди Роғун аз 9 то 10 ё 11 бал заминҷунбӣ шавад, чӣ ҳодисае рух хоҳад дод.”

Рустам Абдуллоев сухани Амир Темур “барои тило не, барои об мубориза баред!”-ро иқтибос оварда, таъкид кардааст, озодии узбакро об таъмин мекунад, агар об нест, озодӣ ҳам барои узбакон нахоҳад буд: “Таҷриба нишон додааст, ҳоло дигар ҳукумати Тоҷикистон, ки ташнаи қудрат аст, бо ҳар роҳе набошад, сохтмони нерӯгоҳи Роғунро анҷом медиҳаду ба эҳтимоли зиёд дар ин бора ҳатто аз хориҷ низ кумак дарёфт хоҳад кард. Дар як мижа задан мебинем, чӣ тавр паси садди баландиаш 335 метр об захира мешавад. Аз ин рӯ, набояд вақтро беҳуда гузаронем.”

Академики узбак ба Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон тавсия додааст, ки дар ин гуна ҳолатҳо аз таҷрибаи Валадимир Путин, ҳамтои русаш кор гирад: “Аз ҷасорати бемисли Владимир Путин ибрат гирифтан даркор, ки дар лаҳзаи ҳассос тарс аз чораҳои хусусияти ҳарбӣ дошта, накард: Ҷасорат ҳамеша дар таърих сафед мешавад!”
Мӯҳр
Бухори
Абдуллоев ту Академики фальшивный аклатро гум кардаги. Ой аблах, марзора симхор кардед, мина гузоштед, хатхои газу баркатонро буридед, ба хамааш токат кардем. Охир руз метихед, ки ОБИ худамона дар хонаи худамон нушем.

Юсуф
аввалан ту академик нести косалеси Каримов ҳастӣ инро ҳама медонанд аз дустонат пурсидам
дувум агар (фарзи маҳол) 11 бал замин ҷунбад натанҳо Роғун, балки хаскапаи ту ҳам ба хок яксон хоҳад шуд
дар таърихи Тоҷикистон аз 8 бал зиёд замин наҷунбидааст аммо ёдат бошад ки ин заминҳои шумоанд ки зуд-зуд ҷунбон ҷунбо мекунанд. замнҷунбии 8 то 9 бали 26 апрели 1966 Тошкентро ба ёд овар
беҳтар аст ба фикри таги пои худат боши то яке наҷунбад бо хурдагиёт да даҳант биёя

Ахмадшохи Масъуд
Аз кай шумо боз зур шудед?Аслан чунин кишвари резини ва пласмаси бо номи узбакистон бояд вучуд надошта бошад.Шумо фикр накунед,ки соли 92 хаст ва бо русхо точиконро катли ом мекунед.

ТОЧИК
ДАР ОСИЁИ МИЁНА АЗ ХАМА МИЛЛАТИ БИСЁР ТОЧИК ОНАИ ЗОРТОНА НИШОН МЕДИХАНД

Вакто ки аклу фарханг нест академик ба ном дар асл девона хамин далелро пеш мебарад. Маълум ки сиесатро уиуман намефахмад ва намедонад ки ба вучуди узбакистонаш чох мекобад. Узбакистонаш давлати сунъи як холати чанги давлат нест мешавад. Точикистонро точикони афгон хамрохи мекунанд ва пойтахтро дар Бухоро ташкил мекунем. ха боз одкб хаст ва базаи харбиио руссия ки ухдадор АСТ точикистонро химия кунад.

Аҳмад
ин Рустам Абдуллоев ҳамон "фабрикаи ҷавоб"и худамон барин . Яъне гапаш 2 дирам арзиш надорад
Саг меҷакад аммо корвон ҳамчунон устувор ба роҳи худ идома медиҳад(ҳарчанд ки ба ҷасорат ва устувории корвони худамон чандон боварӣ нест)

Ахмадшохи Масъуд
акл надоред шумо насли курбокахо 500 обанбор сохта обро ба бахри Арал надихед айби мо точикони нотарсу бебок,насли Кова,Абумуслим,Муканнаъ,Восеъ ва Рахмон чи?!

Рудоба
Садкаи номи шарифи Рустам шави. Академики аблах, аввал ба худат номи арзандаи узбаки ёб, баъд узбакора насихат кун.

хонанда
Ин академик аст аскарбачаи темури. Агар академик мебуд, акаллан дар бораи рутбаи илмияш ва обруи илми "сатхи чахони"-и Узбакистон фикр мекард. Маълум аст, ки аскарбачаи темурист, мехохад бо неруи хавои ва истифодаи силохи муосир садхои то хануз насохтаи Рогунро тарконад ва калламанорахои нави темуриро аз нав эхдос намояд. Ба ин аскарбачаи темури, гуфтанием, ки баъд аз сол Узбакистон пора-пора шуда, давлатхои тавоифи ташкил мешавад ва сарзаминхои кадимии точикон ба асли худ бармегарданд. Саг мачакад, РОГУН сохта мешавад.

Точикиасл
Тамоми точикони оламро барои мубориза бар зидди режими узбакистон фаро мехонем.. точикони афгонистон, Точикистон , Узбакистон огох бошед Рогун ягон рохи начоти миллати азияткашидаги Точик дар хама чои минтака аст..

Илхом
Хар чи зудтар бояд бо Эрон созишномаи амнияти имзо шавад, то дар сурати тачовузи низоми ба хоки Точикистон ах хорич Эрон ба кумак биеяд. Рохи дуюм ин аст, ки ин неругох бо хамкории кишвархое чунркманистон Амрико, Русия, Эрон, Афгонистон, Покистон,Туркманистон ва Аврупо сохта шавад, ваде сахми аслси бояд дар Точикистон юошад, ки дар ин сурат Точикистон зери химояти сиесатисиеси ва хатто нихомии ин кишыархо карор мнгирад ва дигар хеч шансе ба Узбакистон бврои мкуобала бон намемонад.

Очаша дузд барад, ин академика худаш ким? Бо ту чанг кардан мехохй?!! Ба Худо касам ин мардуми точика ин хел набинед. Часораташон чо хам зур! Як тири танк кати обанбори Фархода точик гирифт. Агар хамааш хезед, аз ту чои тар (мокрая места) мемонад.

Шамил
Ин узбаки латтаро бурда дар мусрхона хамчун ахлок партоед!

Собака лает, караван идет!

Рустам
Ин академик аз он фаромуш крдааст, ки мардуми Узбакистон хама кариб точиканд. Бигузор Узбакистон дар сохтмони Рогун аз неру истифода барад ва худи хамон мардуми точикони узбакистони давлати каримовро бархам медиханд!

Афганистан
Ягона рох хамин аст бародаро холи ваё хучум накарда хучумда гузаштан.. бедор шавед точикони Самарканду Бухоро ин узбакхо то ба кай хуни Шумоя мехуранд шумоя тахкир мекунанд точикони тамоми Осиёи Миёна ва Афгонистону Покистон химмат кунед мугули хунхор боз омадааст..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)