Бахшҳо

“Қазоқистон ба собиқ додситони кулли Украина шаҳрвандӣ надодааст”

Мақомоти Қазоқистон хабари ба Виктор Пшонка, собиқ додситони кулли Украина додани шаҳрвандиро рад кардааст.

Нурҷон Айтмахонов, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон ба расонаҳои Украина гуфтааст, Пшонка барои дарёфти иҷоза ҷиҳати зисти доимӣ ва гирифтани шаҳрвандӣ ба пулиси муҳоҷират муроҷиат накардааст. “Виктор Пшонка шаҳрвандӣ нагирифта ва марзро убур накардааст”,-гуфтааст ӯ.

2 август прокурори генералӣ Виктор Ярема изҳор дошт, тибқи маълумоти фаврӣ Пшонка шаҳрвандии Қазоқистонро дарёфт кардааст.
Мӯҳр
Афғонитон дарҳости тобеъияти паноҳандаи тоҷикро рад кард.

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар соли 1992 ба Афғонистон паноҳ бурда буд, аз тарафи Вазорати Адлияи Афғонистон дархости тобеъияташ рад шуд. Амирҳамза Ҳалимов як тан аз паноҳандагони Тоҷикистон мебошад, ки муддати 25 сол мешавад дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебард. Дархости Амирҳамза Ҳалимов дар ҳоле рад мешавд, ки файсалаҳои Камисияи касб ва тарки тобеъияти вазорати Адлияи Афғонистон мавзуъи касби тобеъияти мавсуфро набуди қонуни паноҳандаги дар Афғонистон гуфта рад мекунад.
Дар ҳоле , ки қонуни касби тобеъияти Афғонистон барои ахзи тобеъияти атбоъӣ хориҷӣ шартҳоеро гузоштааст. Вақте,ки шаҳрвандони кишварҳои хориҷ дар Афғонистон ин шурутро ба худ пурра ва татбиқ намуданд, тобеъияти Афғонистон барояш дода мешавад.
Он чаҳор шарт дар қонунӣ Афғонистон инҳо мебошанд:"Аввал бояд сини 18 солагиро пурра карда бошад. Дуввум бояд катби дархостӣ тобеъит кунад. Савум бояд муддати 5 сол дар қаларавӣ Афғонистон зиндагӣ карда бошад. Чаҳорум бояд дар муддат замони иқоматаш дар Афғонистон муртакиби ҷурме нашуда бошад."
Амирҳамза Ҳалимов ҳамма шрути тобеъиятро такмил карда буд, яъне сини 18 солагиро такмил карда буд, катби дархости тобеъият карда буд, зиёда аз 5 сол дар қаламравӣ Афғонистон иқомат карда буд ва дар давоми иқоматаш дар Афғонистон муртакиби ҷурм нашуда буд, вале боз ҳам бор бор дархосташ аз вазорати Адлия рад шуд.
Сабаби аслии рад шудани дархости Амирҳамза Ҳалимов надоштанӣ паспртӣ ё асноди ҳувият мебошад.
Файсалаи ниҳоии Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ Афғонистон ин буда ки Амирҳамза Ҳалимов бояд мушкили ҳуввияташро аз тариқи Сазмони Милали Мутаҳид ҳал кунад.
Умедвор ҳастем баъд аз нашри ин матлаб аз тариқи расонаи хуби шумо мушкили Амирҳамзаро ниҳодҳои Созмони Милали Мутаҳид хабар шуда ба мушкилаш расидаги намоянд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)