Бахшҳо
07 авг 2014 09:47Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Медали тилои Мавзуна Чориева баъд аз пирӯзӣ ба муштзанҳои узбак

Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик, дар сабқати бокс, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, соҳиби медали тило гардидааст.

Мирзо Шамсиев, устоди Чориева, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин медали тилои шогирдаш баъд аз пирӯзӣ ба Муҳайё Исамбоева ва Ёдгорой Мирзова, варзишгарони узбакистонӣ, ба даст омадааст. Номбурда иброз дошт, дар ин мусобиқа, ки аз 2 то 6 августи соли ҷорӣ дар маркази Суғд идома кард, 87 варзишгар аз кишварҳои дунё иштирок доштаанд.

Номи Мавзуна Чориева баъд аз пирӯзияш дар Олимпиадаи тобистонаи соли 2012 дар Лондон расонаӣ шуд. Ӯ дар тӯли бист соли мустақилияти Тоҷикистон танҳо зани ин кишвар буд, ки дар Олимпиада медал ба даст овардааст. Дар пайи ин пирӯзӣ ба Мавзуна Чориева шаҳрдории Душанбе манзили сеутоқа, шаҳрдории Кӯлоб як манзили панҷҳуҷрагӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як манзили дуҳуҷрагӣ тӯҳфа намуданд. Инчунин, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Мавзуна Чориеваро бо ордени "Шараф" ва 200 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонд.

Чориева баъдан, моҳи октябри соли 2012, дар шаҳри Кӯлоб бо Амон издивоҷ кард ва онҳо ҳоло соҳиби як духтаранд. Мавзуна мегӯяд, боксро худ интихоб кардааст ва аз роҳаш намегардад.


Медали тилои Мавзуна Чориева баъд аз пирӯзӣ ба муштзанҳои узбак
Мӯҳр
Олимпикс
Офарин Мавзуна- Парчамбардори миллат.

Чориева кандта бзан, ба пеш ва танхо ба пеш

ба фикрам аз тахти дил узбакхоро мушт карди. лек дар оянда инсонро на аз миллату мазхъаб, балки аз руи инсони хуб буданашон бахо дихед.

Хонум Мавзуна офарин!

Мавзунабону аз шастат нагард, дар Точикистон мард хам кам мондааст, кисми мардхо дар мухочирату кисми диграшон дар махбасхонахо аср- асри модаршохи, Модар хам ки боши, синаи рахмро фаромушт кун, Худо шумора сохиби маблаг кунаду баъдан рохбар, гап мезадагиша накавт мезани, кори миллат тамом! Дуои онро мекунем, ки бо хамин зани мардкатори фахр кунем. Худо беикболат накунад.
Хайрият, ки Шумо хастед Мавзунабону.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)