Бахшҳо

Пешниҳод барои боз кардани парванда алайҳи Рустам Абдуллоев

Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик, хостори боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Рустам Абдуллоев, академики узбак, шудааст, ки ахиран аз ҳукумати кишвараш бомбаборон кардани нерӯгоҳи барқи обии Роғунро талаб кард.

Хонум Воҳидова аз Додситонии кулли Тоҷикистон хост, алайҳи ин академики узбак барои даъват ба харобкорияш парвандаи ҷиноӣ боз кунад. Ӯ, инчунин, аз академикҳои Фарҳангистони улуми Тоҷикистон хост, дар робита ба изҳороти Абдуллоев хомӯш наистанду ҷавоби мушаххас ироа кунанд. “Академияи улуми Тоҷикистон низ муваззафанд ба ин “ҷинояткор” барои дахолат карданаш дар умури дохилии ҳамсоякишвари худ ҷавоби мушаххас диҳанд”,-таъкид кард ӯ.

Файзиннисо Воҳидова дар идома аз ҳукумати Тоҷикистон хост, тамоми манобеи обӣ, ки ба Узбакистон ҷориянд, масдуд кунад: “Мо вазифадор нестем, онҳоро бо об таъмин кунем. Узбакистон тавони дидани рушду пешрафти Тоҷикистон, аз ҷумла рақобати он дар бозори ҷаҳонии нерӯи барқро надорад. Мо танҳо худамон созем ҳам, аз дасти ин чашмтангон чизе намеояд. Онҳо зӯри таҳдид кардан доранд, на аз ин зиёд. Тоҷикистон кишвари бедарвоза нест, ки кадоме хоҳад, ворид шуда, Роғунро бомбаборон кунад”.

Дар пайи поён ёфтани ташхиси коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва манфиатовар хондани он ба кишварҳои минтақа Рустам Абдуллоев, доктори улуми иқтисодӣ ва академики узбак аз ҳукумати кишвараш даъват кардааст, бо истифода аз нерӯи низомии худ монеи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон шавад. Абдуллоев дар матлаби худ, ки дар торнамои Сентразия.ру нашр шудааст, мегӯяд, “ҳукумати Узбакистон бояд ба Тоҷикистон шарт ё “ултиматум” гузорад, ки ё аз сохтмони “Роғун” даст мекашед ё “мо даст ба иқдоми ҷиддӣ мезанем!”

Ин академики узбак гуфтааст, дар сурати беҷавоб мондани ин ултиматум, Тошканд бояд тамоми нерӯҳои низомии ҳавоии худро ба Роғун сафарбар карда, садди онро ҳадафи бомбаҳои замонавӣ қарор диҳад. Инчунин, ҳамлаи пешгирикунандеро алайҳи артиши Тоҷикистон тавассути вилояти Сурхандарёи Узбакистон ба самти Турсунзода-Ҳисор-Душанбе анҷом диҳад.
Мӯҳр
антимугул
Ин фикри хоми давлати Узбакистон аз забони ин аблах таровидааст.. агар чанге хам шуруъ шавад узбак дар минтака зиндаги карда наметавонад..

додгар
Дар Тоҷикистон дуввумин мард пайдо шуд ки у ҳам зан аст (марди аввал хонум Бобоназарова буд)
марг бар мардоне ки либоси мардона доранду маоши ҳукуматӣ аз ҳисоби андози миллатро мехуранд аммо тарсуву бе ҷасоратанд!

56
Не беспокойся "академик" вода всем хватить.Река Вахш это внутренная река РТ что является только достоянием РТ так что во чтобы не стало будем строить.

Кандаша занад Гурдофариди точик!!!! То хол макомоти расмии точик хомуш аст дар ин мавзуъ. Файзинисо патриоти ватан ва бовари дорам ки агар кор чидди шавад хам ин зан метавонад дар сафи пеш бошад ва барои манфиатхои давлати чонашро дарег на медорад. Офарин хохари азиз!

ofarin xonum shumoda respekt hurmati mardumi tojik shumoda. hukumatdoron sharm doren fikri mardumu millatro kuned bubined uzbake ki mo odamashon nameshumorem onho moro tahdid mekunand kani yak peshraftaton? kani zavodi raketasozivu bomba baroriatonki vatana az inho hifz kuned hammaash dar bonkhoi shvetsariya hamin uzbakho ham katori mo az shuravi judo shudand charo onho zavodi raketu samolyot dorandu mo ne? kani on tarifhoyaton yak sartaroshxona mekushoed yak moh reklama mekuned ki mo in kushodem on kushodem. tamomi kuvvaatonro baroi sarkub kardani muxolifon sarf mekuned ammo baroi muhofizati mardumu millati tojik dar 23 sol yagon kore nakardaed

часур
Мо наметавонем обро ба дигар самт равона кунем,ки ба узбекистон наравад то бунед ефтани рогун бигзор ба зарари мо бошад баъд мебием ки бомбаашро ба кучо мепартоядантимугул,

Исфара
Забонатро хурам хонуми шердил!

pesare
بیش از 90 درصد از مردم ازبکستان تنها ازبکی صحبت می کنند، در اصل آنها تاجیک برادران و خواهران ما هستند. نا فهم است که چگونه دانشمند "آکادمیک" این گونه صحبت می کند...

Более чем 90% народ Узбекистана только лишь узбек-о говорящие, на самом же деле они таджики, наши братья и сестры. Непонятно как так может рассуждать ученый "академк"...

Биақл
Дар Узбекистонанда ин тур академик нестос. Точик мардума дар чашмои дигаро пастак назанедо.
Шумо ба гапи хар психобольной ахамият натид. Сохтан гиртон хамон ГЭС.
Ин маллима хонум ба хар бахонаву кор мехоханд ки худшона дар пеши точик халк ширин кунандо, авантюристка дия.

дар хакикат ин зан аз хозорхо лухтакони дар либоси мард ,ки ба ном худро кормандони давлати мешуморанд болотар меистад. Сад афсуз,ки одамони хакики дар ин ватан кадр намешаванд.

миллатпарастиро бас кунед ва е ки аз мусалмони даст кашед об холо аз корхонаи Точикистону Узбекистон намебарояд обу заминро Аллох офаридааст ва барои хама махлукот аст барои молики кардан офаридан даркор!

Академики узбак номаъкул кардаст.Мо давлати бесохиб нестем.Худо накунаду хамин хел шавад уммед дорам чавонмардои сарбаланди мо хеле зиёд хастанд мо хам талош мекунем шахрхои аждодияморо аз онхо мегирем

99

Худи ҳамон узбак аввал ин, ки садқаи номи "академик" шавад!
Узбак аз сояи худаш метарсад, боз моро тарсондан мехоҳад!?

Ба фикрам ин Рустам хамон точики узбакшуда аст. Чунки ягон узбаки асил, ки дар хукумати узбак кор мекунад, номи точикй надорад. Ё Тургунбой аст, ё Бердимурад, ё Элчибой, ё Чарибой...

Биакл, ки ин чо комент навишти номаъкул карди ту худат авантюрист мебоши барои моро нафахмад гуфта бо забони нимча узбекию нимча точики навиштими? Точикои Узбакисион як харфи точики гуфтанба метарсенду ту узбак точики менависи? Хести ки хобат. Ислом Каримоват меовезад ту ин занро авантюрист гуфти, ин зан бехтар аз ту барин мардхои тарсончаки аз номи узбако менавмштаги ин зан ватандуст барои хамин ватанамона химоя мекунад ту барин продажний шкура нест ин дафъа фикр карда навис биакли беакли

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)